Дил ҳам кӯр мешавад?
339

Имрӯз тасодуфан дар эсбан (метро) бо зани афғоне шинос шудам. Пурсидам, ки аз куҷоӣ ва чанд сол аст, ки дар Олмон зиндагӣ мекунӣ? Ин зан якбора гӯё маро солҳои сол мешинохта бошад, ба нақли зиндагиаш оғоз кард...

- Ман 11 сол аст, ки аз Қундузи Афғонистон бо шавҳару кӯдаконам ин ҷо омадаам. Соҳиби 5 кӯдак ҳастем, аммо ҳамаи кӯдаконам айби модарзодӣ доранд, гап намезананд...,- гуфт зан.

Ҳамроҳаш духтарчаи 5-солае буд, ки дасти модарро кашида, бо ишора чизе мехосту инҷиқӣ мекард. Аз эсбан фаромада, дар роҳи пиёдагард ҳамроҳ гап зада омадан гирифтем.

Ӯ бо ашки шашқатор давоми зиндагиашро нақл кард:

- Ман бо шавҳарам бо розигии хонавода хонадор шудаем. 17-сола будам, ки маро ба шӯ доданд. Шавҳарам писари холаам аст. Аз рӯзи аввал меҳр ба шавҳар додам. Соҳиби панҷ кӯдак шудем, зиндагиамон аз аввал хуб набуд.

Шавҳарам дар ҳамон Афғонистон машрубот менӯшид, банг, кукнор мекашид. Ин ҷо, дар Олмон боз ҳам бештар менӯшидагӣ шуд. Ҷое кор кардан намехоҳад, кӯдаконро доимо мезанад, худам ҳам фақат шатта мехӯрам. Ин ҷо қонун сахт аст, барои ҳамин ҷое шикоят намекунам дар бораи ӯ.

Ман ба ӯ савол додам:

- Бо чунин марде, ки на барои зиндагӣ пул меорад, на меҳрубон аст, на ба фарзандон муҳаббат дорад, чӣ тавр метавон зиндагиро идома дод?

Ин зан гуфт:

- Дӯст медорамаш, хаёл мекунам, ки бе ӯ нафас кашам, мемирам...

Аҷаб дунё, дил ҳам кӯр мешудааст.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД