formula
МАҲС ЧӢ ГУНА БЕМОРИҲОРО НЕСТ МЕКУНАД!
3172

 

Дугонаҳоям занҳои сарватманданд ва ҳар сари чанд вақт ба назди маҳсгарон рафта, маҳс мегиранд. Пештар гумон мекардам, ки онҳо аз серпулӣ ва бекорӣ маст шуда, дар ба дари маҳсгарон мегарданд, вале чанде пеш яке аз хешовандонамон дар хонаам меҳмон шуда, қисса кард, ки дарди сутунмуҳраашро танҳо бо маҳс табобат кардааст. Наход як маҳси одӣ одамро шифо бахшида тавонад?

Ситора, н. Шаҳринав.

МУТАХАСИС:

Ситорабону, маҳс дар ҳақиқат ба одам таъсири муъҷизавӣ бахшида метавонад. Фоидаи маҳс махсусан ба узвҳои ҳаракаткунандаи инсон назаррас аст. Остеохондроз, дарди буғумҳо ва ҳатто ҷароҳатҳоро бо маҳс табобат карда мешавад. Ҳар қадаре узвҳои ҳаракаткунанда солим бошанд, ҳамон андоза инсон худашро хуб ҳис мекунад. Баъди маҳс гардиши хун, ки беҳтар шуд, мушакҳо низ хубтар ғизо мегиранд. Мушакҳо, ки бақувват гаштанд, қобилияти кории инсон баланд мешавад.

Бемориҳои роҳҳои нафас аз қабили бронхит, диққи нафас, пневмония, ниқрис тавассути маҳс шифо меёбанд. Ҳангоми табобати узвҳои ҳозима маҳс натиҷаи мусбӣ медиҳад. Дар табобати бемориҳои системаи асаб, аз қабили невралгия, дарди сар, неврит, радикулит маҳс нақши ҳалкунандаро мебозад. Маҳс ягона воситае ҳаст, ки баъди ҷарроҳиҳои душвор беморро ба по мехезонад. Нафаре, ки як бор маҳс гирифтааст, чӣ сон «зинда» шудани ҷисми хастаро баъди маҳс хеле хуб медонад.

Исбот гардидааст, ки дар пӯсти инсон нуқтаҳои тамоми узвҳои даруна мавҷуданд. Аз ҳамин сабаб, вақте ки одам маҳс мегирад, бемориҳои узвҳои дарунааш шифо меёбанд. Маҳс ба системаи асаби инсон таъсири хуб мерасонад. Беҳуда нест, ки аз навозишу меҳрубониҳои дастони шахси азиз кас худро осудаву роҳат эҳсос менамояд. Усулҳои махсуси маҳс вуҷуд доранд, ки баъди он хастагиву асабоният гум шуда, одам худро сабук эҳсос менамояд ва чеҳрааш нуру таровати тоза пайдо мекунад. Табиб аз маҳси баэътидоловаранда истифода барад, бемор бардаму бақувват мешавад. Ҳар қадаре кори ақлонӣ зиёд бошад, кас худро ҳамон андоза хаста ҳис мекунад, чунки мушакҳои баданаш таранг мешаванд. Маҳс қодир аст ин ҳолатро ба зудӣ рафъ намояд. Маҳси 5 дақиқагӣ аз истироҳати 20 дақиқагӣ беҳтар аст.

Маҳс гардиши хунро ба эътидол оварда, кори мушакҳои дилро сабук мегардонад. Зери таъсири маҳс рагчаҳо васеъ мешаванд, дар натиҷа гардиши хун хубтар мегардад. Аксарияти беморон бар асари халалёбии гардиши хун аз хастагӣ, дарди сар, варами дасту по, васеъшавии рагҳои варид шикоят мекунанд. Ҳолати ногувори чунин беморонро тавассути маҳс ба зудӣ беҳбудӣ бахшидан мумкин аст.

 

Маҳс ба киҳо зарар дорад?

Ҳангоми баландшавии ҳарорати бадан ва бемориҳои инфексионӣ маҳс намудан манъ аст, чунки гардиши хун ва мубодилаи моддаҳоро зиёд месозад ва ин боиси афзудани инфексияҳо мегардад. Маҳси гардан ҳангоми бемориҳои ғадуди сипаршакл мумкин нест. Ба касони гирифтори бемориҳои дил, фишорбаландӣ ва занҳои ҳомиладор низ маҳсро тавсия намедиҳем.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД