arzon replenishment
Китобҳои ҳанафӣ кадомҳоянд?
28.02.2023
ОИЛА
582


Мо мардуми Тоҷикистон ҳама мусалмонони ҳанафӣ ҳастем. Мехоҳам мазҳабамонро бештар омӯзам. Кадом китобҳои мӯътамад вуҷуд доранд, ки метавон аз он мазҳаби ҳанафиро омӯхт?
Ҷасур, н. Деваштич.

          Посухи домулло Ҷамолидин Хомӯшӣ

Китобҳои фиқҳие, ки дар мазҳаби ҳанафӣ мавриди эътимод қарор гирифтаанд, чаҳортоанд:

Китоби аввал: "Маҷмаъу-л-баҳрайни ва мултақо-н-наҳрайн”-и Музаффаруддин Аҳмад ибни Алӣ, маъруф бо номи Ибну-с-соъотӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Китоби дуввум: "Канзу-д-дақоиқ"-и Имом Абу-л-баракот Абдуллоҳ ибни Аҳмади Насафӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Китоби саввум: "Виқояту-р-ривояти фӣ масоили-л-ҳидоя"-и Имом Тоҷу-ш-шариъа Ал-Маҳбубӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).

Китоби чаҳорум: "Ал-Мухтору лил-фатво”-и Абу-л-фазл Абдуллоҳ ибни Маҳмуд ибни Мавдуди Мавсилӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).
Ба ин китобҳои чаҳоргона, боз як китоби муҳими дигаре бо номи "Мухтасару-л-қудурӣ" илова мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД