arzon replenishment
Луҳира Муъминова: Саҳна ман маниро намеписандад!
683


Луҳира Муъминова аз сарояндаҳои шинохта ва маҳбуби мардуми тоҷик мебошад, ки дар жанри “Шашмақом” мавқеи назаррас дорад. Ӯ сурудҳои “Марди нек”, ”Боз омадӣ”, “Парасту”, “Аз дастат фиғон фиғон дорам”, “Мазраи ишқ” ва даҳҳо суруди дигарро дар васфи ишқу муҳаббат ва зебогиҳои табиат бо эҳсоси баланд сароидааст.

Моҳи сентябри соли гузашта аз ҷониби Сарвари Давлат бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ қадрдонӣ карда шуд. Луҳира муддати 20 сол аст, ки сарояндаи ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Ф. Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ мебошад. Чӣ тавр Луҳира ба ансамбли мазкур роҳ ёфт, чӣ мушкилиҳо пешорӯи ӯ меистод, ӯро кӣ дастгирӣ карду ба ин сатҳ расид? Ба ин ва дигар саволҳо сарояндаи маҳбуб дар барномаи “Лазиз”-и ТВ Сафина посух гуфт:

-Меҳри сарондагӣ аз куҷо дар дили шумо пайдо шуд? Касе сабаб гашт ё сароидани ҳунарманде бароятон писанд омаду ин пешаро интихоб намудед?

-Ман аз овони кӯдакӣ дар муҳити мусиқӣ калон шудаам. Раҳматии падарам донандаи хуби мусиқии суннатӣ буданд. Дар хурдсолӣ вақте он кас месароиданд, ман ба тарзи хондан ва кашишҳои овозашон аҳамият медодам. Ҳамин тавр меҳру муҳаббат ва шавқи сарояндагӣ аз падар дар дили ман ҷой шуд.

-Яъне, ҳамроҳи падар суруд мехондед?
-Бале, месароидам.

-Аз оила танҳо шумо санъаткор шудед ё дигар фарзандони падар низ ҳунарманд ҳастанд?

-Хоҳарам ҳам овозхон аст, дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом фаъолият мекунад. Бародарам ҳам доиранавози хуб буд, ҳоло самти фаъолияташонро иваз карда, бо соҳибкорӣ машғул аст. Мардҳои хонаи мо ҳама доиранавозанд.

-Барои сароянда шудани шумо аз пайвандонатон касе зид набуд?

-Не.

-Баъди хатми мактаб аз Конибодом рост ба шаҳри Душанбе омадед?

-Бале. Баъд аз хатми мактаби миёна, бо дуои падару модар ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода ба шуъбаи мусиқии суннатии шарқ супоридам. Азбаски муҳаббати ман нисбати шашмақом зиёд буд, ҳуҷҷатҳоямро аз падарам пинҳонӣ ба ин шуъба супоридам. Падарам мехостанд, ки ҳунарпешаи театр ва кино шавам.

-Солҳое, ки шумо довталаб будед, имтиҳони қабулро аз доираи ҳунармандон киҳо қабул мекарданд?

-Набиҷон Абдуллоев, равонашон шод, декани факултет буданд, аз ҳунармандон Барно Исҳоқова, Алмос Абдуллоев ҳангоми имтиҳони қабул иштирок доштанд.

-Вақти супоридани имтиҳон ҳисси тарс ё ҳаяҷон буд, ки мабодо шеърамро фаромӯш накунам?

-Албатта, ҳар инсоне, ки бори аввал рӯ ба рӯи устодони худ меистад, ин ҳиссиёт ӯро фаро мегирад. Аввалин имтиҳонамро бо баҳои баланд супоридам. Баъди хатми донишкада ба ансамбли “Шашмақом” роҳхат доданд ва муддати 30 сол аст, ки дар ин ҷо кор мекунам.

-Аввалин бор ба ансамбл омадед, чӣ гуна шуморо қабул карданд ва аз ҷониби кормандони онвақтаи ансамбл чӣ гуна дастгирӣ ёфтед?

-Вақте аввалин бор ба ансамбли “Шашмақом” ба кор омадам, аз бонувон Мастона Эргашева, Сабоҳат Наҷмидинова, Саодат Умарова, Саодат Ашӯрова ва аз мардҳо Фурқат Саидзода, Нуъмон Тоштемиров ва чанд нафари дигар буданд. Он солҳо бисёр мехостам дар саҳнаҳои касбӣ бо сурудҳои хеш дар жанри шашмақом баромад кунам, аммо муҳит танг буд, яъне ба ҷавонҳо камтар иҷозат медоданд. Ҳоло бошад, бо дастгирии роҳбари ансамбл Фурқати Саидзода ба тамоми ҷавонон имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Маро, ки он вақт дастгирӣ намекарданд, ман ҳамеша ҷавонҳоро дастгирӣ мекунам.

-Гуфтед, ки маҳдудиятҳо зиёд буд. Пас, кӣ шуморо дастгирӣ кард?

-Ҳамон солҳо маҳз Фурқат Саидзода ба назди ман омада гуфтанд, ки як оҳанг бароятон омода кардам, шеър аз Гулназар, “Боз омадам” ном дорад. Вақте онро сароидам, мардум маро хуб қабул карданд.

-Матнҳои сурудҳои шумо бозгӯкунандаи давраҳои ошиқӣ, эҳсоси дӯстдорӣ ва дигар овони шубобро ба ёд меорад. Дар интихоби ин оҳангҳо ба шумо кумак мерасонанд?

-Албатта, мо иҷрокорем. Вақте ки оҳангро Фурқат Саидзода месозанд, пешниҳод мекунанд, ба ман маъқул мешавад ва онро месароям. Аслан оҳангҳое, ки он кас пешниҳод мекунанд, сабки ман аст ва ба ин хотир, бечуну чаро қабул мешавад.

-Дар оилаатон чанд фарзанд ҳаст ва аз миёни онҳо ягон нафарашон касби шуморо интихоб карданд?
-Ман як писару як духтар дорам. Онҳо аз хурдӣ завқ доштанд ва дар мактаби мусиқӣ таҳсил ҳам кардаанд. Фарзанди калониам Ардамеҳр Донишгоҳи техникӣ ба номи Осимиро хатм кард, духтарам бошад, дар Донишгоҳи забонҳо таҳсил дорад. Онҳо роҳи маро интихоб накарданд.

-Бовар дорам, ки мухлисони шумо дар лаҳзаҳои холигӣ сурудҳои шуморо гӯш ва зам-зам мекунанд. Шумо худатон сурудҳои кадом сарояндаҳоро зиёдтар гӯш мекунед?

-Ман тамоми мақомсароҳоро гӯш мекунам, бештар оҳангу сурудаҳои Барно Исҳоқоваро гӯш ва зам-зама мекунам.

-Тавсияи шумо ба ҷавононе, ки сароянда шудан мехоҳанд?

-Саҳна ман маниро намеписандад. Онҳое, ки мавқеи худро пайдо кардаанд, бояд қадри устодро донанд, ба аёдаташон раванд, чунки агарчӣ мо овози булбул дошта бошем ҳам, бе устод кори мо ҳеҷ аст.
Таҳияи М. Давлат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД