arzon replenishment
КӮЛОБ: ПЕРЧАТКА ҲАМ ДЕФИТСИТ ШУД!
1996

 

Бо ба вуҷуд омадани вазъияти мудҳиш дар кишвар ва таҳдиди хатари гирифторшавӣ ба вируси нави Ковид - 19 табибон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз ин ин вирус дастпӯшакҳои селофании яккарата ва ниқобҳои тиббӣ истифода шавад.

Баъди тасдиқи мавҷудияти вируси нави корона дар кишвар аксар сокинони шаҳру навоҳии гуногун аз болоравии нархи маводи доруворӣ шикоят карда истодаанд. Дар баробари қиммат шудан, инчунин камëфт гаштани дорувориҳо низ боиси ташвишу саргардонии сокинон шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб аксар сокинон аз дефитсис шудани дастпӯшак шикоят доранд. Перчаткаҳои селофанӣ, ки пештар 50 дирам нарх доштанд, ҳоло бо арзиши 2,50 - 3 сомонӣ фурӯхта мешаванд. Бар замми ин, онро на дар ҳама дорухонаҳои шаҳр ëфтан имкон дорад. Наздик ба 13 дорухонае, ки мо аз ҳудуди Таваққуфгоҳи марказӣ (Автовокзал) то бинои САҲШ пурсидем, фақат якҷавоб буд: надорем. Тамом шудааст.


Барои фаҳмидани сабаби ин мо ба чанд доруфурӯш муроҷиат кардем. Баъзеҳо бо фаҳмидани касбамон аз ҷавоб доданд мегурехтанд, аммо чанди дигар инро ба марги Ҳоҷӣ Ҷаббори доруфурӯш нисбат медиҳанд. Фирдавс поëнтар аз Маркази савдои "Абдухолиқ" дар дорухонае фурӯшанда аст. Ӯ гуфт, ки пештар "Ҳоҷӣ худаш моро таъмин мекарданд. Дар анборҳои раҳматӣ захира доим буд. Баъди марги ӯ дигар анбордорон моро камтар суроғ мекунанд. Вақти худамон барои кофтан намерасад. Муштарӣ бисëр аст. Кӣ бояд моро таъмин кунад?"
Дар воқеъ, давоми суҳбати мо чанд мизоҷ омаду перчатка пурсид, аммо Фирдавс ба ҳама "надорем" мегуфт. Доруфурӯшони дигар ҳам чун Фирдавс ҳайронанд, ки кӣ акнун онҳоро бо бор таъмин мекунаду ба дарди беморон даво мебахшад? Мақомот ë идораи тандурустӣ?

Мирсаид САТТОРИËН,
рӯзноманигор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД