arzon replenishment
Ибодати дастаҷамъона ба хотири сулҳ
374

Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъаи гузашта намояндагони тамоми динҳои оламро гирди ҳам овард.

Ба таъкиди ӯ, ҳатто тақвим дар ин рӯзҳо одамонро ба муттаҳидшавии даъват мекунад.

«Мо дар лаҳзаи нодир, дар рӯзи ҷумъаи охирини моҳи Рамазон, ки христианҳо иди Пасха ва яҳудиҳо анҷоми Песахро таҷлил мекунанд, сикхҳо бошанд фестивали динии Вайсакхиро доир мекунанд, мусалмонон рӯзи бузурги ҷумъа ҷаъомади динӣ дорад, ҷамъ омадем», - гуфт Гутерриш.

Ин ҳамоиш дар штаб — квартираи Созмон, дар шафати пайкараи машҳур, ки револвери даҳони милаш бастаро ифода мекунад, баргузор гардид.

Дар рафти маросим вакилони динҳои буддоӣ, ислом, насронӣ ва ҳиндуия ҳар кадом ибодати худро иҷро карда, сипас ба хотири гиромидошти рӯҳи афроди бедин (атеист) низ, ки намояндааш дар чорабинӣ ҳозир буд, як дақиқаи хомӯшӣ эълон карданд.

Дар анҷом Антонио Гутерриш аз намояндагони тамоми динҳо хост, ба хотири сулҳи умумибашарӣ муттаҳид шуда, ибодати дастаҷамъона намоянд.

«Биёед эътиқоди умумиро, ки ҳамаи оилаҳои инсониятро муттаҳид мекунад, сахт дорем. Биёед барои сулҳ ибодат кунем», - гуфт ӯ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД