formula
Хоҳари шавҳари апаро дуздид (қисми 2)
2234

(Идомааш)

Хоҳараш дигар чиҳо гуфт, Ҷумъагул ёд надорад, зеро бо шунидани хабари кайҳо дар шаҳр хона харидани шавҳараш саволҳои зиёди печ дар печ мисли селаи замбури ало якбора ба майнаи ӯ ҳуҷум карданд: Чаро Рустам хона хариданашро аз вай пинҳон дошта, ягон бор дар ин хусус даҳон накушод? Онҳо аллакай ду фарзанд доранд, пас, барои чӣ шавҳараш намехоҳад, ки Ҷумъагулу бачаҳояш дар наздаш бошанд…?

«Очаҷон, мо акнун дар шаҳр зиндагӣ мекунем?»- хабари хона харидани падарашро аз забони холааш шунида, гаштаю баргашта мепурсид писари калониаш Рустам, «дадаҷонам, дар шаҳр ҳар рӯз ба ман яхмос харида медиҳанд-а?»,- аз домони модар мекашид Ҷамшеди сесола, вале Ҷумъагул гӯё ба ҳайкали сангин табдил ёфта бошад, дигар чизеро намешунид…

Маслиҳати ҳамсоя

Рӯзи дигар Ҷумъагул ба хонаи ҳамсоя обгирӣ рафт ва дар омади гап ба дугонааш Файзигул дарди дил кард:

-Дугонаҷон, дирӯз фаҳмидам, ки шавҳарам дар шаҳр хона харида будааст, вале аз чӣ бошад, ки инро аз мо пинҳон дошта мегаштааст. Вақтҳои охир қошу қавоқи хушдоманам ҳам гирифтагӣ, аз даҳонаш як гапи хуб намебарояд. Пештар ҷони бибиашон гӯён, бо ҷони Суҳробу Ҷамшеди ман пайваст буд, вале аз рӯзе, ки писари дуюмашро зан дод, ману кӯдаконам дигар дар назараш наметобем. Мудом ғур-ғур карда мегӯяд, ки дар як хонаи танг ин қадар одам рӯ ба рӯ хобида, ҷони ӯро ба лабаш меорем. Намедонам, келини нав маро ба хушдоманам бадгӯӣ мекунад ё синну солаш рафта кампир инҷиқу сергап шудааст, ки дар хона як лаҳза оромӣ нест. Намедонам сарамро ба куҷо занам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳарам серкориашро баҳона карда, қариб се моҳ боз ба хона намеояд…

-Эй занаки сода, ман ба ҷойи ту мебудам, худам ба наздаш мерафтам ва дар шаҳр дар хонаи гарму бароҳат ҳамроҳи шавҳарам кайф карда зиндагӣ мекардам. Мешинӣ зуқ-зуқи ҳамин кампирро гӯш карда, бачаҳоятро гиру ба назди шавҳарат рав-дия!-Гапи Ҷумъагулро бурид Файзигул.

-Ба куҷо равам, охир ман намедонам, ки хонаи Рустам дар куҷост. Магар дар шаҳри калон суроғаро надониста одамро пайдо карда мешавад, дугона?!-Ҳасрат кард Ҷумъагул.

-Шавҳари ман бо шавҳари ту ҷӯраҳои ҷонӣ ҳастанд ва аз ҳамдигар ягон гапу кори пинҳонӣ надоранд. Кадом рӯз мардакам гуфта буд, ки шабро дар хонаи Рустам саҳар кардааст. Ҳоло шавҳарам якмоҳа ба командировка рафтагӣ, камтар сабр кун, ҳамин ки баргашт, мегӯям, ки туро бо бачаҳоят бурда дар пеши дари хонаи Рустамако фарорад,-ваъда дод Файзигул…

Элак баҳонаю…

Таътили зимистона як моҳ бошад ҳам, Наргис ҳамагӣ як ҳафта дар деҳа истода, аз имтиҳонҳо қарздор буданашро баҳона карда ба шаҳр баргашт. Ҷумъагул хост ба дасти хоҳараш барои шавҳараш савғотӣ фиристад, вале боз ваъдаи Файзигули дугонаашро ба ёд оварда аз фикраш гашт. «Якбора худам ба шаҳр рафта ба ӯ сюрприз мекунам»,- зери лаб табассум намуда аз дил гузаронд ҷавонзани ташнаи дидор.

Шарти ҳамсоя

Ҳамин тавр аз байн беш аз як моҳ гузашт ва шавҳари Файзигул-Маъруф аз сафар баргашт. Ҳамсоязан ба қавлаш вафо карда, масъаларо ба шавҳараш фаҳмонд ва аз ӯ хоҳиш кард, ки Ҷумъагулро бо бачаҳояш ба назди шавҳараш барад. Маъруф аввал дудила шуда бошад ҳам, баъд розӣ шуда гуфт:

-Майлаш янга, ман шумоёнро ба шаҳр мебарам, вале бо як шарт-ба Рустамҷон намегӯед, ки хонаашро ман ба шумо нишон додам! Намехоҳам ҷӯраи ҷониам аз ман хафа шавад…

-Барои чӣ хафа мешудааст, охир шумо ягон кори бад намекунед-ку?!-Ҳайрон шуд Ҷумъагул.

-Гапи бисёр як хара бор гуфтаанд, янга, агар розӣ бошед, бо ҳамин шарт ман шуморо ба шаҳр бурда хонаи Рустамҷонро нишон медиҳам, нахоҳед ихтиёратон!-Асабиёна гапро кӯтоҳ кард ҳамсоя.

-Майлаш, ман розӣ, бо шумо рафтанамро намегӯям,-бо аломати ризо сар ҷунбонд Ҷумъагул.

Ташнаи дидор

Дар роҳи морпечи куҳӣ мошин мисли марди пиру беморе, ки роҳ гаштан барояш ҷонкоҳ аст, оҳу нолакунон базӯр ба пеш ҳаракат мекард, аммо Суҳробу Ҷамшеди ташнаи дидори падар ба якдигар гап надода, бидирросзанон баҳсу мунозира мекарданд, ки дар шаҳр бо дадаҷонашон ба куҷоҳо мераванду чандтогӣ яхмос мехӯранд. Ҷумъагул сари бачаҳояшро бо меҳр сила карда, хаёлан симои хандони падари бачаҳояшро пеши назар меовард, ки аз дидани онҳо курта-курта гӯш гирифта, Суҳробу Ҷамшедро ба сари китфаш мебардорад. Дар тӯли ин чор-панҷ моҳи дурӣ Ҷумъагул на камтар аз бачаҳояш Рустамро пазмон шуда буд ва шавҳарашро ба ёд оварда, дилаш якбора гум зада рафт. «Моро дида Рустамҷон хурсанд мешавад»,- аз дил гузаронд ҷавонзан, вале…

Шаҳри калону…

Нимаи шаб мошин дар назди як бинои баландошёна қарор гирифт ва ҳамсояашон Маъруф дари кабинаро кушода гуфт:

-Расида омадем янга, марҳамат фароед. Рустамҷон дар ошёнаи ҳафтуми ана ҳамин бино зиндагӣ мекунад. Дараш аз тарафи рост. Маслиҳатамонро фаромӯш накардаед-а?

-Албатта, албатта, ман шуморо надидаам. Худам бачаҳоямро гирифта бо як мошини роҳгузар ба шаҳр омадам. Ба Рустам ҳамин хел мегӯям,-қавли додаашро ба ёд овард Ҷумъагул.

Маъруф Суҳробу Ҷамшедро эҳтиёткорона аз мошин фаровард ва ба онҳо истироҳати бофароғат орзу карда, ба мошинаш нишаста рафт…

 

Меҳмонҳои нохонда

Ба лифт ҳамроҳи онҳо зани зебои мӯйҳояш зебо буридашудае ҳам даромад ва Ҷумъагул Худоро шукр гуфт, ки танҳо нестанд. «Хайрият, ки Худованд ин занро бо мо ҳамороҳ кард, вагарна ман чӣ тавр истифода бурдани ин қуттичаи оҳанинро намедонистам»,- аз дил мегузаронд ҷавонзани деҳотӣ, ки бори аввал ба шаҳр омада буд. Баъди аз лифт фаромадан ба тарафи рост тоб хӯрда, чашми Ҷумъагул ба ҳафт-ҳашт дари якхела афтид, ки аз ҳамдигар дар масофаи ҳамагӣ якуним-ду метр ҷойгир шуда буданд. Ҷавонзан ҳайрон монд, ки кадоме аз ин хонаҳо аз они шавҳараш бошад, писарчаҳояш Суҳробу Ҷамшеди хурдакак низ ҳайрон-ҳайрон ба дарҳои якранга менигаристанд. Ҷавонзан бо умед ба атроф нигарист, вале дар роҳрави тангакак ба ѓайр аз онҳо дигар ҳеҷ кас наметофт. Ҷумъагул, ки бори нахуст ба шаҳр омад, чӣ будани занги дарро намедонист, таваккалан дастаи дари якумро кашид. Ба тақдири ҷавонзан дар нимабоз будааст ва бо андаке кашидан кушода шуд. Болопӯши шиноси дар сари мех овезон ва туфлиҳои шавҳарашро дар дами дар дида, Ҷумъагул фаҳмид, ки хато накардааст…

(Охирашро фардо соати 21-00 мутолиа намоед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД