sebiston july new
ДАР НАЗАРИ ҲАМА СИТОРАХУНУКАМ!
23.03.2021
ОИЛА
4541

 

Салом ба аҳли қалами ҳафтаномаи “Оила”! Чанд рӯз боз азоби руҳӣ мекашам. Намедонам айби ман дар чӣ аст, ки нафаре маро нигоҳ кунад, зуд ба пичир-пичир кунӣ даромада, ба ҳолам ханда мекунад.

Борҳо дар дохили нақлиёт бо бачаҳо, ки ба рӯям нигоҳ карда, ҳар гап мегӯянд, ҷанҷол намуда, ангуштнамои мардум мегардам. Модарам дар бонк кор мекунад. Чанд соли донишҷӯиям тез-тез ба наздашон рафта, гоҳо ба корашон кӯмак мекардам. Пас аз хатми Донишгоҳи иқтисодӣ дар корхонаи модарам фаъолиятамро ҳамчун хазинадори идора оғоз намудам. Духтари хушқаду қомати дилкаш ҳастам, вале ҳама аз ман дурӣ ҷуста, дӯстӣ намекунанд. Синнам ба 25 дакка мехӯрад, аммо ҳанӯз бахти худро пайдо накардаам. Ҷавонон ба ман аҳамият диҳанд ҳам, вале андаке гузашта, дигар эътибор намедодагӣ мешаванд. Дар ҷое хонда будам, ки ҷавонон нисбати духтарони ситорахунук бепарвоянд. Наход ман то андозае баднамуд бошам, ки касе ҳаваси маро нахӯрад?

Бунафша, ш. Ҳисор

Маслиҳат:
Бунафша, ба ҳар гап бовар накунед. Маълум ки муносибати шумо бо ҷавонон якранг мегузарад. Бояд муносибатро тағйир диҳед. Ба ёд оред, шумо бо ҷавонмардон чи гуна гап мезанед, дар хусуси кадом мавзӯъҳо сӯҳбат мекунед?
Агар итминон кунед, ки дар ҳақиқат ҳам гапҳоятон шавқу шӯри мардонро пайдо намекунад, тарзи муносибатро аз дӯстону дугонаҳоятон пурсед. Кӯшед, бештар истироҳат кунед, аз хушиҳои зиндагӣ баҳра бурдану хурсандӣ карданро омӯзед, чунки бо димоғи сӯхтаву рӯҳи уфтода бо ҷавонон
гап зада, дар онҳо таассуроти хуб боқӣ гузоштан нашояд.
Беҳтараш, назди равоншиносе равед ва аз маслиҳатҳои ӯ
истифода кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД