sebiston july new
Фирдавс ба 100 нафар маъюб ифтор дод
753

Шоми 12-уми апрел як шахси хайрхоҳу дилсӯз бо номи Фирдавс Саидаҳтамов ба 100 нафар шахсони дорои нуқсҳои ҷисмонӣ, ки аъзои шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллианд, дар ошхонаи Китобхонаи милли Тоҷикистон ифтор дод. Дар ин бора Раҳима Аъзам, намояндаи бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхона иттилоъ дод.

Дастархони пурнозу неъмати рамазонӣ аъзои шуъбаи мазкурро сарҷамъ ва болидарӯҳ гардонд ва баҳонае барои дидору хушҳолияшон гашт. Онҳо даври ҳам нишаста, аз зиёфат ва анвои хўрок тановул карда, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Фирдавс Саидаҳтамов чанд рӯз қабл дар як маҳфил, ки бо ширкати рӯзноманигор ва сарояндаи маъруф Зиёвуддини Нурзод доир шуда буд, ба хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ анвои ғизо, ба мисли биринҷ, мош, нахуд, марҷумак, макарон, чойи хушк, шакар, собун ва шириниҳо туҳфа намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД