shoh palace
Кадом амалҳо дар рамазон савоби зиёд доранд?
15.04.2023
ОИЛА
570


Мегӯянд, ки рамазон аз зумраи беҳтарин моҳҳост ва худованд Ддар ин моҳи муборак ба бандагонаш аҷру подоши зиёде медиҳад.

Мехоҳам донам, ки кадом амалҳо дар моҳи шарифи рамазон савоби зиёд доранд?
Асад, аз ноҳияи Данғара.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Салмони Форсӣ ривоят намудааст, ки паёмбари дини мубини ислом, ҳазрати Муҳамммад (с) чунин гуфт: «Ҳар шахсе дар ин моҳ як амали хайрро анҷом диҳад ва ҳадафаш танҳо ризо ва хушнудии Худованд бошад, ба андозаи як амали фарз ба ӯ савоб мерасад ва ба ҷо овардани як амали фарз дар ин моҳ савоби ҳафтод фарзро дар дигар моҳҳо дорад».

Аз ҳадиси мазкур чунин бармеояд, ки ҳар амали хайр дар моҳи Рамазон 70 маротиба бештар аҷру савоб дорад, бинобар ин, ҳар фарди мусулмон бояд саъю талош кунад, то дар ин моҳ ҳар чӣ бештар амалҳои хайрро анҷом диҳад. Кӯмак ба ятимону ниёзмандон, тиловати Қуръон, таом додан ба гуруснагон аз ҷумлаи беҳтарин накӯкориҳо дар ин моҳи муборак ба шумор мераванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД