Ҳамал (21 март-19 апрел)
Агар ҳамсар надошта бошед, эҳтимолияти дар ин рӯз пайдо намудани бахти худро доред. Барои рафъи ғаму андуҳ вақти холии худро бо дӯстони кӯҳна ва аҳли оила гузаронед. Шояд маҷбур шавед, ки ба ҷои истироҳат кор кунед. Агар босабр бошеду ба ягон ҷанҷол қуш нашавед, метавонед мушкилиҳоро кам кунед. Мушкилиҳои молиявӣ ва корӣ ҳал мешаванд. Аз корҳои хатарнок дурӣ ҷӯед.
Савр (20 апрел-20 май)
Ошиқон дар ин рӯз нисбати якдигар қаҳру кина пайдо мекунанд. агар муҳаббати шумо қавӣ бошад, кор ба ҷудоӣ намерасад. Ба нафарони оиладор ишқбозӣ карданро тавсия намедиҳем. Шояд пули ғайричашмдошт ба даст оред ё қарзи кӯҳна баргардонда шавад. Ҳар хабаре, ки мешунавед, дурустиашро дубора тафтиш кунед. Барои оромии асабҳо аз йога истифода баред.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Бахти худро эҳтиёт кунед. Нафарони муҷаррад ногаҳон ошиқ мешаванд, вале ин муҳаббат дер давом намекунад. Ҳангоми кор бодиққат бошед. Ба мушкилоти хурд аҳамияти зиёд надиҳед. Агар корҳои муҳимро оғоз кунед, муваффақ хоҳед шуд. Агар вазни худро кам карданӣ бошед, аз имрӯз оғоз кунед, вале ба гуруснагии шадид роҳ надиҳед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Бо дӯстон ва ҳамсаратон ба сайри табиат ё қаҳвахона равед. Ҳамроҳ вақт гузаронидан муонсибатҳоятонро қавитар месозанд. Барои кор дар гурӯҳ рӯзи хуб аст. Аммо, барои сармоягузорӣ ва харидҳои калон рӯзи номуносиб аст. Агар таҷриба ва дониши худро якҷоя кунед, аз уҳдаи бисёр корҳо мебароед. Бештар сабзавот, мева ва ширинӣ бихӯред.
Асад (23 июл-22 август)
Ба ҳамсари худ дар корҳояш кумак кунед. Ба хонаатон хешовандони дур омада метавонанд. Барои қабули меҳмон омода бошед. Пеш аз оғози корҳои нав каме истироҳат кунед. Зиндагӣ танҳо кору ташвиш нест. Аз варзиши вазнин дурӣ кунед. Баъзе бемориҳои куҳнаатон хуруҷ намуда, табъатонро хира месозанд.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар ин рӯз аз дӯстдоштаи ранҷидаатон паём мегиред. Бояд тамоми нофаҳмиҳои байнатон сарзадаро бартараф кунед. Бо касе ҷангу муноқиша накунед. Бо диққатнокӣ метавонед аз мушкилиҳо наҷот ёбед. Агар обрӯятонро ҳифз кунед, корҳоятон хуб хоҳанд шуд. Имрӯз барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ рӯзи хуб аст. Аз варзиши вазнин дурӣ ҷӯед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Барои вохӯрӣ бо дӯстон рӯзи хуб аст. Шояд дӯсти нав ёбед, нафарони муҷаррад низ бахти худро пайдо мекунанд. Агар босабр ва хирадманд бошед, подош хоҳед гирифт. Ба сухани одамони баду манфӣ гӯш надиҳед. Агар бо ҷидду ҷаҳд кор кунед, ба ҳадаф мерасед. Нимаи дуввуми рӯз имконияти ба амал овардани орзуҳо вуҷуд дорад. Эҳтимоли гулӯдард шуданатон зиёд аст. Бо эҳтиёт бошед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Шояд ҳис кунед, ки ҳамсаратон нисбати шумо сард шудааст. Аммо, чунин нест, ӯ машғули кор аст. Беҳтараш ба корҳояш кумак кунеду ба асабаш нарасед. Аз ҷанҷолҳои хурд дурӣ кунед. Агар босабр бошед, ҳама чиз хуб мешавад. Рӯзи номувофиқ барои сафар ва корҳои тиҷорат аст. Бисёр мушкилиҳои хурд пеш меояд. Аз бемориҳо ва ҷароҳатҳо худро эҳтиёт кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Шояд бо нафари шавқоваре вохӯрда, дигар аз ӯ дил канда натавонед. Дар хонаатон воқеаи ногаҳонӣ рух медиҳад. Аз корҳои иловагӣ дурӣ ҷӯед. Беҳтараш вақти худро ба шуғли дӯстдошта ва робита бо дӯстонатон сарф кунед. Аз нӯшидани қаҳва ва дигар маводи нерубахш худдорӣ намоед, дар акси ҳол хобатон гум мешавад.
Ҷадӣ (22 декабр-19 январ)
Барои сохтани робитаи устувор бо дӯстдошта рӯзи хуб аст. Ба нуқтаи назари ҳамсаратон эҳтиром гузоред. Дар оила воқеаҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд. Ба тағйирот омода бошед. Ба ҷанҷол ва корҳое, ки ба он дахл надоред, худро қуш накунед. Шояд пешниҳодҳои тиҷоратии даромаднок гиред. Худро аз бемориҳои вирусӣ ҳифз кунед. Ба варзиш ва истироҳат вақт ҷудо кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Вақтҳои охир аз сабаби серкорӣ оилаву фарзандонро фаромӯш кардаед. Ин коратон хуб нест. Вақти холии худро бо аҳли оила ва дӯстдоштаатон гузаронед. Бегоҳирӯзӣ дар хонаатон эҳтимоли сар задани муноқиша дар назар аст. Агар ба шумо вазифаи баландтар пешниҳод шавад, нағзакак фикр кунед. Барои ёфтани манбаъҳои нави даромад рӯзи хуб аст. Дар ҷойҳои серодам хӯрок нахӯред. Хатари сироят ёфтанатон зиёд аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ба эҳсоси дарунии худ гӯш дода, амал кунед, хато намекунед. Ба хотири оромӣ, бо хешовандотон баҳс накунед. Имконияти пешрафти корӣ вуҷуд дорад, онро аз даст надиҳед. Ҳамеша каме пул дар дасти худ дошта бошед. Узвҳои даруна ва ҷигари худро аз ташхис гузаронед. Эҳтимол баъзе бемориҳое вуҷуд доранд, ки шумо ба эътибор намегиред.