sebiston july new
Дуои қайтарма чи гуна аст?
22.11.2022
ОИЛА
1161


Чандест, ки каме нотобам. Баданам вазнин. Сарам дард мекунад. Дугонаам мегӯянд, ки қайтарма барои инсон хеле манфиатбахш аст. Мехостам фаҳмам, ки қайтарма чист? Ва барои қайтарма кардан кадом сураю дуоҳоро мехонанд?

Сафаргул, ш. Бохтар.

Посухи домулло Ҷамлиддин Хомӯшӣ

Маънои қайтарма такрор буда, сураи “Ёсин” ба такрор хонда мешавад. Як мубини сураро хонда тамом, ки кардед, маротибаи дуюм боз аз якум мубин сар карда, то тамом шудани мубини дуюм мехонед. Маротибаи сеюм боз аз якум мубин оғоз карда, то охири мубини сеюм мехонед. Маротибаи чорум низ аз якум мубин сар карда, то тамом шудани мубини чаҳорум мехонед. Маротибаи панҷум аз якум мубин то панҷум, бори шашум аз якум мубин, то шашум ва маротибаи ҳафтум аз мубини якум сар карда, то мубини ҳафтум хондан ҳатмӣ аст. Ин аст тарзи дурусти хондани қайтарма.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД