goodwell
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон имрӯз бо Куба рақобат мекунад
20.11.2026
оила.тч
65

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон имрӯз бо Куба рақобат мекунад

Дар Қатар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасони то 17-сола оғоз гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар ин мусобиқа иштирок дошта, имрӯз, 20 -уми ноябр, нахустин бозии худро баргузор мекунад.

Ҳарифи футболбозони тоҷик дар даври аввал мунтахаби Куба мебошад. Вохӯрӣ дар майдони рақами 4-и маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа доир шуда, соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Куба, Хорватия ва Сенегал қарор дорад.

Тибқи низоми мусобиқа, ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ ва ҳашт мунтахаби беҳтарини байни дастаҳои ҷойи сеюм ба марҳилаи 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД