Oila Navruz
Мард “ҷавобатро додам” гӯяд, занаш талоқ мешавад?
1523

Зани дуюм ҳастам. Шавҳарам марди бадзабон аст. Вақте ҷанҷол мекунем, гапҳое аз даҳонаш мебарояд, ки на дар шариат рост меояду на дар тариқат.

Як рӯз вақти ҷанҷоламон “рав, ҷавобатро додам” гуфт. Вале пушаймон шуда, боз омад. Вале ман намехоҳам, дигар бо ӯ зиндагӣ кунам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед.
Фарзона, ш. Истаравшан.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Аз нигоҳи дини ислом зан якуму дуюм надорад. Вақте дар никоҳи фарзӣ медарояд, ҳуқуқаш баробар мешавад, новобаста аз он, ки зани чандум аст. Дар масъалаи талоқ ва қасам шариат урфу одати мардумро ба назар мегирад. Вақте зан талоқро талаб мекунад, ки талоқи маро деҳ, ҳукми талоқро дорад. Зан намепурсад, ки талоқ ё ҷавоби маро деҳ, аз даҳони мард мебарояд, ин ҷо нияти мард эътибор дорад, ки ба чӣ хотир гуфтааст. Масъалаи талоқ бо зан ҳал намешавад, чунки соҳиби талоқ мард аст. Агар ҳақиқат чунин бошад, ду боре, ки никоҳ карданд, дуруст аст ва вақте нафаре иҷозат медиҳад, никоҳ мекунад, гунаҳкории ҳамон хонавода бар зиммаи ӯст. Аз он ки мард кинавар нест, савоб мегирад, вале барои бадзабониаш дар назди Худованд гунаҳкорӣ дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Мехрубон 2023-05-20, 05:51
Асалому Алеку агар зан шавхарашро падарналат гуяд ба у зан 1 талок мешавад ё на
Посух
Нигина 2023-05-30, 15:30
Салом алейкум бо шавхарам чангчол кардам , 2 маротиба чавоб , чавобатро додам гуфт баьд 2 бори дигар талок гуфт , алакай 3талок шуд хисоб мешавад е не ? Ое бори дигар никох кунем чоиз хами е не ?
Посух
Мадина 2023-08-20, 14:27
Оаасм
Посух
Шукрона 2023-11-03, 21:35
Шавхарам урусфел мора гуфтанд ки чавоб рав дар вакти чанчоламон неки манои чавоб равро ахмият надодан ростиш намедонан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД