arzon replenishment
ХИËНАТ (Кисми 9)
05.01.2022
ОИЛА
2267

Фаррух дар рӯйи ҳавлӣ бо сад фикру хаёл дастонашро мушт карда менишаст. «Ҳамон вақт агар даррав аз пайи Фирӯза шуда, ӯро ба духтур мебурдам, ҳозир фарзандам дар қабри сарду торик не, балки дар оғӯши гарми волидонаш мешуд.

Ба ҳаммааш худам айбдорам, мардӣ карда гуноҳи ҳамсарамро бахшидам гуфтаму худам ба кӯчаи ХИËНАТ қадам гузоштам. Маро бубахш бачаҷон! ин падари нолоиқатро бубахш. Акнун як умр бо азоби виҷдон зиндагӣ мекунам… “ мегуфт вай худ ба худ дар дил....

хххххххххххххххх

- Духтарам, илтимос наравед. Ҳоло ҳамааш хуб мешавад.

-Не модарҷон, дигар зиндагии мо маънӣ надорад. Илтимос, маро маҷбур накунед, хаста шудам аз ин гуна ҳаёту зиндагӣ.

-Ақалан Фаррух биёяд...

Ба гапҳои хушдоманаш нигоҳ накарда, Фирӯза ҳунгосзанон аз хона баромада рафт.

Манзурахола бо ду дидаи гирён болои зина нишаста монд, вай барои баргардонидани Фирӯза илоҷе наёфт.

Камтар пас Фаррух ба хона даромада омад. Имтиҳонҳои зиндагӣ қоматашро хам карда буд. Модарашро, ки пешонаашро бо рӯймол маҳкам баста, дида, хавотиромез пурсид:

- Ба Шумо чӣ шуд модарҷон?

- Дафъ шав ба назарам дигар нанамо.

- Модар тинҷӣ аст?

-Ту агар ба роҳат рост гашта, бероҳагӣ намекардӣ, келинам ҳозир дар хона буд.

Чӣ Фирӯза рафт? Ба куҷо рафт? Чаро рафт? Барои чӣ рафт?

- Аз пушти ту рафт!

-Шуд модарҷон Шумо зиқ шудан нагиред. Ман ӯро ҳатман ба хона меорам.

-Ба хона бе келинам қадам нагузор, вагарна шири сафеди додаамро пиҳилат намекунам!

- Ааа… модарҷон ин тавр нагӯед. Ин чӣ гапи гуфтаатон…

     Сухани модар ба дили Фаррух чун теғ расид. Ӯ баъди шунидани ин гап, бехудона аз хона баромада ба сӯйи хонаи волидони Фирӯза роҳ гирифт.

Ба хонаи хусураш даромада, вазъиятро фаҳмониданӣ шуд, аммо модари Фирӯза нагузошт, ки Фаррух вориди хона шавад. Фаррух аз кори хушдоманаш асабонӣ шуда ба дод задан даромад:

-Чаро аз хона баромада омадааст? Кӣ ба ӯ иҷозат дод, ки равад? Ман шавҳари қонунияш ҳастам, ҳоло намурдаам…

Ҳолати тараҳҳумовари домодашро дида, падари Фирӯза берун баромада гуфт:

-Писарам, ман шуморо хеле хуб дарк мекунам, вале ҳозир ба ҳардуятон ҳам осон нест. Монед,ақаллан 3-4 рӯз ҳамин ҷо истода, камтар ба худ ояд. Баъд ин масъаларо аз нав мебинем. Фаррух "хуб дада" гуфту оҳиста-оҳиста қадам зада рафт.

Вай роҳравон чанд бор ба Фирӯза занг зад, аммо ҳамсараш ба зангаш ҷавоб надод.

Фаррух куҷо рафтанашро надониста роҳ ба сӯйи хонаи дӯсташ Анвар гирифт. Анвар Фаррухро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт. Вай ҳолати ғамангези дӯсташро дида аз яхдон як шиша арақ овард ва ба нею нестони Фаррух нигоҳ накарда ҳарду пиёларо аз арақ пур кард.

-Дӯстам, ин хел накун. бо як пиёла арақ ту алкаш шуда намемонӣ. Як бор нӯш каме сабук мешавӣ, охир шоир ҳам мегӯяд - ку "ҳар чиро аз ин ҷаҳон нагрифта будед, аз ҷаҳон гиред" - аз ҷаҳон гирифтанаш ҳаминда,-ба таври худ маънӣ бардошта гуфт Анвар. Фаррух як пиёла арақро нӯшид, баъд дуюму сеюмашро. Ҳамин тавр пиёлаҳо пасу пеш пур шуда холӣ шудан мегирифтанд.

Фаррух зери таъсири шароб ба Анвар дарди дил карда аз хона рафтани ҳамсарашро гуфт. Анвар бошад “ҳамааш айби худат, ман ба ту чанд бор гуфтам, ки мард бояд лаҷоми занро сахт гирад, аммо ту чӣ мегуфтӣ, ба зан озодӣ додан лозим. Ана акнун оқибати корр тамошо кун! Магар ҷавоби муҳаббати поки ту а занат ҳамин аст?! Зани маро бин, агар аз хати кашидаам як қадам барояд, худаш нағз медонад, ки бо ӯ чӣ кор мекунам, барои ҳамин лом нагуфта дамаш дарун мешинад...” дӯсташро балво дода, мегуфт Анвар ва бо гапҳои беақлонааш ба ҷароҳати Фаррух аз нав намак мепошид.

Онҳо ончунон маст шуданд, ки базӯр ба по рост меистоданд. Фаррух дар ҳолати масти боз роҳ ба сӯйи хонаи хусураш пеш гирифт. Ӯ дар нисфи шаб дарвозаи оҳанини манзили падарарӯсашр сахт-сахт мекӯфт. Аз як тараф садои баланди тақ-тақи дар аз тарафи дигар овози Фирӯза, Фирӯза гуфтани Фаррух сукути шабро халалдор мекард. Падари Фирӯза осемасар аз хоб хеста ба сӯйи дарвоза давид. Аз садои гӯшхароши дар ҳамсояҳо ҳам бедор шуда ба берун баромаданд.

- Ин ҷо чӣ кор мекунӣ,- асабонӣ шуда гуфт падари Фирӯза.

- Ҳамсарамро бурдани омадам.

-Ҳозир рав. Ту сахт маст ҳастӣ. Пагоҳ биё, сӯҳбат мекунем.

Фаррух дар ҳолати мастӣ намедонист чӣ кор карда истодааст. Ӯ бо дасташ хусурашро тела дод. Ин ҳолатро дида писари ҳамсоя Фаррухро як мушти сахт фаровард. Вай аз зарби мушти ногаҳонӣ ба замин дароз кашид. Ин манзараро дида Фирӯза ба поён фаромад.

- Дадаҷон чӣ шуд?

-Ҳеҷ гап нест духтарам, ту ба хона даро!

Амаки Ҳоҷимурод хона даромада ба волидайни Фаррух занг зад:

- Ало хуб ҳастед қудо?

- Ташаккур раҳмат. Тинҷӣ аст дар бевақтӣ…

- Тинҷӣ нест. Писаратон маст шуда омада маҳалларо ба сараш бардоштааст. Зуд омада баред, вагарна…

(Давом дорад)

Абдуғаффор Шодиев

(Тарҷума аз ӯзбекӣ)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД