sebiston july new
Гулсара Абдуллоева: Ӯсмахону Сурмахон моро машҳур кард
1784

 

Ба наздики китоби Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева таҳти унвони «Ман модарам…» бо сарсухани нависанда Абдуғаффор Абдуҷаббор ба дастам раисду онро аз аввал то охираш мутолиа намудам…

«Гулсара балам…. Вой балам… духтари муштипарам балам... вой балам… бачем балам… духтари ҷавонмаргам балам» - гӯён, Тошбибӣ порчаҳои остин дар дасташ атрофи ҳавлӣ вовайло мерафт. Ҳақу ҳамсоя ба ҳайрат афтода буданд, ки чӣ гуна Гулсараи чаққону зебо, ҷавону барно дар айни шукуфтани ғунчаҳои ҳаёташ дунёро тарк карда… Охир ӯ чанд рӯзакак пеш бо орзуи дохил шудан ба факултети филология ва муаллима шудан роҳи Душанберо пеш гирифта буд…

Ҳамоно садои модар ба осмон мепечид. Ин дам шавҳараш аз куҷое пайдо шуда, ӯро зӯран хона даровард ва дару дарвозаро барбаст…

Ҳамааш баъдан аён шуд-Гулсара, духтари Сангинмурод, аз падару модараш пинҳонӣ ба Маскав гурехтааст, то ки актриса шавад. Духтарак пеш аз гурехтан либосҳояшро замонавӣ карданӣ шуда, остинҳои дарози куртаҳои тоҷикиашро қайчӣ карда, ба даруни бухорӣ андохта будаасту модараш ҳамон остинҳоро ёфта ин қадар вовайло бардоштааст…

Мардуми деҳа атрофи ин хонавода гапу калочаи зиёде карданд, аммо оби рехтаро дубора бардошта намешавад.

Гулсара донишҷӯйи ГИТИС шуд ва онро бомуваффақият хатм кард. Роҳи пурпечутоби санъатро пушти сар карда, вай модари саҳнаи тоҷик гашт. Имрӯз ӯ ҳунарманди маҳбуб аст. Ҷоизаву унвонҳо дорад…

-Қиссаи сарнавишти шумо бисёр аҷиб аст, аслан фикри гурехтан аз куҷо ба саратон зад?

-Маро Соҷида Ғуломова ба гап ғалтонданд. Он кас мегуфтанд, ки ту рав, ҳунарманд нашавӣ ҳам, рав. Ҷаҳона мебинӣ, баъд меоиву ба ман ташаккур мегӯйӣ. Ман, духтараки ҷавону хом, ки будам, рафтам.

-Падару модаратон кай шуморо бахшиданд?

- Худи ҳамон сол. Падарам аз паси ман ба Маскав рафтанд ва шароити зиндагии моро дида, боварӣ ҳосил карданд, ки духтарашон дар ҷойи бехатар аст. Ба ман палто ва мӯза хариданд.

-Модаратон чӣ?

-Вақте ба таътил омадам, модарам ба пешвозам баромаданд ва гириста-гириста илтиҷо карданд, ки ҳама чиз шаву актриса нашав, ки туро касе ба занӣ намегирад, бадбахт мешавӣ, аммо падарам маро пуштибонӣ намуданд. Он кас то охирин нафас пуштибон ва машваратчии ман буданд. Ба хотири падарам ман ҳеҷ гоҳ нақши маъшуқаҳову занҳои бероҳаро намебозидам. Ҳамеша нақши модар, модари боиффат, покизаро бозӣ мекардам. Аллакай панҷоҳ сол шуд, ки дар рӯйи саҳна ҳастам, дар ин муддат тамоми модарони рӯйи дунёро офаридам.

- Он солҳо ҷавон ва ба қавли худатон хом будед, агар як бори дигар ба ҳамон солҳо баргардед, боз мегурезед?

- Ҳозир набераам ба Донишгоҳи тиббии Русия ба гурӯҳи буҷавӣ дохил шудааст, аммо модараш монеи рафтани ӯст. Ман ӯро насиҳат карда гуфтам, ки гапи касеро гӯш накарда рав, ояндаатро худат соз бачам. Ман аз ҷавонӣ нотарс будам, магар ҳозир, баъди дидани дунё аз чизе метарсам?!

-Аслан ба назари шумо тарс чист?

- Нотавонӣ!

-Худатон аз ягон чиз метарсед?

-Метарсам. Аз ҷангу нооромӣ метарсам, чунки як бор аллакай ин даҳшатро дидем.

-Китоби шумо бо унвони «Ман модарам…» аллакай ба дасти хонандагон расидааст. Идеяи навиштани китоб аз куҷо пайдо шуд?

-Соли 2012 Зулфия Атоӣ, шоири халқии Тоҷикистон дар маҷаллаи «Фирӯза» дар бораи ман як маводи муфассал нашр карда, акси маро дар муқова бо тақвим ба чоп доданд. Баъди ин муаллима хостанд дар бораи ман китоб нависанд, вале ман зид баромадам, чунки дар замони мо касе китоб намехонад. Зулфия Атоӣ идея доданд, ки барои таърих китобе таҳия кунам, то роҳи тайкардаи ман аён монад. Барои маслиҳат назди нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор рафтам. Абдуғаффорҷон ба ман гуфтанд, ки ҳама рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобу навиштаҳоро дар бораи худам ҷамъ кунам. Ҳамин тавр ин китоб – албом таҳия шуд.

-Шумо аз ҷавонӣ нақши модарро меофаред. Чанд ҳунарпешаи дигар ҳам образи модарро офаридаанд. Шумо модарномаи киро бештар меписандед?

-Ман танҳо София Эрҷановна Тӯйбоеваро ҳунарманди асиле медонам, ки модарро дар саҳна бо маҳорати баландтарин офаридааст. Овози ғулғулаафкану сеҳрноки он кас маро ҷоду карда буд. Ман София Тӯйбоеваро дида ҳунарпеша шудам. Он кас дар спектакли Файзулло Ансорӣ «Ҳукми модар» танҳо нақши як модарро офариданд, шояд ман садҳо модаронро бозида бошам, вале худамро бо он кас баробар карда наметавонам. Дар саҳнаи тоҷик нақши модарро бо тамоми маҳорат София Тӯйбоева бозӣ кардаанд, баъди эшон ман – Гулсара Абдуллоева.


Асрори зиндагии “Ҳоҷари ҷувонимарг”

 


-Аввалин образи офаридаатонро дар ёд доред?

уаллими мо Борис Владимирович Бибиков, ки ҳам коргардон, ҳам профессор, ҳам устоди барҷастаи ҷаҳонӣ буданд, фиғони модар, нолаи модар, ҳаракати модарро ба ман омӯхтанд. Аввалин нақши модаре, ки бозидам, дар «Правда хорошо, а счастье лучше»-и Островский буд. Дар он нақши бойзани 50- солаеро иҷро мекардам, чунки овози ман дағал ва ба 50 солаҳо мувофиқ буд.

-Аз байни модароне, ки дар саҳна офаридаед, кадомаш ба дили худатон наздик ва азизтар аст?

-«Сухани вопасин»-и Хусайиновро Театри давлатии ҷавонон бори сеюм ба саҳна мегузорад ва бори сеюм ҳам ман нақши модарро дар он бозӣ мекунам. Ин бисёр асари риққатовар аст. Модар 10 фарзанд ба дунё меораду ба воя мерасонад, аммо дар хонаи каси дигар ҷон медиҳад. Ҷой намешавад, дар хонаи худаш барои ӯ. Дар ҳамин намоишнома аз модаре, ки даҳ фарзанд дорад, ба саволи шумо монанд саволеро медиҳанд. Ӯ даҳ ангушташро нишон дода мегӯяд, ки кадомеро, ки газӣ, дард мекунад. Фарзанд барои модар як аст. Нақшҳое, ки ман офаридам, барои ман ҳамаашон азизанд, чунки барои ҳар яки онҳо давидаам, кор кардаам, заҳмат кашидаам, аммо боз ҳаст фарзанди эрка, нақшҳои эркаи ман: «Модари Чапек», ки дар бораи ҷанги Чехословакия аст. Бовар мекунед, чандин маротиба вақти иҷрои ҳамин нақш ман дар саҳна беҳуш шудам. «Модари гумроҳ»-и Музаффар Хаёлов, «Сухани вопасин» ва чанд нақши дигар. Дар кинои «Ҳеҷбудагон ҳарчӣ шуданд» нақши Оиша ва «Чор нафар аз Чорсанг» -и профессор Гулшан барои ман бисёр азизанд. Имрӯз ҳам нақшҳои офаридаам ба ман лаззат мебахшанд, чунки он замонҳо дигар буданд. Баъдан рафта-рафта санъат, ҳунар, тамошобин, театр дигар шуд ва мо ҳам сусттар шудем. Имрӯз мардум нақшҳои сабукро меписанданд. Намоишномаи «Ӯсмахону Сурмахон», ки бо Мавлудаҷон Обидова таҳия кардем, ба тамоми ҷумҳурӣ писанд афтид ва ману Мавлуда Ӯсмахону Сурмахон шуда мондем. Куҷое меравем, мардум моро Ӯсмахону Сурмахон мегӯянд. Ман мефаҳмонам, ки ҳой мардум, мо нақшҳои классикӣ бозидаем, шоҳкориҳои санъати ҷаҳонро иҷро мекунем, спектаклҳои беҳтарин, нақшҳои беҳтарин дорем, аммо онҳо боз ҳамон Ӯсмахону Сурмахонро дӯст медоранд. Баъзан хориам меояд, аммо боз фикр мекунам, ки мардуми мо ҳаҷвро дӯст медорад. Мардум шояд нақшҳои модареро, ки ман дилу ҷигарам тиккаву пора шуда, мебозам, намефаҳманд. Шояд мушкил бошад, қабули чунин нақшҳо. Барои ҳамин табъи тамошобинро ба назар гирифта, мо ҳам ҳаҷв, ҳам драма, ҳам трагедияро бозӣ мекунем. Давраҳои ҷавонии мо бисёр нағз буд. Шахсан ман дар як рӯз дар панҷ филм нақш мебозидам, боз бегоҳ дар театр нақш меофаридам. Зиндагии зебо доштем, театрҳо пур-пури тамошобин. Зиндагии ҳақиқӣ, театри ҳақиқиро ман ҳамон давраҳо эҳсос мекардам.

-Агар суол диҳам, ки аз чӣ пушаймон ҳастед, чӣ посух медиҳед?

-Дар дунё одаме нест, ки аз зиндагиаш сад дар сад, пурра розӣ бошад. Агар гӯям, ки аз 99 %-и умри гузаронидаам розӣ нестам, шумо ба ин гапи ман бовар мекунед?

- 99%-и зиндагии шумо ин ҳунар аст. Магар аз ҳунар норозӣ ҳастед?

-Медонед, дар бораи ҳунармандон, актрисаҳо гапҳои бисёре мегӯянд…

- Барои гапи мардум шуда аз ҳунар норизоед?

- Не, норозӣ нестам, ин тақдири ман аст. Амри парвардигор ҳамин будааст, аммо корҳое зиёде дар зиндагӣ мешаванд, ки инсон пасон пушаймон мешавад.

-Мегӯянд, ки Гулсара Абдуллоева сарватмандтарин ҳунарманди тоҷик аст…?

-Худо ба шукр, ки маро ҳама миллионер мегӯянд.

- Миллионерии шумо ҳақиқат дорад?

- Давлати ман тинҷиву ободии Ватанам ва хушбахтии фарзандонам аст, ки дар болои сарам зиндаву саломатанд.

- Марги наздикону дӯстонатонро чӣ гуна қабул мекунед?

-Медонед, пештар ман чунон тезу тунд, чунон ҳавобаланд будам, ки замину замон дар баробарам меларзид, аммо марг хислати маро дигар кард. Дӯстонам як-як аз дунё рафтанду чашми ман ҳам тарсид.

-Аз марг метарсед?

-Аз он ҷойи гурез нест! Одамизод бояд дар як рӯз сад маротиба маргро ба ёд биёрад.

-Гулсара Абдуллоеваи 20- сола, 40–сола, 50 –сола, 60- сола дар сар чӣ фикру хаёл доранд ва ҳоло дар бораи чиҳо андеша меронед?

-Гулсараи 20- сола парвои зиндагӣ надошт, 30 сола-айни ҷӯшу хурӯши кор, нақшҳо, баромадҳо. 40 сола-моҳ мегӯяд, ки ман хушрӯ, ту мегӯйӣ ман хушрӯ… Дар 50 солагӣ шери нар, ҷарраси дунёро мебаровардагӣ. Гулсара Абдуллоева дар 60 солагӣ ҳам ба пирӣ сар намефаровардагӣ, ба зиндагӣ таслим намешудагӣ. Ман чунин зиндагӣ кардам, ҳамеша дар такопӯ будаму ҳастам. Писару домодам маро дар роҳгардӣ дарёб карда наметавонанд. Баъзан фикр мекунам, ки охир ҳоҷӣ шудем, бояд каме ботамкин шуд, либосҳоро тағйир дод, аммо намешавад… Боварам намеояд, ки ман 70- ро пур кардаам, то ҳол либосҳоеро мепӯшам, ки касе намепӯшад. Ман дар либоспӯшӣ стили худро дорам ва пеши пирӣ сар фароварданӣ нестам!

- Саломату сарбаланд бошед ва ҳамеша ҳамон салобату шаҳомати Гулсара Абдуллоеваро нигоҳ доред!  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД