arzon replenishment
Хонандаи тоҷик парчами Тоҷикистонро боло бардошт
422

 

Гулчина Қудратбекова, хонандаи синфи 7-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо медали нуқра ва дастовард ба Ватан баргашт. Дар ин бора Ҷамолиддин Сироҷзода, директори муассисаи таълимии мазкур ба сомонаи “Оила” хабар дод.

Манбаъ гуфт, рӯзҳои 12-18-уми июни соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи кушоди байналмилалӣ аз намуди шиноварӣ миёни наврасон баргузор гардид.

Дар он шиноварони 24 давлати дунё сабқат варзиданд. Хушбахтона, Гулчина Қудратбекова сазовори ҷойи 2 ва медали нуқра гардид ва парчами Тоҷикистони азизро дар он ҷой парафшонӣ намуд.

Роҳбари синфи Гулчина, муаллима Ниёзова ба мо гуфт, ки ӯ дар корҳои ҷамъиятии муассиса ҳамеша фаъол буда, бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад ва ният дорад боз парчами Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло бардорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД