new banner new years
Гурҷие, ки тоҷикон дӯсташ медоштанд, аз олам гузашт
818


Ҳунарпешаи машщури синамои гурҷӣ Вахтанг Кикабидзе дар синни 84-солагӣ, аз олам даргузашт,-хабар медиҳад Sputnik Гурҷистон бо такя ба телевизиони маҳаллӣ. Марги ҳунармандро продюсераш Рати Абзианидзе тасдиқ кардааст.

"Ҳама медонад, ки солҳои тӯлонӣ мушкилоти саломатӣ дошт ва ин таъсир кард. Ман мехоҳам ба клиникае, ки ӯ тӯли чанд ҳафта буд, ташаккур намоям. Ба табибон ва кормандоне, ки ҳама кори аз дасташон меомадаро карданд, ташаккур мегӯям. Ин барои ҳама талафоти бузург аст»-гуфтааст ӯ ба хабарнигорон.

Ба иттилои ширкатҳои телевизионии Гурҷистон, маросими видоъ бо ин ҳунарманди машҳур рӯзи панҷшанбеи 19-январ баргузор мешавад.
Вахтанг Кикабидзе 19-июли соли 1938 дар Тифлис таваллуд шудааст. Ӯ баъди хатми мактаб дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Тифлис таҳсил карда бошад ҳам, қадам ба ҷодаи ҳунар ниҳода, соли 1959 ҳунарманди Филармонияи Тифлис шуд. Дар миёнаҳои солҳои 1960-ум Вахтанг Кикабидзе бо ансамблҳои Диело ва Орера баромад карда, таронаҳоро бо забонҳои гурҷӣ, русӣ, итолиёвӣ ва англисӣ иҷро мекард.

Кикабидзе дар соли 1966 дар филми «Вохӯриҳо дар кӯҳистон»-и Николай Санишвили нахустин бор нақш офарид, вале дар як муддати кӯтоҳ маъруфият ба даст оварда, пас аз се сол бо нақши аҷиби дар комедияи «Гиря накун!» бозидааш ба қавли имрӯз ситора шуд.
Кикабидзе дар бисёр филмҳо, аз ҷумла «Ман муфаттиш», «Оҳангҳои квартали Верийский», «Экспедисияи гумшуда», «ТАСС ваколатдор аст эълон кунад» нақшҳои ҷаззобу хотирмон офаридааст. Вахтанг Кикабидзе пас аз филми Данэлия «Мимино» (1977) шуҳрати умумииттифокӣ пайдо кард. Дар ин филм вай нақши лётчики як деҳаи хурдакаки Гурҷистонро, ки орзуи парвоз карданро дар ҳавопаймои калон дорад, бозидааст.

Кикабидзе ба сифати режиссёр ва сенарист низ ба мувафақиятҳои зиёде ноил гаштааст. Соли 1981 ӯ расми "Саломат бош, азизам!" ва соли 1985 "Мардон ва ҳама дигарон" -ро ба навор гирифт, ки аз ҷониби тамошобинон хуш қабул крада шуданд.

"Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Вахтанг Кикабидзе камтар дар филмҳо нақш бозида, бештар ба сарояндагӣ ва баргузор намудани барномаҳои консертӣ таваҷҷӯҳ кардааст."

Вахтанг Кикабидзе тӯли солҳо аз бемории саратони майнаи сар азият мекашид. Боре хууди ҳунарманд дар барномаи телевизионии "Як бор" эътироф карда буд, ки ба бемории саратони майна гирифтор шудааст.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД