Он рӯз дар сар то сари ноҳия овозаи марги Суҳроб, ки худро ба дор овехтаву кушта буд, паҳн гашт. Мардум байни худ миш-мишкунон сабаби даст ба худкушӣ задани ин ҷавони ҳалимро, ки дар тӯли ҳаёти 30-солааш ҳатто пашшаеро озор надода буд, шарҳ доданӣ мешуданд. Яке волидони Суҳробро гунаҳкор мекард, дигарӣ ҳама айбро ба сари занаш мезад, савумӣ ин ҳамаро аз тақдиру насиб дониста, «аз қисмат ҷойи гурез нест» мегуфт, вале асли гап ба касе маълум набуд. Суҳроби паҳлавонро чӣ ё кӣ ба худкушӣ маҷбур кард, барои ҳама муаммо буд.
Бачаи гапдаро
Суҳроб дар байни фарзандони падараш, ки 10 нафаранд, тамоман дигар буд. Вай натанҳо аз хоҳару бародаронаш, балки аз тамоми ҳамсолонаш фарқ карда меистод. Аз ҳад зиёд меҳрубон ва гапдаро буд, кӯшиш мекард, ки аз хати кашидаи падару модараш берун набарояд, вале…
Беҳуда намегӯянд, ки ишқ неруи сарҳадшикан аст, на парвои шоҳӣ дораду на гадоӣ, ба дили касе, ки хост, тирвор ҷой шуда, дунёи ӯро батамом дигаргун месозад. Суҳроби гапдаро низ ошиқ шуд, ошиқи як духтари нозанини шаҳрӣ. Бо дидани он зебосанам дилаш моломоли орзуҳои ширин гашта, мисли кабӯтар дар қафаси сина пар-пар мезад, вале аз гуфтани ин роз ба волидонаш метарсид. Ҷуръат намекард бигӯяд: “Дадаҷон, очаҷон, ман духтари дӯстдошта дорам, ба хонаашон хостгорӣ равед!”. Ҷавон дар байни оташу об монда, чӣ кор карданашро намедонист.
Сиёсати падар
Падари Суҳроб - амаки Субҳон марди бисёр ҷиддист, аз ин рӯ, кам одамон ҷуръат карда, бо ӯ ҳамсуҳбат мешаванд. Суҳроб низ ҷуръат намекард, ки ҳатто ба рӯйи падараш нигоҳ кунад, ҳарчанд дар умраш ягон бор аз ӯ гапи пасту баланд ва сахт нашунида буд. Шояд солҳои зиёд дар мақомоти милиса кор карданаш ба рафтору гуфтори амаки Субҳон таъсир гузошта бошад, бисёр марди босалобат менамояд. Ҳангоми бо ӯ суҳбат кардан касро беихтиёр арақ зер мекунад. Суҳроб низ борҳо кӯшиш намуд, ки сирри дилашро ба падараш кушояд, бигӯяд, ки бо Манижа ном зебосанам аҳди ишқу муҳаббат дорад, вале ҳар дафъа бо дидани падар забонаш беихтиёр дар комаш мепечид ва осемасар нигоҳашро аз чашмони розҷӯйи ӯ гурезонда, ба ҳавлӣ мебаромад. Мебаромаду дар дил афсӯс мехӯрд, ки чаро нагуфт.
Тӯйи пинҳонӣ
Дар дили Суҳроб ду қувваи бузург бо ҳам дар талошу мубориза буданд - эҳтироми волидон ва шуълаи оламсӯзи оташи сӯзони ишқ. Суҳроб саргаранг шуда, чӣ кор карданашро намедонист. Ниҳоят ишқ ғолиб омад ва ҷавон қарор дод, ки аз падару модараш пинҳонӣ Манижаи азизашро ба занӣ мегирад. Тӯйи онҳо бе иштироки волидон ва хешу ақрабои домод гузашта бошад ҳам, домоду арӯс чунон хурсанд буданд, ки гӯё тамоми дунё дар зери нигинашон бошад. Суҳробу Манижа он рӯз аз шавқи висол бе болу пар гӯё дар осмон парвоз мекарданд. Хушбахт буданд ошиқон, чунон хушбахт, ки ҳатто як лаҳза ҳам дар бораи оқибати ин тӯйи пинҳонӣ андеша накарданд.
Никоҳи дуюму зани якум
Пас аз муддате волидони пурорзуяш бехабар аз зангирии Суҳроб дар тараддуди хонадор кардани ӯ афтиданд. Арӯсро падараш интихоб карда буд. Суҳроб то рӯзи тӯй чанд бор кӯшиш кард ба волидонаш фаҳмонад, ки алакай оиладору ҳамсараш фарзанд интизор аст, вале камҷуръатии зотиаш имкон надод, ки ин сирро кушояд. Метарсид, ки падару модараш аз онҳо пинҳонӣ зан гирифтанашро ҳамчун беҳурматӣ нисбат ба худ қабул карда, сахт меранҷанд. Намехост дар назари волидонаш бачаи нописанд намояд, аз ҳамин хотир, боз ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, мисли гӯсфанде, ки бо ресмон баста мебаранд, ночор ба мошин нишаста, ба хонаи арӯс рафт ва дар зери навои карнаю сурнай келини хушкардаи падару модарашро ба хонаашон овард. Ҳама хешу табор ва меҳмонон бо шавқу сурур рақсидаю бозида, ба онҳо хушбахтӣ мехостанд, аммо ба дили домод чизе намеғунҷид. Вай дар бораи ҳамсараш, Манижаи нозанинаш фикр мекард. Зан гирифтанашро хиёнат ба ишқи поки Манижа шумурда, дарун ба дарун худро мехӯрд, азоби рӯҳӣ мекашид, чунон азоби сахт, ки танҳо худаш медонисту Худо…
Дар байни ду дарё
Ин азоб солҳои дароз Суҳробро ёр гашт. Вай мисли моку дар байни ду зан рафтуомад карда, сарҳисоби корашро гум карда буд. Манижа аввалин шуда, ба никоҳи Суҳроб даромада бошад ҳам, баъди расман хонадор шудани ӯ зани дуюм ҳисоб мешуду келини ёфтаи волидонаш зани аввал, аз ҳамин хотир, Суҳроб кӯшиш мекард дар шаҳр боз як зани дигар доштанашро касе аз пайвандонаш пай набарад. Аз аҳли оилаашон пинҳонӣ ба шаҳр омада, бо Манижаи азизаш мисли ошиқу маъшуқа вохӯриҳои ширин мегузаронд. Дар дили ӯ танҳо ишқи поки Манижа шуъла мезад, вале маҷбур буд, ки шабҳоро дар деҳа дар канори ҳамсари қонуниаш саҳар кунад. Аслан ҳамсари қонуниаш ҳам духтари бад набуд, вале магар ба дил фармон дода мешавад?!