arzon replenishment
ДУБОРА ШАВҲАР КУНАМ?
16.05.2021
ОИЛА
11950

 Заррина ном дорам. Ду сол мешавад, ки шавҳарам вафот кардааст. Алҳол бо ду кӯдак дар хонаи хусуру хушдоман зиндагӣ дорам. Онҳо маро мисли фарзанди худашон дӯст медоранд ва ба хотири набераҳояшон тамоми хостаҳоямро муҳайё намуда, намегузоранд, ки хонаашонро тарк созам.

Модарам «ту ҳоло ҷавонӣ, ғуломи хонаи онҳо нашав» гӯён, ҳамеша ҷанҷол мебардорад. Волидонам дубора оиладор шудани маро мехоҳанд, вале ман дигар шавҳар карданӣ нестам. Оилаи шавҳарамро дӯст медорам, боварӣ дорам, ки пайвандони шавҳари ҷавонмаргам ва ду фарзандам фардо асои дами пириам мешаванд. Модарам инро фаҳмидан намехоҳанд, ҳар рӯз «умрат беҳуда мегузарад, духтар, тезтар ба хонаи худамон баргашта шавҳар кун» гуфтанаш ҷонамро ба лабам расонидааст.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД