arzon november
Хокистартӯдаи модар
03.07.2022
Дилошӯб
1381
no-img

                                   Ягона

Байни шаш бародар духтари ягона ва дӯстдори волидонам будам, зиндагии фақирона, вале пур аз шодию нишот доштем. Бародаронам дӯстам медоштанд ва ба куҷое, ки раванд, ҳадяҳаке бароям меоварданд. Дугонаҳоям бо шӯхӣ мегуфтанд, ки “Заъфарон духтари хушбахт ҳастӣ, аз бими бародаронат ягон писар ба рӯят наменигарад ва боварӣ дорем, ки фардо шавҳарат низ аз тарси акаҳоят туро болои сар мекунанд”. Вале афсӯс, Худованд чӣ тавре, ки дилаш мехоҳад, ҳамон тавр қисмати ҳар як инсонро менависад… Рӯз то рӯз қад кашида, духтари зебо мешудаму харидорони зиёде низ доштам, бародаронам хоҳари ягонаамон аз бари модарамон дур нашавад гӯён, маро ба ҷавони ҳамдеҳаамон ба шавҳар доданд. Хонаводаи шавҳарам зиндагии хуб доштанд, ду апааш кайҳо зиндагияшонро барпо намуда, дар хонаҳои худашон зиндагӣ мекарданду ман бошам, аз таҳти дил хизмати пиру кампирро мекардам.

Шавҳарам шабу рӯз банд буд, гоҳ ба ин шаҳр мерафту гоҳ ба шаҳри дигар, як моҳ пас мошинашро дигар мекарду дар Душанбе низ ҳавлию хона харида буд, ҳарчанд моро ба он ҷо намебурд. Зиндагӣ бо бойбачаи пулмаст хеле серташвишу хастакунанда бошад ҳам, ба хотири Нодирҷон ҳеҷ гоҳ қавоқ намеандохтам.

                          Мусибат

Як хоҳаршӯям дар маркази вилоят зиндагӣ мекард, ӯ духтарашро хонадор карду моро ба тӯй хонд. Ҳамон шабу рӯз Нодирҷон ба бемории зардпарвин гирифтор буду ман ҳамроҳи ӯ дар Душанбе дар беморхона мехобидам. Амон хусуру хушдоманамро ба тӯй бурда истода, ба садама афтод, дасту пойи Амон шикаста бошанд ҳам, аз марг раҳо ёфт, вале хусуру хушдоманам ҷо ба ҷо дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд…

Мусибати ба сари оилаи шавҳарам омада маро низ бемор сохт, гузаронидани маъракаҳои мотамӣ ва нигоҳубини Амони дар садама афгоргашта низ бар дӯши ман буд. Баъди ба по хестани шавҳарам ман аз по афтидам, модарам шаш моҳ дар хонаи ман истода, маро бемордорӣ кард. Шукри Худованд, ки ба по хестам, вале бехабар аз он ки маро мусибати дигаре дар пеш аст….

                            Қасами бахтсӯз

Намедонам чӣ шуду чӣ монд, ки ҳамсарам муфлису қарздор гашт, қарздоронаш дари хонаамонро охӯрча карданд. Тамоми чизи дар бисотамон буда ба савдо рафта бошад ҳам, ҳеҷ не, ки қарзи ӯ буд шавад. Як шаб намози хуфтанро хонда, нав ба бистар даромаданӣ будам, ки се марди ҳузарб дарвозаро бо пояшон кушода, ба хона ворид шуданд. Яке аз онҳо шавҳарамро аз зери кӯрпа кашида бароварда дод зад:

- Э ҳаромӣ, додари ман аз пушти ту дар зиндон шиштааст, ту дар бистари гармакак кайфу сафо дорӣ?! Пулро барор!!! Шавҳарам ларзону ҳаросон гуфт:-Акаҷон, агар се рӯз пас пулатонро ёфта надиҳам, занам се талоқ…

Ман аз шунидани ин сухан аз ҳуш рафтам, чун ба худ омадам, Амон болои сарам мисли занон гиря дорад. Бо гиря аз ӯ хоҳиш кардам, ки рости гапро гӯяд, аммо ӯ боз аз гуфтани ҳақиқати ҳол гардан тофт, аммо гуфт, ки то се рӯз бояд пули онҳоро ёфта диҳад. Ба Амон маслиҳат додам, ки аз язнаю апаҳояш, аз бародарони ман кумак пурсад. Ӯ бо заҳрханда гуфт:

-Агар апаҳои ман ва бародарони туро бо ҳама дороияшон фурӯшем ҳам, қарзи онҳо буд намешавад. Рӯзи сеюм наздик мешуду дили маро сагон тала мекарданд, рӯз бегоҳ шуд, аз Амон дарак набуд. Аз тарс писараки сесолаамро бардошта, ба хонаи модарам рафтам. “Сарам дард мекунад” гӯён, Нодирро ба модарам гузошта, худам хоб рафтам, аммо хоб ба чашмам меҳмон намешуд. Пас аз як соат ҳамон се мард мисли ҳамонрӯза зада, ба хонаи падарам даромада, Амонро пурсиданд. Падарам онҳоро ба хона хонд, вале ҳамон пурғазабаш бо овози баланд фарёд зад:

-Бобо, домодатонро пинҳон накунед, ӯ бо зан сеталоқ қасам хӯрдааст, ки ҳамин рӯз пули маро медиҳад, вале наомад…

Онҳо то дер дар хонаи дигар омадани Амонро мунтазир шуданд, вале шавҳарам на он рӯз омаду на рӯзи дигар. Танҳо баъди як ҳафта аз дар даромад, вале падарам ӯро аз хона ронд ва гуфт, ки ту барои духтари ман бегонаӣ. Ана ҳамин тавр бахти ман сиёҳ шуд….

                                     Бахти дуюм

Баъди як соли ин ҳодиса мӯйсафеди рафиқи падарам ба хонаамон хостгорӣ омад, ӯ маро барои домодаш хостгорӣ мекард… “Духтарам аз бемории саратон дунёро падруд гуфтаю се духтаракаш ятим монданд, домодам ҷавонмарди хубу меҳнатист, ҳарчанд хешу табораш барояш зан мекобанд, розӣ намешавад. Ба хотири се ятимаки духтарам худам ба занкобӣ баромадам, ман оилаи шуморо хуб медонаму духтаратонро низ аз хурдӣ дидаму мешиносам, биёед розӣ шавед, пушаймон нахоҳед шуд…” хоҳиш намуд мӯйсафед.

Волидонам тӯйи хоксоронае ороста, маро ба хонаи дуюмам равон карданд. Шавҳарам Ҳаким дар ҳақиқат ҳам марди хоксору меҳнатӣ ва хеле беозор буд. Вай трактор дошту Нодирҷонро наздаш шинонида, куҷое, ки равад, ҳамроҳаш мебурд. Духтаронаш ҳам зуд маро очаҷон гуфтанду Нодирро бошад, мисли додари худашон дӯст медоштанд. Ҳарчанд шунидам, ки Амон боз тинҷ шудаасту ба ҳавлиямон зани нав овардааст, заррае ғамгин набудам, зеро Ҳаким маро болои дидагонаш мебардошт, аз ҳама муҳимаш писаракам ба вай меҳр дошт…

                               Соҳиби писар

Барои шавҳари беозорам ду писар таваллуд карда, сарашро ба осмон расонидам, оҳиста-оҳиста хонаю дари нав сохта, духтаронро пайи ҳам ба шавҳар додем. Нодирҷон дар синфи ёздаҳум мехонд, ки падараш пайғом фиристоданро сар кард. Нодирҷон ба ман чизе нагӯяд ҳам, медидам, ки авзояш дигаргуна аст. Субҳ шавҳарамро ба кор гусел кардаму хостам Нодирҷонро бедор кунам, ки ба мактаб равад, вале хонаашро холӣ ёфтам. Ӯ дар варақе навишта буд:

-Очаҷон, ман бо падарам рафтам, ӯ маро ба донишгоҳ дохил мекунад, аздусар амакам ин корро карда наметавонанд.

Худро базӯр то бегоҳ доштаму ҳамин, ки шавҳарам аз кор баргашт, инони гиряро сар додам, Ҳаким андешаманд оҳе кашиду гуфт:

-Ғам нахӯр занак, назди каси бегона не, назди падараш рафтааст, агар лозим донад, моро хабаргирӣ меояд, агар не, Худо нигаҳбонаш бошад. Дар танҳоӣ барои ин рафтори писарам хун гиря кунам ҳам, кӯшиш мекардам, ки номашро пеши касе ба забон наорам. Фақат духтари калонии шавҳарам зуд-зуд ӯро ба хотир оварда, аламҳоямро тоза мекард…

                             Подабон

Волидонам дар қайди ҳаёт набуданд, вале бародаронам аз ин рафтори писарам сахт хафа шуданд. Дар як деҳа бошанд ҳам, бо тағоҳояш гап намезадааст, Амон ба ҷойи ба донишгоҳ дохил кардан, гову моли бисёре харида, Нодирро подабон кардааст. Пас аз як соли хатми мактаб писарамро зан доданд, ӯ маро ҳатто ба тӯяш хабар накард…

Аз янгаҳоям мешунидам, ки акнун Нодиру занаш якҷоя галаву рамаи Амонро нигоҳбонӣ мекунанду бар ивази ин на танҳо якашон ду намешавад, баръакс зани Амон азобашон медодааст. Ман модарам, дилам ба ҳоли писаракам хун мешуд, вале гуноҳашро бахшида наметавонистам. Барои по монданаш ба рӯи меҳнатҳои Ҳакими беозор, туф карданаш ба меҳри духтарҳои ӯ ва бераҳмияш дар ҳаққи ман Нодирҷонро бахшида наметавонистам, аммо ҷигарам садпора буд…

                               Бозгашт

Як шоми сарди зимистон, барф беист меборид, барқ набуд, дар равшании чароғ писаронам ҳамроҳи падарашон дарс тайёр мекарданду ман барои ош турб мехарошидам. Касе дарвозаи берунро сахт-сахт куфт.

-Очаш, наход намози шом нашуда, дарро бандӣ,-гуфт мардакам норизо. Писарчаи калониям фурӯзонакро гирифта, дав-давон рафта дарвозаро кушод ва бо ҳамон суръат гашта омаду гуфт:-Оча, шуморо фарёд…

Пушти дар Нодир ҳамроҳи духтари мавзунқомате меистод, худамро дошта натавониста, писарамро оғӯш карда, зор-зор гиристам. Авсунам, ки ҳамсояи девор дар миён аст, давида омад, дар як замон духтарҳо хабар ёфта омаданд… Ҳар кас чизе рӯи хон мегузошт, келинам бо меҳр ба ман менигаристу оби чашмонашро тоза мекард…. Аз ин воқеа қариб як сол сипарӣ мешавад, ҳоло Нодирҷону Ҳаким дар Русия мардикоранд, мо бо пулҳои равон намудаашон порчаи заминеро харидорӣ карда, мехоҳем барои оилаи писарам, ки ба қарибӣ се нафар мешаванд, хонаи алоҳида созем…

                                 Бо эҳтиром Заъфарон                                  

                                 Таснифи Дилошӯб

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД