Arzon march 2024
Гирифтани рӯза чӣ аҷр дорад?
19.04.2020
Oila.tj
2124

Шаъбон муқаддимаи Рамазон аст...
Шаъбон моҳи ҳаштумини соли ҳиҷрии қамарист. Дар баробари дигар моҳҳо ин моҳ, низ дорои баракот ва фазоили бешуморест. Расули акрам (с) фармудааст: «Шаъбону шаҳрий ва Рамазону шаҳруллоҳу” яъне “Шаъбон моҳи ман аст ва Рамазон моҳи Аллоҳ аст. (Дайламӣ). Дар ҳадисе омадааст, ки Расули акрам (с.а.в) бо дидани ин моҳ, ин дуоро мехонданд: «Аллоҳумма борик лано фи Раҷаба ва Шаъбона ва балиғно Рамазона». (Парваридгоро моҳи Раҷаб ва Шаъбонро барои мо муборак гардонад ва ба саломатӣ моро ба Рамазон бирасон). Шаъбон ба маънои шоҳ дар шоҳ шудан аст. Ҳазрати Анас (р) мегӯяд: Сабаби номгузорӣ шудани ин моҳ дар он аст, ки дар ин моҳ, некиҳои рӯзадор ҳамчун шоҳҳо афзоиш меёбад ва рушд мекунад. Модарамон Ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р). мефармояд: Ҳеҷ моҳе ҳамчун Шаъбон (ба ҷуз Рамазон) мушоҳида намудаам, ки Паёмбар (с.а.в) дар он ин қадар ба касрат рӯза бигирад. Он Ҳазрат (с.а.в). бисёр меписандиданд, ки айёми Шаъбонро рӯза дошта, ба Рамазон пайваст намояд. (Муслим, «Салот»-176 Абӯдовуд, «Савм»,56).

Гирифтани рӯза чӣ аҷр дорад?

Ҳазрати Усома (р) мегӯяд: Эй Расули Худо (с.а.в). Шуморо мушоҳида мекунам, ки дар моҳи Шаъбон бисёр рӯза мегиред, сабабаш чист? Расули акрам (с.а.в) гуфтанд: Ин моҳ, чунон моҳе аст, ки дар миёни Раҷаб ва Рамазон қарор дорад, мардум аз фазилат ва аҳамияташ ғофиланд. Дар ин моҳ ба таври аъмоли бандагон ба боргоҳи Парвардигор арза карда мешавад. Ман орзу дорам, ки ба ҳангоми арза шудани аъмолам аз шумо рӯзадорон бошам. (Сунани Насоӣ). Рӯза гирифтан дар ин моҳ, ба манзалаи хондани намозҳои суннати қабл аз намози фарз мебошад. Фоидаи суннатҳо ин аст, ки бо хондани он қалби инсон ба сӯи намози фарз комилан мутаваҷҷеҳ мешавад. Ба ин гуна бо рӯза гирифтан дар Шаъбон нисбати унс ва таълиқи қалби бо рӯзаи Рамазон ҳосил мегардад.

Шаъбон чӣ маъно ва чӣ фоида дорад?

Чӣ тавре Паёмбар (с) мегуфт, номи Шаъбон аз калимаи «ташаъаба» гирифта шуда, маънои вусъатдиҳӣ, паҳншавӣ»-ро дорад. Яъне, дар ин моҳ хайру некӣ паҳн мешавад. Дар баробари фоидаҳои ҷисмонии рӯзадорӣ дар рӯзҳои моҳи Шаъбон, он ҳамчун омодагӣ ба моҳи мубораки рамазон дониста мешавад. Зеро чун мусулмон бо иҷрои тамринҳои пешакӣ вориди як моҳи комили рӯзадорӣ мегардад, кулфату машаққати ташнагӣ ва гуруснагӣ ӯро азоб намедиҳад ва рамазонро бо нерӯву нишот истиқбол мегирад. Ба таври дигар бигӯем, он муқаддимаи моҳи шарифи рамазон аст. Дар ин моҳи муаззам қориёни Қуръони Худо ба такрори каломи шариф мепардозанд ва аз ҳамин ҷост, ки моҳи Шаъбонро моҳи қориён низ мегӯянд. Амрӯ ибни Қайс ал-Муллоӣ аз ҳофизони машҳури Қуръон ҳамин ки моҳи шаъбон медаромад, дӯконашро баста ба қироати Қуръон саргарм мешуд.

 

Шаби “Барот” савоб дорад?

Дар моҳи Шаъбон шаби олиқадре бо номи «Барот» мавҷуд аст, ки миёни рӯзҳои 14-15-уми ин моҳ меояд. Барот маънои «тамоман дур, ё ҷудо шудан»-ро дорад. Ин шаб вақти покшавӣ аз гуноҳҳо аст. Аллоҳ таъоло гуноҳи он муъминеро, ки дар ин шаб тавба ва ё дуо мекунанд, мебахшад. Дар ҳадисҳо гуфта мешавад, ки дар ин шаб ба ғайр аз гуноҳи ҳасудон, ҷодугарон, майҳорагон, қатъкунандагони силаи раҳм, оқи волидайн, мутаккабирон ва фитнагарон, дигар гуноҳи ҳамаи мусалмонон бахшида мешавад. (Ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ.2 саҳ. 176). Бинобар ин тавсия мешавад, ки хоб нарафта, ин шабро бо ибодат ва ёди Аллоҳ таъоло рӯз намудан ҳеле хуб аст.
Ба ин мақсад Пайғамбар (с) гуфта буд: «Дар шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон намоз барпо гузоред, рӯзона дар рӯзи дигар рӯза доред. Дар ин шаб то баромадани офтоб меҳрубонии Аллоҳ таъоло беандоза буда, ӯ шахсони муҳтоҷро бенасиб намегардонад. Аллоҳ таъоло мефармояд:
- Ҳастанд онҳое, ки мағфирати гуноҳ металабанд? Ман онҳоро мағфират мекунам.
- Ҳастанд онҳое, ки сарват меҳоҳанд? Ман ба онҳо сарват медиҳам.
- Ҳастанд бемороне, ки шифо меҳоҳанд? Ман табобаташон мекунам.
- Агар талаб дошта бошед, талаб кунед. Ман онро иҷро мекунам. (Ибни Моҷа, «Ат-тоҷ», ҷилди 2, саҳ. 93).
Ҳулласи калом ин аст, ки моҳи Шаъбон дар бештари адабиёти динии форсӣ ҳамчун муқаддимаи вуруд ба "зиёфатуллоҳ", яъне меҳмонии Ҳудо дар моҳи Рамазон дониста шудааст. Шаъбонро ҳамчунин моҳи дуову зикру ёду таваҷҷуҳ ва ибодату истиғфор гуфтаанд.
Абдулвоҳид Ҳомидов,
мутахассиси Раёсати фатво

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД