sebiston july new
Манфиатҳои рӯзадорӣ ва қабули дуои рӯзадорон дар моҳи Рамазон
17.03.2024
ОИЛА
753

 

Рӯза гирифтан фоидаҳои фаровон дорад. Абӯубайда (р) мефармояд: «Ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки рӯза сипар аст. Бо воситаи сипар инсон дар вақти муқобила бо душман аз зарби ӯ эмин мемонад ва ҳамчунин, ба воситаи рӯза инсон аз бадии шайтонҳо ва оташи дӯзах эмин мемонад. Рӯза инсонро ба сабр кардан одат медиҳад ва дарси парҳезкориву тақводориро меомӯзад. Одами рӯзадор Худовандро ҳозиру нозир ва барои ризои Офаридгор аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ карда, савоби фаровон мегирад.

Дар Рамазон шарру фасод кам мешавад. Рӯзадорӣ боиси покизагӣ ва тақвияти узвҳои ҳозима мегардад. Тӯли рӯз гуруснаву ташна гаштан, ҳамчунин, боиси обшавии равѓани зиёдатии бадан мегардад.

Мувофиқи ҳадиси Расули Акрам (с) касе ки ба рӯзадоре таом диҳад, монанди он рӯзадор савоб хоҳад гирифт.

Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят кардаанд, ки Ҳазрати Муҳаммад (С. С.) фармуданд: «Дар Биҳишт дарвозаест, ки «Райён» ном дорад. Рӯзи қиёмат фақат рӯзадорон аз он дарвоза дохил мешаванд.

Дар моҳи мубораки Рамазон тамоми дуоҳои одами рӯзадор мустаҷоб мегарданд. Дар китоби «Нурул воъизин» омадааст, ки ҳазрати Мӯсо (а) бо Худованд роз мегуфт ва дар муноҷоташ пурсид: «Илоҳӣ, Ту маро бо такаллум кардан бо худат иззат додӣ. Оё чунин иззатро ба дигарон ҳам додаӣ?»

Худованд ба Мӯсо (а) ваҳй кард:-Ё Мӯсо (а), бидон, ки дар охирузамон ман бандагони рӯзадорамро дар моҳи Рамазон иззати зиёд мекунам. Вақте бо ту сухан мегӯям, миёни мо ҳафтод ҳазор парда аст. Вақте умматони Муҳаммад (с) рӯза мегиранд (аз гуруснагиву ташнагӣ) лабҳояшон хушк ва рангҳояшон зард мешавад ва ман ҳиҷоб (парда)-ҳои худро дар вақти ифтор боло мекунам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД