arzon replenishment
Хушдоманам маро “саги овчарка” мегӯяд
3321

Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ
Ман Нигина, ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Душанбе ниёз ба маслиҳат ва роҳнамоии шумо дорам.
Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Ростӣ гап аз рӯзи аввали зиндагиамон шавҳарам ба ман гуфта буд, ки модарам каме сахтгир аст, аз гапҳои он кас наранҷ, чизе гӯянд, хуб гӯй. Ин гапҳоро дар гӯшам ҳалқа карда, кӯшиш мекардам, ки ҳама кору бори хонаро сари вақт ба анҷом расонам, то модаршӯям дар ҳаққам ягон гап наёбад, вале аз тӯямон як сол ҳам нагузашта, хушдоманам маро ба хешу табораш ва ҳамсояҳо бад карда гуфтааст: “келинам духтари чалфас ва хоболуд аст, аз дасташ ягон кор намеояд...”
Ин гапҳоро шунида хун ба сарам зад, вале хотири шавҳарам худро ба даст гирифта ба хубӣ аз модаршӯям хоҳиш кардам, ки минбаъд айбамро ба рӯям гуфта, сирри хонадонро набарорад. Хушдоманам бо шунидани ин суханони ман якбора ба қавле “девона шуд” ва ҳавлиро ба сараш бардошт, ки ту тирмизак келин шуданатро як сол нашуда, ба ман ақл нишон медиҳӣ?! Ҳоло ист, агар пою қадаматро аз ин хонаву дар бо шохҷорӯб нарӯбам, номам Муслима набошад...
Хулоса, он рӯз хушдоманам бо сари сафедаш маро таги по карда, мурданивор зад ва рӯю мӯямро канд, аммо ин гапро ба шавҳарам нагуфтам, ки муносибати очаву бача вайрон нашавад. Зӯриву пешхезӣ гуфтагӣ барин, худи хушдомани ҷаллодам ба писараш ҳодисаро бо обу ранги дигар нақл карда, ҳатто гиря кардааст. Шавҳарам ҳам асли гапро напурсида сари қаҳр маро чанд мушту лагад зад. Ҳарчанд гуфтам, ки дар асл ҷанҷолро худи модарат сар кард. Ба гапҳоям бовар накарда,таъкид намуд, ки агар як бори дигар модараш аз ман шиноят кунад, аз худам гиламанд шавам...
Азбакси шавҳарамро дӯст медоштам, сари кафида таги тоқӣ гуфта, ба модарам дар бораи шатта хӯрданам чизе нагуфтам. Ҳамин тавр хушдоманам ба қавле шерак шуда монд ва минбаъд дилаш чизе, ки хоҳад гуфтан мегирифт. Вай дигар маро бо номам садо накарда, фақат “саги овчарка” мегуфт. Аламам омада, чанд моҳ бо ҳамин ҳол зиндагӣ кардам, аммо ҷабру зулми модаршӯям торафтзиёдтар мешуду камтар не, акнун кампир ҳамеша аз таги нохун чирк кофта мегашт ва барои ҳар як майда-чӯйда маро бо шавҳарам чанг андохта худаш аз дур тамошо мекард. Як рӯз боз бо балвои модараш шавҳарам мани ҳомиладорро зад ва косаи сабрам лабрез гашта, қаҳр карда аз хонаашон баромада рафтам.
Инак, муддати се моҳ мешавад, ки дар хонаи падару модарам зиндагӣ карда истодаам. Якуним моҳ пеш писарчадор шудам. Шавҳарам чанд маротиба барои ба хона бурдани ману писараш омад, аммо ҳамроҳаш нарафтам, чунки хушдоманам ягон бор наберашаро диданӣ наомадааст. Модарам маро насиҳат карда мегӯянд, ки ҳарчи ҳам набошад, хушдоманат одами пир аст, хотири писарчаат рафта бахшиш пурс ва зиндагиатонро идома диҳед, чунки ҳар як фарзанд ба падару модари худаш азиз аст. Ростӣ, чи кор карданамр намедонам, аз як тараф шавҳарамро дӯст медорам ва намехоҳам, ки фарзандам зиндаятим шавад, вале аз ҷониби дигар андеша мекунам, ки агар бо пойи худам ба хона баргардам, хушдоманам бештар ҳаво гирифта, рӯзамро сиёҳ мекунад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Нигина, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД