sebiston july new
Китобҳои осмонӣ чанд тоянд?
707

 

Теъдоди китобҳои осмонӣ чандто ҳастанд? Мо мусалмонон ба кадом китобҳои осмонӣ бояд бовар дошта бошем ва пайравӣ кунем?
Даврон, ш. Хуҷанд.

Аз Ҳазрати Иброҳим то Ҳазрати Муҳаммад (С.С) Худованд барои ҳидояти башар китобҳои осмонии бисёре фиристодааст, ки он саҳифаҳои Иброҳим (а) ва Нӯҳ (а), Тавроту Инҷилу Забур ва аз ҳама комилтар Қуръони маҷид аст.

Машҳуртарин китобҳои муқаддаси осмонӣ асосан чаҳорто, Таврот, Инҷил, Забур, Фурқон, яъне Қуръон мебошад.
ТАВРОТ. Таврот китобе аз китобҳои Худованд аст, ки бар калимаш Мусо (а) нозил кардааст, барои баёни аҳкоми шаръӣ ва ақоиди дуруст ва писандида ва дар он мужда ба зуҳури паёмбаре аз фарзандони Исмоил дода шуда, ки ӯ Паёмбари мо Муҳаммад (с) аст ва дар он ишора шуда ба ин ки ин Паёмбар дини ҷадидеро меоварад, ки ба сӯи биҳишт ҳидоят ва раҳнамоӣ мекунад.
ИНҶИЛ. Инҷил, ки Худои таоло онро ба ҳазрати Исои Масеҳ (а) нозил карда аст ва он тасдиққунандаи Таврот аст. Инҷил маънои «башорат» ва «хушхабар» буда, яке аз китобҳои Худованд аст, ки ба хотири баёни ҳақоиқ ва даъвати мардум ба сӯи тавҳид ва яктопарастӣ ва насхи бархе аҳкоми Таврот бар тибқи муқтазаёт ва мужда додан ба зуҳури хотами анбиё бар ҳазрати Исо (а) нозил шудааст. Уламо муътақид ҳастанд, ки Инҷили кунунӣ дорои чаҳор нусха аст ва аз тарафи чаҳор шахс навишта шуда, ки бархе аз онҳо ҳаргиз Масеҳ (а) -ро надидаанд.
ЗАБУР. Забурро Худованд барои ҳазрати Довуд (а) нозил карда, аҳкоми шаръӣ вуҷуд надорад, зеро ки Довуд (а) маъмур ва аз шариати Мусо (а) пайравӣ намояд.
ҚУРЪОН. Барои тамоми бандагони мусалмон китоби муқаддас ба ҳисоб меравад ва муслимин кӯшиш мекунанд, ки зиндагии худро дар асоси фармудаҳои он ба роҳ бимонанд, аммо Худованд ба ғайр аз Қуръон барои ҳидояти бани башар боз чанд китоби дигар низ фиристодааст, ки донистанашон барои ҳар як фарди мусалмон шарт аст.
Худованди мутаъол мефармояд: «Пайғамбар ба он чӣ аз Парвардигораш ба сӯи ӯ фуруд оварда шуд, бовар дошт ва мӯъминон низ ҳама ба Худо ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва пайғамбарони Ӯ имон оварданд.” (Сураи «Бақара», ояти 285) Қуръон таҳриф нашуд, вале...
Мутаассифона бар асари гузашти замон ва дахолати ҷоҳилон бисёре аз китобҳои осмонӣ мавриди таҳриф (изофа ё кам кардани матн) қарор гирифту афкори нодуруст омехта шуд, вале Қуръони карим дастнохӯрда боқӣ монд ва ҳамчун офтоби ҷаҳонтоб дар ҳамаи асру замонҳо медурахшад ва дилҳоро бо нури худ равшан месозад. Худованд фармуда, ки «Эй касоне, ки имон овардаед, имон биёваред ба Худованд ва паёмбараш ва китобе, ки ба паёмбараш фиристод (яъне Қуръон) ва китобе, ки пеш аз ин фиристодааст (Таврот, Инҷил ва ғайра) ва ҳар касе, ки ба Худованд ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат кофир шуд (ва имон наёвард), сахт дар гирдоби гумроҳӣ воқеъ шудааст». (Сураи «Нисо», ояти 136) Имон ба китобҳои осмонӣ имон ба Худованд аст! Яке аз усули ақидаи исломӣ имон ба китобҳои осмонӣ мебошад. Мо имон дорем ба ин ки Аллоҳ таоло ба паёмбарони худ китоб фиристодааст, тавре ки Аллоҳ таоло мефармояд: «Ҳар оина фиристодем паёмбарони худро ба нишонаҳои возеҳ ва фуруд овардем ҳамроҳи эшон китоб ва тарозуро то амал кунанд мардумон ба инсоф». (Сураи «Ҳадид», ояти 25). Имон ба китобҳои осмонӣ иборат аст аз эътиқод ба ҳаққонияти китобҳое, ки аз ҷониби Аллоҳ - субҳонаҳу ва таъоло – барои ҳидояти махлуқот ба паёмбарон (а) нозил шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД