sebiston july new
Хондани намози ҷаноза дар дохили масҷид иҷозат аст?
344

Домуллои муҳтарам. Чуноне мо медонем, аксари  ҷанозаҳо дар маҷсид гузаронида мешавад. Фаҳмидан мехостам, ки оё хондани намози ҷаноза дар дохили масҷид иҷозат аст? 

Ҳоҷӣ Хол Воҳидов 

 

Хондани намози ҷаноза дар дохили бинои масҷид ҷоиз нест. Дар «Хулосату-л-масоил» (саҳ. 111) омадааст, ки “Хондани намози ҷаноза дар масҷиде, ки намозҳои панҷгона ва ҷумъаву идайн хонда мешавад, макрӯҳ аст, чӣ майит дар дохили масҷид бошад ва чӣ дар беруни масҷид”.

Аз Ҳазрати Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Касе, ки дар масҷид намози ҷаноза хонад, барои ӯ ҳеҷ чиз нест», яъне на намози ҷанозааш дуруст аст ва на муҷиби подош мегардад. («Равиши намози Расулуллоҳ (с)», саҳ. 440). Бинобар ин, дар аксар маҳаллаҳо дар паҳлӯйи масҷидҳо барои хондани намози ҷаноза шароит фароҳам оварда шудааст.

Намози ҷанозаро ё дар саҳни масҷид ё дар маҳале, ки маит иқомат мекард, адо кардан беҳтар аст.

Солҳои охир ҷанозаҳоро дар наздикии қабристон мехонанд. Ҳол он ки ин ҳам тартиби худро дорад.

Агар дар дохили қабристон ҷои холӣ бошад ва дар пешорӯи намозгузорон қабр набошад ё ин ки қабр мавҷуд буда, вале аз чашми намозгузорон дуртар бошад, дар ин сурат намози ҷаноза бекароҳият дуруст аст. Дар ғайри ин сурат макрӯҳ аст, чунки аз Имом Абуҳанифа нақл аст, ки фармуданд: “Намози ҷаноза хондан дар байни қабрҳо писандида нест”. (“Бадоеус-саноеъ”, ҷ. 1, саҳ. 315, боби “Салоти ҷаноза”).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД