Толеъномаи 31 октябри соли 2026
Ҳамал
Имрӯз рафтори шахси наздик метавонад шуморо ранҷонад, аммо беҳтараш хафагиро дар дил нигоҳ надошта, оромона суҳбат кунед. Агар ҳамсаратон нисбататон беадолатӣ кунад, бо оромӣ муносибат намоед, ӯ метавонад хатояшро дарк карда, узр пурсад. Рӯзи хуш ва пур аз рӯйдодҳои фараҳбахш аст. Эҳтимол барои кор ба сафар равед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва аз хастагии зиёд, қаҳваву машрубот худдорӣ кунед.
Савр
Ғамхорӣ нисбат ба шахси дӯстдошта муносибатҳоятонро беҳтар мекунад. Агар байни шумо нофаҳмӣ бошад, эҳтимол ба зудӣ оштӣ кунед. Ҳангоми суҳбатҳои ҷиддӣ эҳсосотро идора кунед, то сухани зиёдатӣ нагӯед. Дар кор бо самимият, масъулият ва иродаи қавӣ метавонед обрӯятонро баланд бардоред. Саломатиятон хуб мешавад, аммо қоидаҳои беҳдоштро риоя кунед.
Ҷавзо
Вақти он расидааст, ки ба зиндагии шахсиатон рангу таровати нав бахшед. Барои шахси дӯстдошта шоми ошиқона ташкил кунед ё рӯзҳои истироҳатро якҷоя гузаронед. Шахси наздик метавонад барои ҳалли масъалаи ҳассос маслиҳат пурсад, аммо тамоми масъулиятро ба дӯш нагиред. Дар кор аз ҳад зиёд ташаббус нишон надиҳед, то вазифаҳои иловагиро бар дӯшатон нагузоранд. Бегоҳ аз баҳсу хароҷоти беҳуда дурӣ ҷӯед ва ба саломатӣ диққат диҳед.
Саратон
Имрӯз дар дилатон хоҳиши истироҳат кардан ва аз якрангии рӯзгор дур шудан пайдо мешавад. Аз фурсат истифода бурда, бо одамони нав шинос шавед. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон орому самимӣ хоҳад буд. Ҳангоми муошират бо ҳамкорон ба ҳисси ботинии худ гӯш диҳед, аммо шитобкорона хулоса набароред. Эҳсосот набояд шуморо ба хароҷоти нолозим водор созанд. Ба ғизо диққат диҳед ва аз хӯрдани таомҳои ношинос эҳтиёт шавед.
Асад
Имрӯз беҳтараш ба корҳои муҳим ва мушкилоти ҳаррӯза диққат диҳед, вале барои зиндагии шахсӣ низ вақт ҷудо намоед. Бо аҳли оила будан нерӯятонро барқарор мекунад. Эҳтимол нимаи дуюми рӯз маблағе ба даст оред ё сюрпризи хуше шуморо интизор бошад. Қобилиятҳое доред, ки ҳатто худатон аз онҳо огоҳ нестед. Онҳоро истифода баред, то муваффақ шавед. Дар муомилаҳои молиявӣ шитоб накунед ва ба ғизои солим аҳамият диҳед.
Сунбула
Имрӯз эҳтимоли пайдо шудани эҳсосоти ошиқонаи сахт вуҷуд дорад. Корҳоятон низ метавонанд хуб пеш раванд ва наздикон бо сюрпризи гуворо табъатонро болида созанд. Бо вуҷуди ин, дар қабули қарорҳо шитоб накунед ва неруи худро дуруст баҳо диҳед. Дар масъалаҳои молиявӣ сарфакор бошед ва аз хариди чизҳои нолозим худдорӣ кунед. Эҳтимол дар ояндаи наздик имкониятҳои хуби сармоягузорӣ пайдо шаванд. Бештар дар ҳавои тоза сайругашт кунед.
Мизон
Имрӯз қалбатон саршори меҳру муҳаббат мешавад ва лаҳзаҳои хушеро аз сар мегузаронед. Ба фарзандон ва ҳамсаратон таваҷҷуҳ кунед, онҳо метавонанд ба дастгирии шумо ниёз дошта бошанд. Дар муносибат бо хешовандону ҳамсояҳо гузашт кардан ба манфиати шумост. Кӯшишҳои эҷодиатон метавонанд натиҷаи хуб диҳанд ва сазовори эътироф гарданд. Аммо хароҷот эҳтимол аз нақша зиёд мешавад. Ба худ каме истироҳат диҳед ва аз ғизои дӯстдоштаатон низ баҳра баред.
Ақраб
Имрӯз шахсе, ки чанде пеш дар борааш фикр мекардед, метавонад ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Аз ин муносибат хушҳол шавед, аммо фурӯтаниро фаромӯш накунед. Эҳтимол шахси дӯстдоштаатон ба таъмир ё тағйир додани тарҳи хона машғул шудан хоҳад. Ҳарчанд баъзе одамон ба коратон халал расонанд, метавонед ба натиҷаи дилхоҳ бирасед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтимоли гирифтани туҳфа ё мукофотпулӣ вуҷуд дорад. Неруи кофӣ доред, ки ҳатто корҳои душворро иҷро кунед.
Қавс
Имрӯз имкони беҳтар кардани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон пайдо мешавад. Ҳатто агар эҳсосоти пуршӯр набошад ҳам, байни шумо ҳамдигарфаҳмӣ бештар мегардад. Дар оила эҳтимоли баҳсу нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Дар кор низ мумкин аст бо роҳбар ё ҳамкорон ихтилоф пайдо шавад, аммо оромиро нигоҳ доред. Ин рафтор обрӯятонро назди дигарон баланд мекунад. Имрӯз аз муомилаҳои молиявӣ худдорӣ карда, пулро эҳтиёткорона истифода баред. Нимаи рӯз неруятон метавонад кам шавад.
Ҷаддӣ
Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимол баъзе мушкилот пеш оянд. Агар ҳар ду ҷониб барои ҳамдигарфаҳмӣ кӯшиш кунед ва гузашт карданро омӯзед, метавонед муносибатҳоро мустаҳкам намоед. Ҳангоми суҳбат бо наздикону дӯстон эҳтиёт кунед, то баҳс сар назанад. Дар кор низ эҳтимоли ихтилоф бо роҳбар ё ҳамкорон вуҷуд дорад. Гарчанде имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ ҳаст, хароҷоти ногаҳонӣ метавонад қисми даромадро кам кунад. Барои барқарор кардани оромии рӯҳӣ сайругашт кунед ё ба кори эҷодӣ машғул шавед.
Далв
Дар муносибатҳои ошиқона танҳо интизори ғамхорӣ набошед, балки худатон низ меҳру таваҷҷуҳ нишон диҳед ва дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ кунед. Барои пешгирӣ аз нофаҳмиҳо дар оила корҳои рӯзмарраро байни ҳам тақсим намоед. Имрӯз вақти муносибест барои шиносоӣ бо одамони ботаҷриба ва соҳибобрӯ, ки метавонанд ба шумо чизҳои муфид омӯзонанд. Аз имкониятҳои хуб истифода баред. Ҳамчунин кӯшиш кунед эҳсосоти худро беҳтар фаҳмед ва ба рӯйдодҳои рӯз бо диққат муносибат намоед.
Ҳут
Агар имрӯз дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон масъалаҳои кӯҳна дубора ба миён оянд, оромиро нигоҳ доред ва нагузоред, ки онҳо боиси ҷанҷол шаванд. Ба корҳои хона ва вазифаҳои дермонда машғул шудан метавонад табъатонро беҳтар кунад. Дар кор бештар ба ҳисси ботинии худ такя кунед, зеро на ҳама ҳамкорон метавонанд ба манфиати шумо амал кунанд. Агар касе аз шумо қарз пурсад, пеш аз додани пул хуб андеша кунед. Агар мушкили меъдаву рӯда дошта бошед, аз хӯрокҳои серравған худдорӣ намоед.