Oila Navruz
Хумори бахти аввал
07.01.2022
ОИЛА
5133

 Ишқи бачагӣ

Неъмату Фирӯза хело ҷавон, яке дар ҳабдаҳу дигаре дар нуздаҳсолагӣ бо ишқу муҳаббат хонадор шуданд. Зиндагии ширину хушбахтона, ки доштанд, чӣ тавр аз арӯсиашон 15 сол гузашт, худашон нафаҳмида монданд.

Ташнаи фарзанд

Якдигарро ки дӯст медоштанд, аввалҳо ба фарзанд надоштанашон чандон аҳамият намедоданд, вале баъди 5-6 соли ҳамзистӣ бо маслиҳати падару модар ба табибон муроҷиат мекардагӣ шуданд. Фирӯза аз рӯйи маслиҳати кампири ҳамсоя амал карда, шабҳо хишти гармеро рӯйи шикамаш мегузошт. Вақте ки табибони занона ӯро аз муоинаи тиббӣ гузаронида ташхис карданд, маълум шуд, ки бачадонаш бар асари гармии зиёд гирифтори бемории табобатнашаванда гаштааст. Духтурон аз Фирӯза пинҳонӣ ба Неъмат ҳамаашро фаҳмонда гуфтанд, ки агар зани дигар гирад, кӯдакдор мешавад, вале дили ҷавонмард нашуд, ки талоқи занашро диҳад. Вай Фирӯзаро дилбардорӣ карда мегуфт, ки ғам нахӯрад, Худо хоҳад, ягон рӯз фарзанддор мешаванд.

Садоқати мард

Неъмат ҳарчанд медонист, ки аз ҳамсараш фарзанд намешавад, ҳеҷ аз Фирӯза дил канда наметавонист. Вай рӯз то рӯзу сол то сол Фирӯзаашро бештару бештар дӯст медошт. Онҳо бо маслиҳати ҳамдигар хостанд кӯдакеро ба тарбияи худ бигиранд. Неъмат бо ҳамин ният ба назди хоҳари яккаву ягонааш рафта мақсадашро гуфт. Аз шунидани ин гап ашки чашмони хоҳараш ҷорӣ шуд. Ҳамон шабу рӯз вай моҳи нуҳуми ҳомиладориро аз сар мегузаронд ва ваъда дод, ки агар фарзандаш соқу саломат таваллуд шавад, хоҳ писар бошаду хоҳ духтар кӯдакро ба онҳо медиҳад.

Умеди зиндагӣ

Хоҳари Неъмат Гулбегим ба қавлаш вафо кард. Ӯ баробари таваллуд кардани духтарчааш бародару янгаашро ба хона даъват карда, навзодро дар бағалашон монду гуфт: «Ман ин тифлро бо меҳру садоқати бепоён ба шумо медиҳам. Хоҳед номашро Меҳрубон ё Садоқат монед, нахоҳед ҳар номеро, ки худатон ба ӯ муносиб медонед, гузоред. Ин кӯдак фарзанди шумо ва ихтиёраш ба шумост…»

Фирӯза лабонашро ба рухсорачаҳои тифл наздик бурда, ӯро дергоҳ бӯсиду бӯй кашид. Хурсандии Неъмат ҳам ҳадду канор надошт. Азбаски хоҳару бародар дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд, Гулбегим аз ҳоли тифлак бохабар шуда, тез-тез омада ӯро мемаконд, зеро янгааш таҷрибаи нигоҳубини тифли навзодро надошт.

Насиҳати қисматсӯз

Мавсими пахтачинӣ сар шуда буд ва ҳамаи занону духтаронро ба чидани пахта сафарбар мекарданд. Фирӯза ба назди Гулбегим омада гуфт:

-Беҳтараш ман ба саҳро мебарояму ту Садоқатро нигоҳ кун, чунки ӯро макондан лозим меояд.

Гулбегим бо қарори янгааш розӣ шуд. Ҳамин тавр, Фирӯза ба кори саҳро- ба пахтачинӣ баромад. Баъди ба кор баромадан, Фирӯза нисбати тифлак беаҳамият шуда монд. Муносибати ӯ бо шавҳараш низ чандон хуб набуд. Неъмат бо ӯ ҳазлу шӯхӣ кунад, Фирӯза дар ҷавоб дағалӣ мекард ё ягон гапи хунук мегуфт. Аввалҳо ҷавонмард сабаби аз зиндагӣ дилхунук шудани занашро нафаҳмида, пушти сар мехорид, баъдтар фаҳмид, ки Фирӯзаро дугонаҳои ҳамкораш ҳаво дода, мегуфтаанд, ки ту ҳоло ҷавонӣ, умратро бо як марди безурриёт хазон накун, агар шавҳарат ягон гуноҳ намедошт, ин қадар ба ту хушомад зада, меҳрубонӣ намекард. Ба умеди фарзанди мардум нашав, як рӯз не, як рӯз хоҳараш омада кӯдакро гирифта мебараду ту бо даҳони воз мемонӣ. Ҳоло ҳам вақт дорӣ, беҳтараш аз шавҳарат ҷудо шуда шӯи дигар кун, лаззати модар шуданро чашида хушбахти олам мешавӣ…

Маслиҳатҳои занони ҳамкору ҳамсоя Фирӯзаро ба фикр кардан водор сохт. Ҷавонзан дар кӯчаҳои сарбастаи зиндагӣ раҳгум зада буд ва хаёлан ҳаёти хушу хуррамонаи дар пеш истодаашро тасаввур карда, майли ҷудоӣ менамуд…

Талоқ

Фирӯза арзи дилашро ба падару модараш гуфта аз онҳо маслиҳат пурсид. Волидонаш, ки дербоз дар андешаи ҷудо кардани ӯ буданд, дарҳол бародаронашро ба сари Неъмат фиристоданд. Ҷавонмард талоқи занашро додан намехост, вале вақте ки бародарони Фирӯза аз гиребонаш гирифта талаб намуданд, ки ҷавоби хоҳарашонро диҳад, дар чашмони Неъмат донаҳои ашк ҳалқа зада: «Шӯ карданӣ бошад, кунад» гуфт. Падару бародарони занаш ба мақсади худ расида, зуд тамоми чизу чораи хонаро ба мошини калони боркаш бор карданд. Дар хонааш ҳатто як мех намонда бошад ҳам, Неъмат барои хонасалот шудан не, барои заволи бахти аввалаш ғусса мехӯрд…

Аз байни ҷиҳози ба мошин бор кардаи хешони ҳамсараш вай танҳо як рӯймолчаи гулдӯзии худи Фирӯза дӯхтаро гирифту бо чашмони пуроб ба хонаи мисли лонаи чуғз холигаштааш даромад.

Ташнаи дидор

Неъмат ҳафтаҳо, моҳҳо интизори бозгаштани Фирӯза буд, вале аз байн қариб як сол гузашту аз Фирӯза дарак нашуд. Ҷавонмарди ташнаи дидор чанд бор ба суроғи занаш ба деҳаи онҳо рафт, аммо Фирӯза на ба пешвозаш баромаду на худро ба Неъмати бахтгумкарда нишон дод. Пас аз як соли ҷудоӣ Неъмат фаҳмид, ки Фирӯзаро ба як марди занмурда, ки даҳ кӯдак доштааст, ба шавҳар додаанд ва умедашро аз ӯ канд.

Бахти дуюм

Пас аз ду соли интизориҳо падару модараш маҷбуран Неъматро хонадор карданд. Ҳамсари наваш духтари хона ва ниҳоят зебо бошад ҳам, дили Неъмат ҳамоно ба ёди бахти аввалаш гум мезад…

Меваи умр

Баъди як соли хонадорӣ Неъмат соҳиби писарчаи зебое шуд. Ду сол пас бошад, ҳамсараш якбора сегоник зоида сари ӯро ба осмон расонд. Фирӯзаи ба хотири фарзанд бахтро пушти по зада бошад, солҳои зиёд бо он марди занмурда ба умеди модар шудан зиндагӣ карду кӯдакдор нашуд. Фарзандони он мардро калон карда соҳиби хонаю дар сохта бошад ҳам, вай дар мағзи ҷонаш ҳис мекард, ки бе муҳаббат зиндагӣ кардан чӣ қадар душвору пуразоб будааст. Дар зиндагӣ хато карданашро вай кайҳо дарк карда буд, вале дигар аз пушаймонӣ суде набуд. «Мани аҳмақ ба маслиҳати бахтсӯзи дигарон гӯш карда, бахтамро пушти по задам» гӯён, пушти даст мегазиду мегирист, аммо…

Хумори бахти аввал

Фирӯза аз ғами бисёр ба бемории сил гирифтор шуд. Пеш аз маргаш вай ба пайвандонаш васият карда, гуфт ки дар байни кӯрпаҳои хонааш як кӯрпаи сатини сурхи гулдор дорад, ки аз зиндагии якҷояаш бо Неъмат ёдгорист. «Маро ба ҳамон печонда ба гӯр монед, то бӯи Неъмат ба димоғам зада, осуда дар гӯр хоб равам» гӯён, вай чашмони пуробашро пӯшид ва рӯяшро ҷониби девор гардонда ҷон ба ҷонофарин супурд… Неъмат бошад, бо вуҷуди зиндагии хушу фарзандони бузургу солим доштанаш ҳанӯз ба он рӯймолчаи гулдӯзии куҳнаву гулҳояш хира гашта нигариста оҳи сард мекашад…

Тоҷинисои Азиз

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД