toyota motors
Мелодӣ, шамсӣ, ҳиҷрӣ. Нақши тақвим дар ҳаёти инсон
82

Аз замонҳои хеле қадим инсонҳо барои ба тартиб даровардани зиндагии худ ба ҳисоб кардани вақт ниёз пайдо карданд. Онҳо мушоҳида карданд, ки офтоб ҳар рӯз тулуъ ва ғуруб мекунад, моҳтоб шаклашро иваз мекунад ва фаслҳо пай дар пай меоянд. Ҳамин тавр, мафҳумҳои рӯз, ҳафта, моҳ ва сол ба вуҷуд омаданд. Моҳ махсусан аз тағйирёбии шакли моҳтоб (аз ҳилол то моҳи пурра) гирифта шудааст ва яке аз аввалин воҳидҳои вақт буд, ки инсон дарк кардааст.

Моҳҳо дар зиндагии инсон аҳамияти муҳим доранд. Одамон нақшаҳои худро мувофиқи моҳ ба танзим медароранд. Вақти кишт ва ҷамъоварии ҳосил ба фасл ва моҳ вобаста аст. Ҳамзамон, ҳар фаслу моҳ ҷашну маросими ба худ хос дорад.

Имрӯзҳо асосан се навъи солшуморӣ маъмул аст: мелодӣ, шамсӣ ва ҳиҷрӣ.

Солшумории имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки мо истифода мебарем, ба номи тақвими григорианӣ маъруф аст. Ин тақвим соли 1582 бо фармони папаи Рим Григорий XIII ислоҳ карда шуд, то хатои тақвими қадимии юлианӣ бартараф гардад. Моҳҳои мелодӣ аз январ, феврал, март, апрел, май, июн, июл, август, сентябр, октябр, ноябр ва декабр иборат аст. Солшумории мелодӣ аз таваллуди ҳазрати Исо оғоз мешавад.

Тақвими форсӣ (шамсӣ) ба ҳаракати офтоб асос ёфтааст ва яке аз дақиқтарин тақвимҳои офтобӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин тақвим бар асоси гардиши замин гирди офтоб ва тағйирёбии фаслҳои сол тартиб дода шуда, оғози соли он ба рӯзи баробаршавии шабу рӯз (Наврӯз) рост меояд. Тақвими шамсӣ дар кишварҳое мисли Эрон ва Афғонистон ба таври расмӣ истифода мешавад. Он ҳам аз 12 моҳ иборат буда, ҳар як моҳ шумораи муайяни рӯзҳо дорад ва номҳои онҳо ба табиат, таърих ва фарҳанги бостонӣ алоқаманданд. Моҳҳои шамсӣ фарвардин, урдибиҳишт, хурдод, тир, мурдод, шаҳривар, меҳр, обон, озар, дай, баҳман, исфанд ном доранд.

Моҳҳои ҳиҷрӣ ба тақвими ҳиҷрии қамарӣ тааллуқ доранд ва аз рӯйи гардиши моҳ муайян карда мешаванд. Ин тақвим аз ҳиҷрати ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз меёбад. Тақвими ҳиҷрӣ ҳам аз 12 моҳ иборат аст: муҳаррам, сафар, рабеъулаввал, рабеъуссонӣ, ҷумодалаввал, ҷумодассонӣ, раҷаб, шаъбон, рамазон, шаввол, зулқаъда ва зулҳиҷҷа. Ҳар як моҳ 29 ё 30 рӯз дорад ва азбаски ин тақвим ба солшумории шамсиву мелодӣ мувофиқат намекунад, моҳҳои он ҳар сол тақрибан 10-11 рӯз пештар меоянд. Аз ҷумла, моҳи Рамазон дар фаслҳои гуногуни сол рост меояд.

Ҳамин тавр, ҳарчанд номи моҳҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанду дар давраҳои гуногун муайян шудаанд, ҳамагӣ аз 12 моҳ иборатанд. Ҳар як тақвим таъриху фарҳанги миллатҳои гуногунро нишон медиҳад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД