formula
Ғизои модару кӯдак беҳтар мегардад
808

Дар баробари афзоиши иқтисодӣ ва паст гардидани сатҳи камбизоатӣ масоили тандурустӣ, аз ҷумла, қадпастӣ, лоғарӣ, бемориҳои ғайриирсӣ, норасогии витаминҳо ва маъданҳо дар кишвар ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.

Дар марҳилаи ҳомиладорӣ занон ва ду соли аввали ҳаёти кӯдак нокифоягии ғизо на танҳо ба саломатии онҳо, балки ба некуаҳолии насли оянда хатарзо мебошад.

Барои васеъ намудани хизматрасонии ғизои модару кӯдак, нигоҳубини занони ҳомилаю ширмак, кӯдакони то синни панҷсола, парасторон ва аъзоёни оилаи занони ҳомиладор ва кӯдакони хурдсол, дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо бори сегонаи камғизоӣ, ЮНИСЕФ, бо дастгирии молиявӣ USAID, барномаи сесоларо барои солҳои 2023-2025 роҳандозӣ намуданд.
Осама Маккав Хогали, Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, дар суханронии хеш қайд карданд, ки ба воситаи шарикии дуҷониба дар ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба ғизо ва барҳам додани ҳама гуна камғизоӣ дар кишвар дастгирӣ менамоем.

Мақсади Барнома беҳтар кардани дастрасӣ ва сифати барномаҳои пурсамар дар соҳаи ғизо, барои пешгирӣ ва табобати камғизоӣ дар кӯдакон ва занони ҳомилаю ширмак, бо таваҷҷӯҳи хоса ба кӯмаки аввалияи тиббӣ, равона карда шудааст. Дар баробари ин барои беҳгардонии ғизои модару кӯдак мусоидат хоҳад кард.

Изобел Коулман, муовини мудири USAID иброз дошт, ки “Дар тамоми ҷаҳон, тақрибан нисфи ҳолатҳои фавти кӯдакони то синни панҷсола бо камғизоӣ алоқаманд буда, дар он кӯдаконе, ки аз камғизоӣ азият мекашанд, паст шудани инкишофи ақлонӣ ва ҷисмонӣ мушоҳида мешавад. USAID бо он ифтихор мекунад, ки барои беҳтар кардани ғизои мардуми Тоҷикистон, махсусан дар айёми кӯдакӣ,ки давраи аз ҳама муҳим аст, бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон шарикӣ мекунад.”
Дар назар аст, ки давоми се соли оянда, ба дастгирии USAID ва ЮНИСЕФ дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар 270 000 кӯдаки то синни панҷсола ва 240 000 занони ҳомилаю ширмакконро бо хизматрасонии ғизо ва нигоҳубин тавассути платформаҳои гуногун фаро гирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД