Мавҷуд будани кирм дар рӯда ва меъдаи кӯдак барои саломатиаш зарарнок аст.
Якум: Кирмҳо витаминҳо, минералҳо ва дигар моддаҳои муфиди дар организми кӯдак мавҷуд бударо, ки барои рушди худи кӯдак заруранд, мехӯранд.
Дуюм: Кирмҳо аз худ моддаҳои заҳрноке мебароранд, ки ба саломатии кӯдак зарар дорад.
Сеюм: Мавҷуд будани кирм дар организми кӯдак метавонад боиси пайдо шудани аллергия гардад.
Чорум: Муддати дурудароз дар организми кӯдак зиндагӣ кардани кирмҳо боиси ҷомезӣ гашта метавонад. Аксари кӯдаконе, ки шабҳо бистари хобашро тар мекунанд, кирм доранд.
Панҷум: Баъзе намудҳои кирми рӯда ба дигар узвҳои ҳаётан муҳим аз қабили шуш, ҷигар ва дил низ осеб мерасонанд ва дар апендикс ҷойгир шуда, илтиҳобро ба вуҷуд меоранд. Дар натиҷа кӯдак ба апендитсит гирифтор мешавад.
Шашум: Кирми рӯда баъзе намудҳои хатароке дорад, ки мисли халта ҷамъ шуда, рӯдаро маҳкам мекунанд. Дар натиҷа организми кӯдак заҳролуд шуда, зарурати гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба миён меояд.
Ҳафтум: Мавҷуд будани кирми Аскарида дар вуҷуди кӯдак метавонад боиси ба пневмония, бронхит ва астма гирифтор шудани кӯдак гардад.
Парҳез барои кӯдаконе, ки кирми рӯда доранд
Кӯдаконе, ки кирми рӯда доранд, бояд аз хӯрдани торту шириниҳо, шоколад ва шири зиёд худдорӣ намоянд. Маҳсулоти ширии туршак-кефир, ряженка, чака ва ҷурғот баръакс фоида дорад. Меваю сабзавот низ муфид аст, вале онро тоза шуста, баъд ба кӯдакон додан лозим аст. Ба кӯдак бештар ҷигар, моҳӣ, зардии тухм, мағзи чормағз, саршир (сливки) додан лозим аст.
Барои халосӣ аз кирми рӯда чӣ бояд кард?
Барои аз кирми рӯда халос шудан ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Дар баробари дорӯҳое, ки табиб, баъди анҷом додани ташхисҳои зарурӣ ва муайян кардани намуди кирм таъин мекунад, ҳамчунин аз давоҳои халқӣ низ истифода бурда метавонад. Яке аз чунин давоҳои таъсирбахш ва кирмкуш ин сир-чеснок мебошад.
Даво аз шир ва чеснок
Сир қариб тамоми намудҳои кирми рӯдаро нест карда метавонад. Чанд рӯз пай дар пай сир-чеснокро бо шир ҷӯшонда, субҳи содиқ дар шиками холӣ ба кӯдак диҳед, кирмҳоро мерезонад.
Донаи каду
Донаи кадӯ низ кирмҳоро несту нобуд карда метавонад, вале онро дуруст истифода бурдан лозим аст. Донаи бо намак бирёнкардаи кадӯ фоида надорад. Барои халосӣ аз кирми рӯда шумо бояд донаҳои кадуро дар офтоб хушк карда, кӯфта ба фарзандатон диҳед.
Шарбати хабуза
Шоҳтути заминӣ, шохчаҳои зардолӯ, сабзии хом ва шарбати харбӯза ҳам барои халос шудан аз кирмҳои рӯда ёрӣ мерасонанд, ба шарте, ки бидуни моддаҳои кимиёвӣ парвариш ёфта бошанд.
Барои пешгирии кирми рӯда чи бояд кард?
Барои пешгирии пайдо шудани кирми рӯда дар кӯдакон амалҳои зеринро анҷом додан лозим аст:
1. Кӯдаконатонро одат кунонед, ки дастонашонро баъди сайругашт дар кӯча, баромадан аз ҳоҷатхона ва пеш аз хӯрок ҳатман бо собӯн бишӯянд.
2. Нохунҳои кӯдакро тез-тез бигиред ва либоси таҳпӯшашро ҳар рӯз иваз намоед.
3. Ҳар як кӯдак бояд рӯйҷойи худ ва сачоқи худро дошта бошад.
4. Меваю сабзавотро тоза шуста, баъд ба кӯдакон диҳед.
5. Тамоми намудҳои гӯшт ва моҳиро нағзакак пухта, баъд ба назди кӯдакон гузоред.
6. Соле ақаллан як маротиба барои дилпур гаштани худ барои ташхиси кирми рӯда муроҷиат намоед.
7. Агар яке аз аъзоёни оилаатон кирми рӯда дошта бошад, тамоми аҳли оила бояд баробар табобат бигиранд, то ки ҳамдигарро дубора сироят накунанд.