sebiston july new
Гирди қабрро бо панҷараи оҳанин маҳкам кунам?
917

 

Лутфан бигўед, ки аз нигоҳи шариат гирди қабрро бо панҷара ё девор маҳкам кардан ҷоиз аст?

Дар санги мазор ба ғайр аз исми мутаваффо чиҳоро навиштан мумкин аст (масалан “Бисмиллоҳ” ё номҳои Худованд)? Умуман гузоштани санг болои қабр дуруст аст?

Абдулбосит

Посухи намояндаи Раёсати Фатвои ҶТ

Бародари азиз, дар ҳолати зарурат гирди қабрро бо панҷараи чўбин ё девор маҳкам кардан ҷоиз аст. Инчунин болои қабр гузоштани санг ҳамчун нишона машруъ аст. Агар эҳтиёҷ пайдо шавад, навиштани ному насаб ва санаи вафот дар санги қабр боке надорад, аммо навиштани “Бисмиллоҳ” ё номҳои Худованд дар санги қабр хуб нест, зеро эҳтимоли иҳонат нисбати он вуҷуд дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД