Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҳаёти ошиқона тағйироти ҷиддӣ дар назар нест. Танҳо рашк метавонад боиси баҳс шуда, табъатонро вайрон кунад. Имрӯз каме худро нигоҳ доред, зеро на ҳар кори шумо натиҷаи хуб медиҳад. Ғазабу асабонияти худро ба дигарон нишон надиҳед. Беҳтараш қувваатонро ба корҳои фоиданок равона кунед, масалан, хонаатонро ба тартиб дароред. Кори дастаҷамъона натиҷаи хуб медиҳад. Аз хароҷоти беандеша ва хӯрдани зиёди хӯрокҳои серкалория худдорӣ кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Эҳтимол дар давоми як шабонарӯз шуморо ба сафар даъват кунанд, аммо ҳоло рӯҳияи шумо барои сафар чандон мувофиқ нест. Раванди расидан ба мақсадҳо метавонад суст шавад ва ин табъатонро вайрон мекунад. Бо вуҷуди ин, ба наздиконатон хашм нагиред. Қувваи худро дуруст баҳо диҳед ва аз кумаки ҳамкорон истифода баред. Муваффақият дар кори дастаҷамъона аст. Эҳтимол хароҷоте пеш ояд, вале маблағи сарфшуда метавонад фоидаи хуб диҳад. Дар масъалаҳои пулӣ кӯшишу ҷиддият ба шумо натиҷаи хуб меорад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз барои вохӯрии ошиқона ва гузаронидани лаҳзаҳои хуш бо шахси дӯстдошта рӯзи хуб аст. Муҳити пур аз меҳру муҳаббат фароҳам оваред ва эҳсосоти худро озодона нишон диҳед. Кӯшиш кунед дар ҳама чиз камбудӣ наҷӯед ва ба ҳамсаратон имкони озодона рафтор кардан диҳед. Омодагӣ ба сафари дарпешистода вақт ва қувваи зиёд мегирад, вале баъд аз ин пушаймон намешавед. Имрӯз барои хариди ашё, аз ҷумла техника рӯзи хуб аст. Дар муносибат бо дигарон аз боварии зиёд ва беэҳтиётӣ худдорӣ кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шояд ошиқ шуда бошед ва аз ҳамин сабаб ба воқеаҳои атроф камтар аҳамият диҳед. Кӯшиш кунед вазъиятро дуруст бинед, то дигарон аз соддалавҳии шумо истифода набаранд. Имрӯз барои қабули меҳмонон рӯзи хуб аст. Шоми гарму хушро дар назди наздикон гузаронед. Дар кор монеаҳои гуногун пеш меоянд, вале онҳо шуморо боздошта наметавонанд. Маблағатонро барои харидҳои пешбинишуда сарф кунед ва аз гирифтани қарз худдорӣ намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Эҳтимол бо шахси дӯстдоштаатон бе гуноҳи худ баҳсу нофаҳмӣ кунед. Кӯшиш кунед ҳар суханро ба дил нагиред ва барои мушкилоти хурд асабонӣ нашавед. Агар мехоҳед мебелро ҷойиваз кунед ё намуди хонаро нав кунед, имрӯз барои ин вақт ва имконият доред. Дар дигар корҳо беҳтараш ташаббуси зиёд нишон надиҳед, зеро он метавонад мушкилоти ғайричашмдошт ба вуҷуд оварад. Ба ҳар овоза бовар накунед: шояд рақибон ё ҳасудон қасдан шуморо гумроҳ карданӣ бошанд. Бегоҳ вақти худро назди компютер ва телевизор кам кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз нисбат ба шахси дӯстдошта сахтгир набошед. Агар ӯ каме танҳо мондан хоҳад, хоҳишашро эҳтиром кунед. Ҳатто агар аз рафтораш нороҳат шавед, ӯро сахт танқид накунед ва суханони тез нагӯед. Якбора ба чанд кор машғул шудан ба шумо фоида намеорад. Аввал муайян кунед, ки кадом кор муҳимтар аст ва ҳамонро анҷом диҳед. Имрӯз барои харидҳои калон ва муомилаҳои молиявӣ рӯзи хуб аст. Дар хӯрокхӯрӣ меъёрро риоя кунед, то меъдаатон нороҳат нашавад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Шахсе, ки ба наздикӣ бо ӯ шинос шудаед, метавонад аз шумо истифода бурда, шуморо идора кунад. Ба эҳсосоти ӯ кӯр-кӯрона бовар накунед. Имрӯз барои муҳаббат, оромӣ ва бахшидан рӯзи хуб аст. Ба ҷузъиёти хурд аҳаммият диҳед, зеро онҳо метавонанд барои фаҳмидани як масъала ба шумо кумак расонанд. Эҳтимол дар бораи пул ё иҷро нашудани баъзе уҳдадориҳо баҳс пайдо шавад. Кӯшиш кунед оромона ҷавоб диҳед. Беҳтараш имрӯз аз нӯшокиҳои газдор ва хӯрокҳои гӯштӣ худдорӣ кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз эҳтимоли як вохӯрии гуворо зиёд аст. Барои шахсони танҳо ин вохӯрӣ метавонад хеле муҳим бошад. Ба намуди зоҳирӣ ва либосатон каме диққати бештар диҳед. Дар масъалаи ошиқона низ рӯзи хуб шуморо интизор аст. Баъзеҳо метавонанд бо ҳамсарашон ба мувофиқа ва ҳамдигарфаҳмӣ бирасанд. Дар касбу кор имкони пайдо кардани шарики хуб барои ҳамкории ояндадор вуҷуд дорад. Имрӯз барои бастани созишномаҳо ва шартномаҳо, аз ҷумла бо шарикони хориҷӣ, рӯзи мувофиқ аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз муносибатҳоятон пур аз меҳру муҳаббат мешаванд. Шиносон метавонанд шуморо ба маъракае даъват кунанд ва шумо аз якрангии рӯзгор каме истироҳат мекунед. Агар бо аҳли хона баҳс пайдо шавад, ҳама чизро ба таъсири вазъият нисбат надиҳед. Бисёр чиз аз рафтори худи шумо вобаста аст. Дар кор эҳтимол техника вайрон шавад ва барои иваз кардани таҷҳизот ба роҳбарият муроҷиат кардан лозим ояд. Дар масъалаҳои пулӣ шитоб накунед. Имрӯз беҳтараш қарорҳои муҳимро бодиққат фикр карда қабул кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз табъатон романтикӣ мешавад ва эҳсосоти худро аз дигарон пинҳон карда наметавонед. Рӯзро бо хешовандон, дӯстон ва шиносон гузарондан лозим меояд. Корҳоятон хуб пеш мераванд ва шумо метавонед лоиҳаи муҳимеро, ки муддати дароз рӯяш кор мекардед, ба анҷом расонед. Муносибат бо ҳамкорон метавонад каме душвор шавад. Барои нигоҳ доштани мавқеи худ қобилиятатонро нишон диҳед. Субҳро бо чанд дақиқа оромӣ ва андешаронӣ оғоз кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки охири рӯз худро орому бароҳат ҳис кунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Дар муносибат бо шахси дӯстдошта кӯшиш кунед ба созиш биёед ва баъзан аз хоҳиши худ гузашт кунед. Дар муносибат ҳамеша танҳо ба фикри худ расидан мумкин нест. Бо ҳамсояҳо бо сабру таҳаммул муносибат кунед. Ба фарзандон бештар вақт ҷудо карда, ба суханонашон бодиққат гӯш диҳед. Имрӯз кори нави масъулиятнокро оғоз накунед. Беҳтараш аввал хатоҳои пешинаро ислоҳ кунед. Барои пайдо кардани манбаи иловагии даромад ё оғоз кардани кори нав имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Барои оғоз кардани парҳез низ рӯзи мувофиқ аст.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Охири рӯз эҳтимол бо шахси бароятон азиз вохӯрии гуворо дошта бошед. Мулоқоти ошиқона метавонад ба муносибати ҷиддӣ табдил ёбад. Корҳоро ҳамеша ба фардо гузоштан табъатонро вайрон мекунад ва метавонад муносибататонро бо наздикон бадтар созад. Аз чизҳои нолозим даст кашед ва роҳҳои нави пешрафтро ҷустуҷӯ кунед. Усулҳои кӯҳна дигар мисли пештара натиҷа намедиҳанд. Дар ояндаи наздик хароҷот зиёд шуда, эҳтимол баъзан маблағ намерасад. Кӯшиш кунед хоҳишҳои худро маҳдуд карда, бо одамони асабоникунанда камтар муошират кунед.