sebiston july new
Раҷабгул Қосимова: Боз зани Убайдулло Раҷаб мешавам, агар...
4964

 

ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Раҷабгул Қосимова 7-уми июни соли 1947 дар деҳаи Заврони Панҷакенти бостонӣ ба дунё омадааст. Пас аз синфи 7 таҳсилашро дар мактаби деҳаи Колхозчиён идома дода, вай соли 1962 соҳиби номаи камол мегардад ва худи ҳамон сол дар театри шаҳри Панҷакент ба фаъолият шуруъ менамояд. Ҳунару истеъдоди худододи ин духтараки паричеҳраро ба назар гирифта, соли 1967 ӯро ба шаҳри Маскав, ки он вақтҳо гаҳвораи орзуҳои тамоми мардуми шӯравӣ буд, мефиристанд. Раҷабгул Қосимова нозукиҳои ҳунарро аз устодони бомаҳорат омӯхта соли 1971 бо сари баланд ба Ватан бар мегардад. Аз ҳамон вақт ин ҷониб тақдири ин бонуи ҳунарманд бо театри ҷавонон пайванд аст.

-Апаи Раҷабгул, замоне шуморо ҳамеша бо Убайдулло Раҷабов медидем, баъзеҳо ҳатто иддао менамуданд, ки шумоён дар асл зану шавҳар ҳастед...?

-Ин гапҳо асос надорад, мо танҳо зану шавҳари саҳнавӣ будему халос.

-Аз шумо дар саҳна зану шавҳари олиҷаноб мебаромад. Чаро дигар ҳамроҳ нақш намебозед?

-Давраи тиллоии умри ман буданд ҳамон солҳои бобароре, ки замин ҷудо Убайдуллою Раҷабгул мегуфту осмон ҷудо Раҷабгулу Убайдулло! Афсӯс, ки аз он ҳамкориҳо имрӯз танҳо ёд мондааст! Соҷида Ғуломова ном коргардони бомаҳорати телевизион аз мо як ҷуфти зебои саҳнавӣ сохта буд, агар Соҷида-ойтӣ 20 намоишномаро ба навор бигиранд, ҳатман дар 10 спектаклашон ману Убайдулло зану шавҳар будем.

-Чаро ҳамсари Убайдулло Раҷабовро маҳз дар симои шумо медиданд?

-Як рӯз худам ин саволро ба Убайдулло дода, пурсидам: «Барои чӣ занҳои зиёд бо шумо дар нақшҳо бозӣ кардаанду танҳо маро зани Убайдулло Раҷабов мегӯянд?». Он кас табассум карда гуфтанд: “Маълум мешавад, ки ману ту ҳамаи қоидаву қонунҳои зану шавҳариро дар саҳна тасвир карда тавонистаем, барои ҳамин мардум моро чун актёр ва актриса нею ҳамчун зану шавҳар қабул кардаанд!”

-“Зани Убайдулло Раҷабов” шуда мондан боиси малоли хотиратон намегашт?

-Не, баръакс, аз апаи Соҷида миннатдорам, ки моро ба мардум шинос намуда, азизи дили тамошобинон гардониданд. Намоишномаҳои телевизионии «Найрангҳои Майсарабону», «Зангирии Чақабой» ва “Дугонаҳо ба театр мераванд”-ро мардум то имрӯз бо шавқ тамошо мекунанд. Магар барои ҳунарманд бахти аз ин бештар мешавад?!

-Имрӯз шуморо боз ба телевизион даъват намуда гӯянд, ки нақши зани Убайдулло Раҷабовро мебозед, розӣ мешавед?

-Шояд шароити иқтисодии телевизион имрӯз барои ба навор гирифтани намоишномаҳои калон нарасад, вале дар сурати чунин пешниҳод шудан ман бо дилу ҷон боз “Зани Убайдулло” мешудам.

-Дар намоишномаҳо зани ҳалиму меҳрубон ҳастед, шавҳаратон санги осиёбро ба саратон гардон кунад ҳам, овоз баланд намекунед. Росташро гӯед, дар зиндагӣ ҳам чунин фариштахислатед ё сахтгир?

-Ман дар зиндагӣ нисбати фарзандон ва келину набераҳоям серталаб ҳастам, вале аз ҳад намегузаронам. Меъёрро ҳамеша нигоҳ медорам. Мабодо набераҳоямро барои дарс тайёр накардан ё ягон камбудии дигарашон сиёсат кунаму бинам, ки озурда гаштанд, ҳатман бо ҳазлу шӯхӣ аз дилашон мебарорам. Танҳо бо набераҳо не, бо келин низ чунин муносибат мекунам.

-Ягон фарзандатон пайрави касби модар нагашт?

-Як писарам курси режиссёриро хатм карда буд ва бисёр мехост қуллаи ҳунарро фатҳ намояд, вале панҷаи марг аз гулӯяш гирифта, ниҳоли умеду орзуҳояшро бармаҳал решакан намуд. (Ашк гулӯгираш намуда, оби чашмонаш чун дарёи маҷрогумкарда ба рӯяш мешорад) Эҳсос мекунам, ки наберачаам Ҷило дар дилаш шӯру шавқи актриса шудан дорад. Аксар вақт дар наздам нишаста мегӯяд: “Бибиҷон, ман ба шумо монандам? Ҳама ҳамсинфонам мегӯянд, ки ту калон шавӣ, бибият барин мешавӣ. Маро ҳам аз телевизор нишон медиҳанд?”

-Ин суханҳоро шунида хурсанд мешудагистед?

-Ростӣ, намехоҳам набераам актриса шавад, чунки душвориҳои ин пешаро хуб медонам. Ман ба худи Ҷило ҳам борҳо гуфтам, ки бачаҷон, барои он, ки ту актриса шавӣ, бояд падари бою бадавлат дошта бошӣ, ки туро ҳаматарафа таъмин намояд. Бо хонаву ҷо ва шароити хуби зиндагӣ таъмин бошӣ, ана он вақт метавонӣ бо дили пур худатро пурра ба саҳна бубахшӣ. Ҳамеша таъкид мекунам, ки агар меҳрат ба ин касб мисли бибият зиёд бошаду аз душвориҳо дилмонда нашавӣ, метавонӣ ҳунарманди хуб шавӣ, вале аз рӯйи шавқу ҳавас, танҳо барои он, ки туро дар телевизор намоиш диҳанд, актриса шудан хоҳӣ, беҳтараш ягон касби дигарро интихоб кун.

-Ҳаёти ҳунармандон бисёр аҷиб ва пур аз ҳодисаю воқеаҳои аҷиб аст. Ягон хотираи аҷиби зиндагиатонро барои хонандагони мо нақл мекунед?

-Нақши маҳбубаи Туғрал-Офиятбонуро мебозидам. Либоси ҳарири сафед дар тан ба саҳна баромадам. Толор чунон хунук буд, ки аз даҳони кас ҳавл мебаромад. Тамошобин маро бо либоси ҳарир дида, ангушти ҳайрат мегазид. Тағоймурод Розиқов нақши Туғралро мебозид ва мисли заргӯши дар таги борон монда аз хунукӣ дарақ-дарақ меларзид. Ман, ки аз таги либоси саҳнавӣ чанд қабат либоси дигар пӯшида будам, хунукиро ягон зарра эҳсос накарда, маҳмадоногӣ мекардам. Саҳна тамом шудан баробар Тағоймурод маро ба гӯшае бурда пурсид, ки бо либоси ҳарир хунук нахӯрдам. Вақте сирри ниҳонамро фаҳмид, сар ҷунбонда гуфт: “Воҳ Раҷабгул, ту дар ҳақиқат бало будаӣ! Аз таги либосҳоят чанд либоси дигар пӯшида, бемалол нақшатро бозӣ кардӣ, мани қишлоқии беақл бошам бо як либоси тунук ба саҳна баромада, қариб аз хунукӣ мемурдам!»

-Ҳоло ҳам театри Ҷавонон ҳамон хел сард аст?

-Хушбахтона, бо дастгирии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон театри моро таъмир карданд ва азобҳое, ки солҳои пешин доштем, пушти сар шуд.

-Шудааст, ки дар вақти намоишнома тамошобинон гиря карда бошанд?

-Аслан спектаклҳои моро бе оби дида тамошо карда намешавад. “Пайроҳаи зиндагӣ» ном як намоишнома дорем, ҳар гоҳ онро намоиш диҳем, ҳама аҳли толор мегирянд.

-Чаро?

-Чунки ин намоишнома дарди зиндагист. Дар “Пайроҳаи зиндагӣ” нақши занеро мебозам, ки кӯдаки бесоҳиб, аниқтараш бачаи модараш партофтаро фарзанд хонда бо муҳаббат ба воя мерасонад, вале баъди 21- сола шуданаш, модари аслиаш пайдо шуда, даъво мекунад, ки ин фарзанди ман аст, писарамро диҳед. Ман дар саҳна барои писари бо хуни ҷигар калон кардаам зор-зор мегиряму тамошобинон баробарам гиря мекунанд ва баъди анҷоми намоишнома ҳатман чанд нафарашон ба наздам омада, маро ба оғӯш гирифта, раҳмат мегӯянд.

-Бипурсем, ки ҳамагӣ чанд нақш офаридаед, чӣ ҷавоб медиҳед?

-Ҳисобашонро кайҳо гум кардаам. Беш аз нисфи умрам дар театр гузаштааст гӯям, хато намекунам. Аниқ медонам, ки нақшҳои офаридаам аз 200-то зиёданду кам не!

-Таманно мекунем, ки ҳамеша ҳамин хел зебову солим бимонед ва барои миллати тоҷик боз ҳазорон нақшҳои ҷолибу хотирмон офаред!

–Ман ҳам орзу мекунам, ки соли нав ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон файзу баракат биёрад. Мардум сарбаланду обод бошанду мо, ҳунармандон дар хизматашон!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД