Arzon march 2024
КИРО ИНТИХОБ КУНАМ: МОДАР Ё ДӮСТДОШТА?
30.12.2020
ОИЛА
5278

Ба қарибӣ ман бо як ҷавонмард шинос шудам. Ӯ хостгор фиристода аз модарам ризоият талибид. Модарам ба онҳо ҷавоби рад дода, ҳатто намегузорад, ки бо ӯ вохӯрам. Охир, ман духтари хурд нестам, ба синну соли балоғат расидаам. Кор карда, оилаамонро (худам ва модарам) таъмин карда истодаам. Чӣ кор кунам?Агар ба ӯ ба шавҳар бароям , модарам аз баҳрам мегузарад. Аммо ман ин мардро дӯст медорам, ӯ низ ҷонашро аз ман дареғ намедорад.

РУХШОНА, ш. ДУШАНБЕ

РАВОНШИНОС:

Агар шумо худро ба балоғатрасида ҳисоб кунед, он ҷавонро дӯст доред ва боварӣ дошта бошед, ки бо ў хушбахт мешавед, пас шумо барои тақдири худро ҳал кардан тайёред ва масъули рафтори худ буда метавонед. Барои рад кардани никоҳатон ягон сабаби ҷиддӣ нест, баъдан охир бо ӯ шумо зиндагӣ мекунед на модаратон. Аммо модаратонро низ кӯшиш кунед, ки фаҳмед, ташвиши ў низ сабаб доштагист.Бо модаратон, албатта, сӯҳбат кунед. Уро бодиққат гӯш кунед, оромаш созед, тарсу шубҳаҳояшро бартараф намоед. Агар шумо ба ниятатон устувор бошед, ҳамон тавре рафтор намоед, ки худатон лозим медонед. То ки баъд аз модаратон домангир нашавед, ки ӯ ҳаёти шуморо сӯхт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД