sebiston july new
Фолбинию ҷодугарӣ дар Суғд меафзояд?
1101


Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, роҳбари шӯрои уламои дини вилояти Суғд аз афзоиши фолбинию ҷодугарӣ ва фирефта шудани шаҳрвандони соддалавҳ изҳори нигаронӣ кард. Ин олими дин гуфт:

“Сеҳру ҷоду таърихи чандҳазорсола дорад, дар замони Пайғамбарони мову шумо низ фолбинию ҷодугарӣ буд, аммо аз нигоҳи дини мубини ислом бовар кардан ба фолбин ширк овардани ба худованд ва гуноҳи кабира ба ҳисоб меравад. Афроде, ки ба назди фолбин мераванд, огоҳ бошанд, ки даст ба содир кардани гуноҳи кабира задаанд”.

Мӯсозода мегӯяд, фолбинию ҷодугарӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, имрӯз махсусан занон тез-тез ба хотири бахткушоӣ, гарму хунук кардан, бефарзандӣ ва дигар мушкилоти худ ба назди фолбинҳо мераванд ва гӯё корашон ҳал мешавад. Аммо фарзандро танҳо худо ато мекунад. Мушкили моро танҳо он зоти пок ҳал мекунанд. Дарди моро танҳо Худо худаш даво мебахшад.

Руй овардан ба фолбинӣ кори мусалмон нест. Бешак 99%-и суханоне, ки фолбинҳо ба корафтодагон мегӯянд, дурӯғ ва бепоя аст.
Хоҷӣ Хусайн Мӯсозода мегӯяд, ҳар касе, ки аз гумроҳӣ назди фолбин ва ҷодугарон рафта, баътар хатои худро дарк мекунад, бояд ҳатман тавбаву истиғфор карда, аз худованди бузург бахшидани гуноҳашро пурсад.

             3000 ҷарима барои фолбинӣ

Тибқи моддаи 482 (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҷазо барои фолбинонӣ боз ҳам пурзуртар карда мешавад. Мувофиқи қонуни зикршуда фолбину соҳироне, ки бори якум ва дуюм ба даст меафтанд, ҷарима карда мешаванд,вале дар сурати бори сеюм ба чанг афтодан ҷазои сахт дар намуди корҳои ислоҳӣ ва маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Афзоиши фолбинҳову соҳирон ва пулҳои бо нӯги сӯзан ҷамъ кардаи шаҳрвандони зудбоварро ба осонӣ аз худ намудани ин тоифа аз ҷумлаи мушкилотест, ки тамоми ҷомеаро нигарон намудааст.
Машғул шудан бо фолбинию ҷодуриро Худованди карим дар китоби муқаддаси Қуръон ҳаром шуморидааст, аммо гуноҳи кабира будани чунин амалҳоро дидаву дониста мардуми тоҷик, ки пушт ба пушт мусалмон ҳастанд, боз ба назди фолбину ҷодугарон мераванд.
Ду сол қабл барои таҳияи мавод мо ба ноҳияи Мастчоҳ ба қабули як фолбин рафта будем. Шавҳрам ҳамроҳам бошад ҳам, ман нақши зани танҳоро бозида, хостам чи қудрат доштани фолбинро як бор бисанҷам. Дар ҷамоати дурдасти Навбаҳори Мастчоҳ хурду калон ин фолбинро, ки ба қавле мулло ҳам будааст, таъриф карда мегуфтанд: “Шавкат Аббосов муллои зур, насия ҳам коратро буд мекунад...”
Пурсида пурсида мо хонаи ин “мӯллои зӯр”-ро ёфтем.

Дар назди дарвоза, дар ҷӯи оби равон як зани миёнасол пашми гӯсфанд мешуст. Манзили муллоро ҳамин зан ба мо нишон дод. Ман худро як зани ҳаёташ дар сари сӯзан истода нишон дода, “мушкилам”-ро гуфтам. Муллои номдор бо вуҷуди рӯзи мубораки ҷумъа будан, ба таври худ кори моро буд карданӣ шуд. “Шинед-шинед, натарсида шиштан гиред” гӯён, вай тасбеҳ ва як досро ба даст гирифт. Аз тасбеҳ нею аз доси дасташ каме тарсидам, аммо дилпур будам, ки дар паҳлӯям ҳамроҳ дорам. Фолбин тасбеҳ гардонда истда зери лаб ким чиҳо гуфт ва досро ба даст гирифта, ба сару рӯй ва тахтапуштам расондан. Ростӣ тарсидам. Ҳароси маро ҳис карда муллои номдор гуфт: “Натарсед, натарсед, ман ҷинҳои шумо зада пеш карда истодаам!. Ҳайрон шуда пурсидам: “Ҷин?! Ҷинҳои ман? Дар тани ман ҷин аз куҷо пайдо шуд?” Мулло дилтанг шуда қариб дд зада гуфт: “Ин қадар зиёд савол медиҳӣ?! Корат чи? Шуд тамом! Ҳамаи ҷинҳоро ман зада пеш кардам. Дар миёнат як ҷини дигар будааст, онро ҳам бо дос зада рондам. Умуман, тахтапушти одам, ки дасташ ба хоридан намерасад, макони ҷинҳо мешавад...”

Фируза редактор тсел, [08.06.2022 11:18]
Хандаам омада бшад ҳам, худро базӯр ба даст гиирфта, бо исрор талаб кардам фаҳмонад, ки ҷин чи тавр дар вуҷуди ман ҷой шудааасту ба ман чи зарар расонидааст ва аслан ин махлуқ аз ман чи мехоҳад.

Муллои ҷинбарор гуфт: “Ман чи хел дар вуҷуди ту ҷой шуданашро намедонам, аммо дилпур бош, ки ҷинҳоро зада пеш кардам. Ҷин чи бадие, ки ба ту карда бошад, акнун ҳамааш ба худаш мегардад...” Мулло воҳима карда гуфт, ки ба ғайри ҷин доштанам маро ҷоду ҳам кардаанд. Пурсидам, ки кӣ ва барои чӣ маро ҷоду кардааст, шахси ҷоду карда худӣ аст ё бегона, вале “муллои зӯр” мушаххасан чизе гуфта наметавонист. Шаттоҳӣ кардам, ки то ба саволҳоям ҷавоб надиҳед, аз хонаи шумо намеравам. Хоҳед, ки тезтар равем, ба саволҳоям ҷавоб диҳед. Мулло зиқ шуда халтаи носро гирифт ва як каф носро зери забонаш партофта гуфт: “Одами бегона ба ту чи кор дорад? Албатта худӣ ин кора мекунад. Бегона ба бегона кораш нест. Мана, масалан ман ба ту бегона. Ба ту чи корам ҳаст, ки зарар расонам? То ту ин ҷо наомадӣ, намедонистам, ки ҳамин хел духтар дар дунё ҳаст. Ҳар бадие, ки одам мебинад, аз худиҳо мебинад...”

Яқинан “худӣ”- гуфтанҳои фолбинон як роҳи ҷудоиандозӣ ва ҷангу ҷанҷл барангехтан дар байни хешону пайвандон аст. Мегӯянд, ки дар авлоди шумо як зани мӯяш зард ба шумо зарар расонидааст. Як зани дандонаш тилло ба шумо ҷоду хӯрондааст. Як келинчаки ҳомила сеҳр кунондааст ва ғайраву ҳоказо Мардуми гумроҳ ба ин гапҳои по дар ҳавои фолбинҳо дода шуда, аз хешу табор ва пайвандони худ шубҳа мекунанд ва ҳамин тавр дар байни ақрабо душманӣ сар мезанад, бехабар аз он ки фолбин ё мулло ин гапҳои дуруғро танҳо ба хотири пули муфт ба даст овардан гуфтаасту гуфтаҳояш ягон асос надоранд.

Муттассифона, имрӯз мардум, хоса занҳои содаю гумроҳ гирифтори чунни васвасаҳо гашта, ба суханони муллоҳо ҷдугар ва фолбинҳои авмфиреб шерефта мешаванд ва баъзан муллобозию фолбиндавӣ ҳатто боиси вайрон шудани оила низ мегардад. Оид ба фолбинию ҷодугарӣ ва оқибатҳои он, макру фиреби муллоҳои чаласавод ва усулу роҳҳои мардумро гипноз кардани онҳо расоне нест, ки матлаб чоп накарда бошад, аммо давои ин дарди “бедаво”-ро касе ёфта наметавонад.
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД