arzon replenishment
Кӯдаки думоҳа доред, ҳатман ваксинаи пневмококкӣ гиред!
617

 

Аз 1-уми ноябри соли 2022 ҳар як падару модаре, ки кӯдаки думоҳа дорад, бояд ӯро ба муассисаҳои тандурустии ҷои зисти худ бурда, ба онҳо вояи якуми ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ гузаронанд.

Вояи якуми ваксина дар ду моҳагии тифл, вояи дуюм дар чор моҳагӣ ва вояи сеюм дар 12 моҳагии кӯдак гузаронида мешавад. Яъне ин ваксина танҳо аз он тифлоне, ки аввалинбор ин ваксинаро мегиранд, оғоз мешавад ва марҳилаҳои дигар низ дар ҳамонҳо идома меёбад. Масалан кӯдаконе, ки алакаай се моҳа, панҷ ё 11 моҳа ҳастанд, наметавонанд ин ваксинаро бигиранд.

_46

Ин нуқтаро Наврӯз Ҷафаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои файқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар чорабинии имрӯза, ки дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика баргузор гардид, қайд кард.

Муаррифӣ намудани ваксинаи пневмококкии конюгатсияшуда ва ворид намудани он ба Тақвими миллии иммунизатсия дар як нишаст миёни намояндагони Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт, Хазинаи байналмималии кӯдакон (ЮНИСЕФ) ва соҳаи тандурустии кишвар баргузор гардид.

Селвестер Маленӣ, намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар суханронии хеш қайд кард, ки ваксинаи пневмококкӣ яке аз ваксинаҳое мебошад, ки бар зиддӣ 12 беморӣ мубориза мебарад. Мо ба ягон хел дасторвард ноил нахоҳем гашт, агар волидон кӯдакони худро барои ваксинагузоронӣ ба муассисаҳои тандурустӣ наоранд. Ҳамаи ваксинаҳое, ки дар Тоҷикистон гузаронида мешавад, онҳо бехатар ва самаранок ҳастанд.

Ҳамчунин, Селвестер Маленӣ илова кард, ки ҳамасола дар ҷаҳон, беш аз 500 ҳазор кӯдакони синни то 5 сола, ки бештарашон то ду сола мебошанд, аз бемориҳои пневмококкӣ мефавтанд, ки махсусан дар давлатҳои пешрафта ба қайд гирифта шудаанд.

1_1.[3] 

Файзалӣ Саидзода, Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустии кишвар зимини суханрониаш қайд кард, ки бемориҳои пневмания, менингит ва сепсис, яке аз мушкилиҳои асосии соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, тибқи омори расмӣ солҳои 2014 -2018 дар кившар гирифиторони бемории пневмония 25 000, сепсис 38 500 ва менингит 2300 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Ҳмчунин илова кард, ки то имрӯз ин ваксина дар 161 кишваре, ки истифода шудааст, ягон ҳолати номатлуб дар пай надошт. Ваксинаи пневмококкӣ истеҳсоли Белгия буда, маводи бехатар, натиҷабахш ва самаранок буда, дорои сертификати сифатноки СУТ мебошад.

 2_1.[3]

Сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, яке аз сабабҳои зиёдшавии бемориҳои вазнини инвазивӣ ба монандӣ, мененгит, сепсип, пневмания ва бемориҳои сабуктари он, аз ҷумла илтиҳоби гӯши миёна, синусит ва илтиҳоби бронхҳо мегардад.

Ваксинаи пневмококкӣ кӯдаконро аз 10 намуди серотипҳои паҳншудатарини сирояти пневмококкӣ муҳофизат мекунад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД