formula
Марги падар ва дарди дили ситораи синамои турк  
2460

 

Даричаи ошноӣ
Номи асосӣ: Озлем Йилмаз Алиё

Милод: 17 июли 1986
Ҷойи таваллуд: шаҳри Истамбул, Туркия.
Касб: актрисаВазн: 47 кг.

Филмҳои офаридааш:
«Шавҳари маҷбурӣ»-2006

«Вохӯрӣ дар олами рӯъёҳо»-2007
«Шикорчии бахт»-2008
«Гуреза»-2009
«Мондагор» 2013
«Масъулият»-2014»

-Салом Озлем! Мо хуб медонем, ки вақти Озлем Йилмаз барин актриссаи серхаридор аз тилло ҳам қимматтар аст ва ҳатто худи журналистони турк наметавонанд ба осонӣ бо шумо ҳамсуҳбат гарданд. Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки чӣ шуморо ба суҳбат бо мо водор намуд?

-Вақте гуфтед, ки шумо аз Тоҷикистон ҳастед ва мардуми кишваратон бо сар шудани серриали «Мондагор» ҳатто хӯрок хӯрданро фаромӯш мекунанд, ин барои ман мароқангез буд.

-Магар дар Туркия мардум сериал тамошо намекунанд?

-Мекунанд, вале ба он ҳадде, ки шумо тавсир кардед на! Муҳаббати мухлисонам барои ман аз тилло ҳам қимматтар аст, модоме, ки мардум моро мепурсанд, дар бораи зиндагии мо донистан мехоҳанд ва шумо ҳунари моро қадр карда, моро ҷустуҷу намудед, пас ман бояд ҳама корамро як тараф гузошта ба саволҳои шумо посух бигӯям!

-Аз илтифотатон бисёр шодем! Хӯш, шурӯъ мекунем аз ҳамин филме, ки ҳуши хурду калони кишвари моро рабудааст. «Мондагор» филми нахустини шумост?

-На, пештар ман дар чандин филмҳои дигар нақш бозида будам, аз ҷумла дар «Шавҳари маҷбурӣ», «Вохӯрӣ дар олами рӯъёҳо», «Шикорчии бахт», «Гуреза», вале «Мондагор» бароям қадру қиммати бештар дорад. 

-Чаро?

-Аввалан ба он хотир, ки «Мондагор» дари бахти маро кушод, баъдан сенарияи ин филм ба ман бисёр писанд аст. «Мондагор» филми сохтаю бофта нест, воқеаҳои ин филм аз зиндагии воқеӣ гирифта шудаанд. Душмании ду хоҳар барои ба даст овардани як мард, моҷарои кӯдаки ҳаромӣ, талошу муборизаҳои пур аз ҳиллаю найранг барои ғолиб омадан дар набарди зиндагӣ-магар дар ҳаёт чунин ҳодисаҳо каманд?! Кишвари шуморо намедонам, вале дар ин ҷо дар ҳар сари қадам ҳамқисматони Ҳорун, Эдо ва Милдоро во хӯрдан мумкин, шояд маҳз аз ҳамин сабаб филм дар байни мардум ин қадар маҳбубият пайдо карда бошад.

-Рост аст, ки баъди «Мондагор» дар дили шумо ва офарандаи нақши Ҳорун-Серҳан Яваш оташаки ишқу муҳаббат шӯълавар гаштааст?

-Бале, рост аст. Маҳбубаи Серҳан буданамро ман аз касе пинҳон намедорам, чунки муҳаббати мо поку самимӣ аст.

-Наметарсед, ки Серҳан дар филми нав бо ягон зебосанами дигар ҳамбозӣ шуда ба ӯ ошиқ мешавад ва шуморо мисли дастпӯшаки кӯҳнашуда мепартояд?

-Пас аз филми «Мондагор» қариб ду сол ману Серҳан дар ягон филми дигар нақш набозидем. Пешниҳодҳо бисёр бошанд ҳам, мо қасдан ягонтоашонро қабул намекардем, то мардум ташнаи дидор шаванд. Ҳоло Серҳан дар як филми нави фоҷиавӣ, ки «Ман номи туро дар сафҳаи дилам навиштам» ном дорад, бо актриссаи дигар нақш бозида истодааст, вале ман аз ин дар ташвиш нестам. Дар тӯли қариб се соли бо ҳамдигар буданамон ман хислату хӯйи Серҳанро хуб омӯхтам. Серҳан Яваш ҷавонмарди дурӯя ва духтарбоз нест, агар касеро дӯст дорад, то охир ба ӯ вафодор мемонад.  

-Сабаби як муддат аз синамо дур шудани Озлем дар чӣ буд?

-Марги падари азизам маро маҷбур кард, ки аз баҳри синамо гузашта ба ҳалли мушкилоти оилавӣ машғул шавам, вале меҳри санъат дар ин муддат ягон лаҳза қалбамро тарк накарда буд. Ишқи ҳунар ҳамеша маро мисли оҳанрабо сӯйи худ мекашид ва ниҳоят ҳамин эҳсосоти пурзӯр маро дубора ба кино баргардонд.  

-Озлем Йилмазро имрӯз қариб дар нифи ҷаҳон ҳамчун актриссаи олиҷаноб мешиносанд. Устодатон кист? Нозукиҳои ҳунари актёриро кӣ ин қадар моҳирона ба шумо омӯхтааст?

-«Захмае бояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хоб» гуфтаанд, дар кашфи истеъдоди банда саҳми машҳуртарин устоди синамои Туркия Мушфиқ Кавсар бисёр калон аст. Маро мазҳ мактаби ҳунарии ин марди ба маънои томаш ҳунарманд Озлем Йилмаз кард. Ҳанӯз аз овони наврасиам устод Кавсар ба ман дарсҳои инфиродии маҳорати актёрӣ медоданд.

-Магар шумо ҳунармарди касбӣ нестед?

-Ҳунарманди касбӣ гуфта шумо дипломро дар назар доред?

-Бале, маълумоти олии соҳаи ҳунарро доред?

-Як не, чанд диплом дорам. Аввал омӯзишгоҳи маданият, баъдан коолеҷ ва мактаби санъат, ҳамчунин донишкадаи ҳунарҳои зеборо хатм намудам. Чанд дипломи соҳаи санъатро дошта бошам ҳам, пойдевори ҳунари маро Мушфиқ Кавсар ниҳодааст. Ман инро дар ҳама ҷо бо овози баланд мегӯям!

-Озлем, аксари зебосанамҳое, ки сарнавишташон бо санъат ва саҳна пайванд аст, ҳафтаҳову моҳҳо парҳез карда, малҳаму доруҳои махсусро истифода мебаранд, то дар экран бонуи химчамиёну дилбар намоянд. Шумо ҳам перҳез мекунед? Сирри зебоиятон дар чист? 

-Ман баръакси дигар ҳампешагонам ҳамеша барои фарбеҳ шудан ҷон мекоҳонам. Вазнам ҳамагӣ 47 килло ва ба каду қоматам мувофиқ нест. Бисёр мехоҳам фарбеҳаки махмалин бошам, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, ҳеҷ вазн гирифтан ба ман муяссар нашуда истодааст. Сирри зебоии маро бошад ба ҷуз модарам ва Худованд дигар касе намедонад. Ҳамон гунае ҳастам, ки Парвардигор маро офаридааст!

-Ҳамеша чунин зебо, машҳур ва хушбахту муваффақ бимонед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД