Arzon march 2024
ДИН ФАСЛ НЕ, ВАСЛ МЕКУНАД!
2617

 

Оё дар издивоҷи равияҳои гуногуни як дин метавонад мушкил пеш ояд?

Раҷабалӣ ва Равзана замоне бо ҳам риштаи муҳаббат пайдо карданд, ки яке дар Аврупо ва дуюмӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ дошт. Аммо фақат дурии чандин ҳазор километр набуд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо нигоҳ медошт.

Як мушкили дигар гароишҳои гуногуни диниашон ба ҳисоб мерафт. Ҳарчанд онҳо ҳарду мусулмонанд, аммо Раҷабалӣ суннимазҳаб ва Равзана равияи исмоилияро пайравӣ мекунад.

“Мо маслиҳат кардем, ки бигзор Равзана ба назди ман биёяду тӯи мо дар хориҷа гузарад. Вале волидонаш ӯро нагузоштанд. Андак пас ман ба Тоҷикистон баргаштам. Аммо дӯстдухтарам бо алам гуфт, ки волидонаш ба сабаби фарқ кардани мазҳабҳоямон ба издивоҷи ману ӯ монеъ мешаванд”, - ботаассуф мегӯяд Раҷабалӣ.

Воқеан, ин ҷавон баъдан бо духтари дигаре издивоҷ кард. Мутаассифона ҳаёти якҷояи онҳо тӯлонӣ набуд.

- Ман бовар дорам, ки агар бо Равзана оила барпо мекардем, ҳаёти хушбахтона медоштем. Шояд ишқи аввал ба зиндагии ману духтараке, ки бо ӯ тӯй кардаму зуд ҷудо шудем, таъсири худро гузошт, - хулоса мекунад Раҷабалӣ.

Тақдири Раҷабалӣ ва Равзана аввалин ҳолате нест, ки маҳз ба хотири гуногун будани равияҳои динӣ муҳаббат завол меёбад. Албатта зиндагии ҳаррӯза нишон медиҳад, ки бо сабабҳои дигар низ дилдодаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд. Вале гуногун будани мазҳабу равияҳои динӣ дар ҷомеаҳое чун Тоҷикистон хеле ҷиддӣ дониста мешавад. Дар натиҷа, аксари вақт ҷавонони равия ва мазҳабҳои гуногун кӯшиш мекунанд, ки аз доираи мазҳаби худ ҳамқадами ҳаётии худро интихоб намоянд.

Ин гуна баҳсу баррасиҳо байни мардум дар ҳолест, Мақсад Муродов, танзимгари расму русуми динии ҷамоатхонаи Исмоилияи шаҳри Душанбе мегӯяд, дар равияи онҳо аслан набояд чунин мушкил ҷо дошта бошад.

“Ба ҳар ҳол, аз нигоҳи мазҳаби Исмоилия дар Тоҷикистон дар интихоби ҳамсар аз намояндаи дигар динҳо ягон мамоният вуҷуд надорад. Нафарони зиёд аз пайравони исмоилия аз дигар дину мазҳабҳо ҳамсар интихоб мекунанд. Агар мушкилоте вуҷуд дорад, шояд дар дохили хонаводаҳост. Бубинед, ҳатто волидоне ҳастанд, ки фарзандашро ба деҳаи дигар ба шавҳар намедиҳанд, чӣ расад ба шаҳру ноҳияи дигар. Равияи исмоилияи Тоҷикистон дар ин масъала монеае надорад”, - иброз намуд Мақсад Муродов зимни сӯҳбат бо мо.

Бархе пайравони исмоилия мегӯянд таълимоти равияи онҳо шояд чунин меъёр надорад. Аммо баъзе махсусиятҳои шаклгирифта дар байни одамон ҳаст. Масалан ба гуфтаи донишҷӯ Дилрабо Саломатшоева, ки пайрави исмоилия аст, аз воқеиятҳо чунин бардоште ҳосил мешавад, ки гӯё занҳо аз мардҳо дида дар интихоб аз мазҳабҳои дигар имтиёзи кам доранд. Ба ҳар сурат, мардҳо метавонанд ҳамсари ояндаашонро аз ҳар дин ё равия интихоб намоянд, вале на духтарон. Зеро, Дилрабо мегӯяд ҷавонони равияи исмоилия дар ҳолати интихоби ҳамсарон аз дигар дину мазҳаб метавонанд ӯро низ пайрави маҳаби худ гардонанд. Вале, агар занҳо мардеро аз дигар мазҳаб ба ҳамсарӣ интихоб кунанду дар ҳолати пош хӯрдани оилаашон, дигар касе аз исмоилиҳо ба ҳамсарӣ қабул намекунад.

“Ман ҷавонам ва мехоҳам бо писари дӯстдоштаам, ки аз мазҳаби дигар аст, оиладор шавам, вале метарсам, ки ҳаммазҳабонам маро чашми дидан намекунанд ва санги маломат мезананд”, хулоса мекунад Дилрабо.

Ҳарчанд Ҷамолиддин Хомӯшӣ, Сардори Раёсати Фатвои Маркази исломии Тоҷикистон низ зимни суҳбат ба мо қайд кард, ки ихтилофи миёни мазҳаби АбуҲанифа (р.а) ва дигар мазҳабҳои исломӣ аз нигоҳи шаръӣ ҷузъӣ аст.

-Дини мубини ислом дар интихоби ҳамсар аз миёни мазҳабҳои гуногун монеаеро ҷорӣ накардааст, - мегӯяд ӯ. Паёмбари ислом (с.а.в.) таъкид карданд, ки никоҳ аз суннати ман аст ва касе аз он рӯ мегардонад, аз гурӯҳи мо нест. Хусусан аз нигоҳи мазҳаби Эмом Абуҳанифа (р.ҳ) дар интихоби ҳамсар чӣ мард бошад , чӣ зан ки ба балоғат расидаанд, барои интихоб кардани бахти худ, озод ҳастанд.

“Мо дар усул як чиз ҳастем, яъне ба як Худо бовар дорем, ба як паёмбар бовар дорем, як Қуръон дорем, як қибла дорем.

Гарчи мазҳаб мухталиф шуд, ҳеҷ кас бегона нест,

Боғбонро дар чаман ҳар гул ба ранги дигар аст.

Яъне интихоб кардан аз дигар мазоҳиби динӣ ягон монеае надорад. Ба қавли мо тоҷикон дуруст аст”, - хулоса кард Хомӯшӣ.

Коршиносон мегӯянд албатта чунин масъалаҳо баъзан метавонад ҷиддӣ гирифта шаванд. Аммо дар замони ҳозира онҳо асосӣ нестанд. Зеро, ба гуфти онҳо худи оиладорӣ ба бӯҳрон гирифтор шудааст.

Аз ҷумла таҳлилгар Саъдӣ Ворис мисол меорад, ки ҳоло оиласозӣ аз оилапошӣ бештар шудааст.

-Албатта мо омори муайян надорем, ки дар асоси факту рақам гӯем, ки оилаҳое, ки дар асоси муштаракҳо сохта шуданд, аз оилаҳое, ки дар асоси фарқиятҳо сохта шуданд, зиёдтаранд ё мувафақияташон бештар аст. Ба ҳамин хотир масъалагирию хулосагирию назардиҳӣ мушкил аст. Дар асл, ҳоло насли ҷавон истиқлол ба даст овардааст, онҳо думболи худсозӣ ҳастанд ва зиёд побанди расму русуми гузашта намемонанд. Аз ҷумла дар интихоби ҳамсар, - мегӯяд ӯ.

Ба назари ҳамсуҳбати мо раванди ҷаҳонишавӣ, рафтуомадҳо, додугирифтҳои фарҳангӣ ва ҷаҳонбиниҳои гуногун дар рӯзгори имрӯза боис шудааст, ки ҷавонон акнун бештар рӯи ҳамон интихоби шахсӣ ва салоҳиятҳои худашон кор кунанд.

“Аз мушоҳидаҳои ман дар кишвари мо намунаҳои муваффақ миёни издивоҷи байнимаҳзабӣ хеле зиёданд. Ба фарзи як деҳаи худам агар гӯям, аз миёни суннимазҳабон ва мазҳабҳои дигар келин мегиранд ва ба онҳо духтар медиҳанд, ки оилаҳои муваффақ ҳастанд. Чун дар ин самт мо омор надорем, ба ин хотир аз рӯи мушоҳидаҳо гап мезанем. Агар дар маҷмуъ гирем, издивоҷ қариб дар ҳама кишварҳо рангорангу гуногун шудааст”, гуфт Саъдӣ Ворис.

Ӯ ва хела аз ҳамсӯҳбатони дигари мо ҳам мегӯянд аслан дар пойдории оила на мазҳабу дин, балки меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ нақши калидӣ дорад. Дину мазҳаб кори шахсии ҳар нафар аст, ки дар сурати дуруст дарк шуданаш ба ҳамзистӣ на танҳо халал намерасонад, балки мусоидат мекунад.

Аз идора: Бо хоҳиши қаҳрамон ва шахсоне, ки назари худро дар ин мавзӯъ ироа намуданд, номҳои аксаршон иваз карда шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД