arzon replenishment
Чаро Шабнам худро оташ заданист?
5664

Ман Шабнам, 19- сола. Ба имдодам бирасед, вагарна худамро оташ мезанам. Чаро гуфта, шояд ҳайрон шавед. Барои он, ки бо ду ҷавон аҳди ишқ баста, хиёнат дидам. Дӯстдоштаи аввалам аз ман пули калон талаб карда буд. Нисфи маблағи гуфтаашро пайдо карда бурдам. Пулҳоро ба сарам пош дода, дод зад: «Ман гадо нестам» ва маро тарк намуд. Азоби зиёд кашидам, шабу рӯз барои ишқи шикастхӯрдаам гиря мекардам. Чанд сол пас ҷавони дигаре дар ҳаётам пайдо шуд. Далер ном дошту доим аз пасам мисли соя мегашт. Ба қавлу қасамаш бовар карда, ишқашро пазируфтам. Шунида будам, ки Далер як духтарбози ашаддист, вале меҳрубониҳояш чунон обу адоям карданд, ки сахт дӯсташ доштам. Рӯзе ҳамроҳи дугонаҳоям ба тамошо баромадему дар хараки назди боғи Рӯдакӣ Далерамро бо духтари дигар дидам. Дасту пойҳоям суст шуданд. Гирён аз наздаш гузашта, ба хона омадам. Далер шояд аз рафтори номардонааш шармида, пас аз ин ҳодиса дигар ба ман занг назад. Пайваста дар ишқ фиреб хӯрдан маро аз зиндагӣ дилсард кардааст. Дигар зистан намехоҳам. Аз найранги дунё сер шудаам, мехоҳам худамро оташ занаму дигар ин олами бевафоёнро набинам. Ҳоҳиш мекунам, ба ман маслиҳат диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД