Arzon march 2024
ФАРҶОМИ ТАЛХИ АРӮСИ ГУРЕЗА
7668

Мо, тоҷикон як одати бисёр бад дорем, аз паси гапу калоча давиданро чунон дӯст медорем, ки ногуфтанӣ. Худо накарда дар бораи ягон ҳамсоя ё хешамон чизе шунавем, ҳатман бояд онро ба таври худамон обу ранг додаю даҳ гапи дигарро илова намуда ба дигарон расонем. Гап аз даҳон ба даҳон гашта, дар байни чанд рӯз бо “шарофати” ошиқони ғайбат як ҳодисаи одӣ ба сериали ҳангомавӣ табдил меёбад. Бо гапҳои беҳуда чунон филмҳои пурфоҷиае месозем, ки агар машҳуртарин кинорежиссёрҳои Ҳиндустону Туркияву Амрико шунаванд, даҳонашон воз мемонад. Бадбахтона ана ҳамин овозаю дарвоза ва таънаю пичинги хешу табору њамсояњо аксар вақт боиси он мегардад, ки кас инони ихтиёрро аз даст дода, ба амале даст занад, ки оқибаташ фоҷиаи хунин ва кунҷи зиндон аст. Қиссаи воқеие, ки манзури шумо месозем, далели равшани ин гуфтахост.
Ин қисса бофтаю сохта набуда, ҳодисаи мазкур чанд сол қабл дар Масчоҳ рӯй дода буд...

Магар бе куштор намешуд?

Хабари нохуш дар кӯчаву бозор, шаҳру навоҳӣ, хуллас дар ҳама ҷо тез паҳн мешавад. Овозаи марги фоҷиавии ҷавонзани 22- солаи ҳомиладор Гулҷаҳон ва шавҳари бегуноҳаш дар як дам дар саросари Масчоҳ барқсон паҳн гашт. Бегона не, бародари ҳамхуни Гулҷаҳон будани қотилро шунида, хурду калон гиребони тавба медоштанд, ки наход ака хоҳарро кушад. Ҳар каси ба гӯшаш ин шумхабар расида “ваҳшоният аз ин зиёд намешавад” мегуфт!
Оре, ваҳшоният аз ин зиёд намешавад, вале чӣ боис гашт, ки бародар дасташро ба хуни хоҳар олуда қотили фарзанди падар гардад?

Ишқе, ки бо фоҷиа анҷом ёфт
Гулҷаҳон ва Ҷамшед ҳамдигарро сахт дӯст медоштанд, чунон сахт, ки ҳатто Лайлӣ Маҷнунро он қадар дӯст надошта буд. Ошиқон барои расидан ба васли ҳамдигар ба ҳама гуна қаҳрамонӣ қодир буданд, аммо волидонашон муҳаббати онҳоро напазируфтанд. Падару модар ва ёру бародаронро парвои ишқу умеду орзуҳои ширин ду дилдода набуд, онҳо тӯтивор танҳо як гапро такрор мекарданд: “Мо бо ин оила қудо намешавем! Онҳо ба мо муносиб нестанд...”
Гиряву зориҳои Гулҷаҳон суде набахшиданд ва духтари дар роҳи ишқ устувор коре кард, ки касе интизор набуд. Ӯ бо ошиқаш фирор намуд. Фирор намуд аз хонаи падар. Фирор намуд аз маконе, ки садди роҳи ишқаш гашта буд. Фирор намуд аз одамоне, ки барояш аз ҷон азизтар буданд, вале аз сари ғуруру ҷаҳл муҳаббати ӯро куштан мехостанд...

Қасами бародар
Вақте ки волидони Гулҷаҳон аз Масчоҳи куҳӣ ба Масчоҳи нав фирор намуда бо никоҳи мусулмонӣ ба дӯстдоштааш Ҷамшед ба шавҳар баромадани духтарашонро шуниданд, аз ғазаб хун ба сарашон зад. Дари чанд идораи дахлдорро кӯфтанд, аммо дар ҳама ҷо ба онҳо як ҷавоб медоданд: “Дар амалу ҳаракати ин ду ҷавон ягон нишонаи ҷиноят нест, онҳо ҳамдигарро дӯст дошта, оила барпо кардаанд, беҳтараш дуо кунед, ки хушбахт шаванд!”
Хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо бо гапу калочаҳояшон ба захми дили пайвандони Гулҷаҳон намак пошида онҳоро мазоқу масхара мекарданд. Хандахариши мардум гаштан махсусан барои мардони ин хонавода аламовар буд. Бародари Гулҷаҳон Қадридини хун дар ҷӯшро овозаю дарвоза ва гапи мардум сари нангу номус овард ва ҷавон қасам хӯрд. Қасаме, ки натанҳо ҳаёти хоҳару язна ва ҷияни ҳанӯз ба дунё наомадаашро сӯхт, балки ба хирмани умри худаш ҳам бераҳмона оташ зад. “Гулҷаҳон шаъну шарафи оилаи моро паст зад. Мардум рост мегӯянд, набояд ӯ зинда монад. Мекушам! Мекушамаш, агар накушам, аз пушти падарам набошам!”-Дандонҳояшро аз ғазаб ба ҳам соида савганд ёд кард ҷавон.

Дурахшон Ортиқова, [21.09.20 14:49]
Қасоси хунин
Қадриддинро он шаб аз шиддати қаҳру ғазаб то саҳар хоб набурд, ниҳоят инони ихтиёр аз даст дода, милтиқи шикориро бо чанд дона тир ба китф овехту бо нияти ботил роҳ сӯи Масчоҳи нав пеш гирифт. Субҳгоҳ ба хонаи хоҳараш расид. Зану шавҳари ҷавон нав аз хоби ноз бедор шуда буданд. Гулҷаҳон бехабар аз қасди фарзанди падар бародарашро дида хурсанд шуд, ки пайвандонаш аз аспи ҷаҳл фаромада ёди ӯ намудаанд. Нав лаб ба сухан во карда буд, ки садои тир ғулғула афканд. Қадриддин аз ғазаб чашми ақлаш кӯргашта мили милтиқро ба синаи хоҳараш рост карда кулангашро зер кард. Садои даҳшатноки тир синаи осмонро гӯё дарид. Куҳу камар акси садои он тири ҷонгудозро такрор намуда аз сар задани фоҷиаи хунин мардумро бохабар намуданд, вале алови дили Қутбиддин бо ин ҳам паст нашуда, мисли гурги гуруснае, ки ба рама ҳуҷум мекунад, худро ба хона зад. Тири дуюми камон Ҷамшедро ба замин парчин кард.

Пушаймонӣ
Танҳо вақте ки кормандони милитсия дастгираш карда ба ҳабси пешакӣ гирифтанд, лашкари пушаймонӣ ӯро ба инҳисораш гирифт. “Ин чи кори кардаам буд? Барои гапи аблаҳонаи мардум шуда фарзанди падарам ва ҷавони бегуноҳеро, ки ҳамсоли худам буд, аз ҳаёт маҳрум сохтам. Боз хоҳарам ҳомиладор будааст, дар шикамаш кӯдаки 8-моҳа доштааст. Ҷияни ҳанӯз ба дунё наомадаамро куштам. Гуноҳи азими маро на қонун мебахшаду на Худованд”,- мегуфт қотил худ ба худ дар кунҷи маҳбас ва ашк рӯйи рухсорҳояш ҷӯя мекашид, аммо ангушти пушаймонӣ ба дандон газидан дигар суде надошт...

Бознашр аз ҳафтаномаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД