Muhojirati behatar
Норак: Арӯсро дар рӯзи тӯяш ҷаноза карданд (4акс аз ҷои ҳодиса)
95302

Тавре ки чанд лаҳза қабл шоҳидони ҳодиса аз шаҳри Норак ба хабарнигори сомонаи Оила тч хабар доданд, дирӯз тахминан соатҳои 3-4 дар деҳаи Сари гузари Норак, ронандаи автомашинаи тамғаи Оpel astra аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, ба мошини тамғаи Мercedes w210 бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи хунин ронанда ва мусофирони Мercedes w210 ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардошта,айни замон дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор доранд, ронанда ва се мусофирони Оpel бошанд, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурдаанд.

Дар шумули қурбониёни ин садамаи хунин Гулрухсор ном духтараке низ будааст, ки шоми имрӯз бояд тӯйи арӯсиаш барпо мегашт.

Ин арӯсаки ноком ҳамроҳи модараш барои харидани ҷиҳози арӯсӣ ва фатта ба бозор рафта буд. Очаву духтар бо орзуву умедҳои зиёд тамоми лавозимоти тӯёнаро харида, таксӣ киро мекунанд, то ки зудтар ба манзили худ расида, қудоҳоро, ки мебоист бегоҳ домодро барои никоҳ кардан ба хонаи волидони арӯс меоварданд, пешвоз бигиранд.

Бадбахтона, ин сафар барои Гулрухсори арӯсак сафари охирин гашта, дар роҳ мошине, ки ӯ ва модараш дар он нишаста буданд, дучори садама гашт. Гулрухсори 21-сола дар хуни худ ғарқ гашта, дар ҷойи ҳодиса бо дили пурормон ҷони ширинашро ба ҷонофарин супурд, модараш бошад, бо ҷароҳатҳои зиёд дар бемористон дар ҳолати кома қарор дорад.

Шоми имрӯз бояд маҳфили арӯсии Гулрухсор барпо мегашт, аммо тӯй ба мотаму ҷаноза табдил ёфт. Ҳамсояҳо, хешу табор ва ёру дӯстони хонавода ба ин арӯсаки номурод ба ҷойи пероҳани сафеди арӯсӣ кафан пӯшонда, тобути арӯси гулгункафанро бо нолаҳои ҷигарсӯз ба водии хомӯшон гусел намуданд.

Ҷасади ин арӯсаки ноком имрӯз, соати 10.00 дар рӯзи тӯяш, дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.

Дуо мекунем,ки Худованд ҷойи ин арӯси аз бахт бенасибро дар биҳишти ҷовидон муқаррар намуда, ба дигар зарардидагони ин садама шифои комил ато намояд.    

макм

Поделиться новостью
Шарҳ
(32)
Бо Пешвоем 2019-06-28, 18:19
Худованд чояшро чанат гардонад ва боқи мондаҳоро дар паноҳаш нигаҳдорад
Посух
Bobojon 2019-06-28, 19:17
Чояш чанат шавад хохари рахматира
Посух
Зара 2019-06-28, 21:29
Худованд рахмату махфират кунад.
Посух
Аллохи мехрубон чояшро чанутул фирдавс гардонад ва охираташро обод гардонад омин 2019-06-28, 23:24
Аз шахри Исфара дехаи Чоркух
Посух
Хусейн 2019-06-28, 23:53
Чояш аз чаннат хонаи охираташ пурнур шавад омин ва раббил оламин! Ба наздикони Гулрухсори беармон Оллох сабри чамил ато кунад! Эй сорбон хеч гох шитоб накун,шитоб кори шайтон аст!
Посух
Мадина 2019-06-29, 01:05
Худованд рахматаш кунад. Ва чояш чаннат бошад.
Посух
Ситораи осмони 2019-06-29, 02:10
Чоятон Чаннат шавад апачон
Посух
Рачабали 2019-06-29, 02:10
Худо рахматаш ? кунад
Посух
Эмомалӣ Файзализода 2019-06-29, 09:32
Мо аз Худоем. Роҳ сӯи ӯ паймоем. Худо Раҳмат кунад
Посух
Муъмин 2019-06-29, 12:07
Ҷояш ҷаннат гардад...
Посух
Хурсанд 2019-06-29, 14:02
Чойат аз. Пешгохи. Чаннат бошад. Охиратат. Обод аз хавзи. Кавсар сероб бошад. Ба наздикони ин. Гуларусак сабри чамил хохонам..
Посух
Нурзод Меҳрон 2019-06-29, 14:52
Худо ҷояшро ҷаннат кунад...... Омин
Посух
Нурзод Меҳрон 2019-06-29, 14:53
Худо ҷояшро ҷаннат кунад...... Омин
Посух
Зеваршох 2019-06-29, 15:39
парвардигоро даст ба дуо мебардорем, ки чояшро чанат рухашро шод кабрашро аз нур зиед гардонад омин
Посух
Паловухарбузафуруш 2019-07-01, 13:47
Чошон чанат шавад шафиёри беакла чояш зиндон гаишники правафурушам чояш зиндон. Порахурон чоятон дузах.
Посух
Sunna Akhmedova 2019-07-02, 12:02
Туят насибат нагашт Чаннат насибат гардад Парвардигорро...Омин!
Посух
Назарова Аетбегим 2019-07-02, 12:02
Илохи, арусаки нокомро гарики рахмат ва шоистаи чаннат гардони. Омин.
Посух
Сорбончон Рамазонзода 2019-07-02, 12:03
Хонаи охираташон обод бошад.
Посух
Махфират 2019-07-03, 17:32
Худованд чойи ин Духтари арусро ва модарашро чанат гардонад . Ба оилаашон аз Худованди мехрубон сабр металабам.
Посух
Фотима 2019-07-05, 17:24
Худо раҳматашон кунад
Посух
Шералй 2019-07-06, 15:25
Ш норак дехаи дахана
Посух
Абдулхайр 2019-07-10, 00:02
Такдир АСТ ин зеро МО дар дунё назди падару модар амонатем
Посух
Розия Файзализода 2019-07-13, 21:42
Ба аҳли ин хонавода сабри ҷамил мехоҳам. Ба арусаку модараш ҷанати Худо омин.???.
Посух
Насиба 2019-07-28, 07:04
Хамамон мемирем аммо намедонем,ки ба кадом рох Худо чои модару духтари пурармонро чаннат гардонад.
Посух
Насиба 2019-07-28, 08:49
Хамамон мемирем аммо намедонем,ки бо кадом рох Худо чои ин модару духтари пурармонро чаннат гардонад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД