arzon replenishment
Угрои $ 200-и Раҷабгул Қосимова
1932

 

Раҷабгул Қосимоваро дар саросари Тоҷикистон нафаре нест, ки надонаду нашиносад.

Ба ҳунари ин актриссаи бомахорат санъатшиносон ва худи мардум кайҳо баҳои сазовор додаанд. Мақсади мо аз сӯҳбат бо инмаликаи саҳна огоҳ шудан аз ҳуенари кадбонугии ӯст.

-Қадами некатонро ба ин даргоҳ хайрамақдам мегӯем!

-Ташаккур. Аз даъвататон шодам.

-Имрӯз аксари духтарҳоро бо сабаби беҳунарӣ аз хонаи шавҳар меронанд. -Вақте арӯс шудед, хушдоманатон ба ҳунари кадбонугии Шумо ягон эрод нагирифтанд?

-Ман як хушдомани биҳиштӣ доштам. Он кас ҳам хушрӯй буданд, ҳам хушбӯй баданд ва ҳам ороставу пероста. Назарашон ҳар чизро намегирифт, лекин ҳеҷ вақт эроди сахт намегирифтанд. Вақте ки ман барои аҳли хонавода хӯрок мепухтам, он кас як бор оҳистаяк аз пасам мегузаштанду ба дег нигоҳ карда «келинҷон, инашро пеш аз ваяш меандохтед, хубтар мешуд», -гуфта ба маҳсулотҳо ишорат мекарданд. Хушдоманам танҳо дар пухтупаз не, умуман дар зиндагӣ чӣ хатогиҳое, ки аз мо, келинҳо сар занад, бо нармӣ мефаҳмонданд.

-Шумо дар ҷавониатон ниҳоят зебо будед…

-Ҳоло ҳам бад нестам. (механдад)

-Албатта-албатта! Мо ба ин ягон зарра шакку шубҳа надорем. Фақат мехостем донем, ки чӣ тавр дили шавҳаратон шудааст, ки барои ба саҳна баромадани чунин париваш иҷозат диҳанд…?

-Он кас натанҳо иҷозат доданд, балки дар ҳама кор ба ман кӯмакрасон буданд, чӣ дар рубучин бошад, чӣ дар хӯрокпазӣ.

-Ба сари шавҳарам зӯр будам, гӯед?!

-Не, дар хонадони мо гапи мард қонун буд, вале ман, ки дар театр кор мекардам, аз саҳар то шом бо корҳои эҷодӣ банд мешудаму дастам ба баъзе корҳои рӯзгор намерасид. Барои ҳамин шавҳарам кам-кам кӯмак мерасонданд. Тақозои ҳаёт ҳамин аст, зан ба марду мард ба зан мадад нарасонад, аробаи зиндагӣ пеш намеравад.

-Мабодо гузорамон ба хонаи апаи Раҷабгул афтад, шикамамонро бо чӣ сер карда метавонем?

-Бароятон угропалав мепазам.

-Магар меҳмонро бо угро зиёфат мекунанд?

-Шумо аввал як маротиба мазаи угрои пухтаи маро чашед, баъд худатон 200 доллар дода, талаб мекунед, ки бароятон боз як коса угро биёрам. Касе мисли ман угро пухта наметавонад! (механдад)

-Ин тавр бошад, тарзи тайёр карданашро бигӯед, то дигарон ҳам ёд гиранд!

-Бо ҷону дил! Барои тайёр кардани угро чунин маҳсулот лозим аст:

Орд, равған, гӯшт, нахӯд, пиёз, сабзӣ ва намаку преправаҳои хуштамъкунанда.

Тарзи таҳия:

Угроро бо даст бурида хушк мекунонем. Угрои тайёршударо дар дег бирён намуда, то сурх шуданаш дар равғани тафсон нигоҳ медорем, сипас аз равғану пиёз ва гӯшту сабзӣ зирбак тайёр мекунем. Угроро тар карда, обашро меҷабем, баъди хушконидан боз дар деги оби ҷӯшида дошта меандозем ва нахӯдро илова намуда, чӣ гунае, ки оши паловро аз биринҷ тайёр мекунанд, ҳамин хел угропалов мепазем. Баъди 30 дақиқа угропалови мо омода мешавад. Бори дигар мегӯям, ки ин угро угрои одӣ нест. Дар тарабхонаҳо нархи чунин угро 200$ аст.

-Барои суҳбати аҷиб ва хӯроки олиҷаноб як ҷаҳон ташаккур!

Сӯҳбаторо: Рустам Азимӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД