shoh palace
Меваю сабзавоте, ки хирашавии чашмро пешгирӣ мекунанд?
1267


Мушкилоти хирашавии чашм имрӯз бисёриҳоро азият дода, ҳатто кӯдакон низ ба ин иллат гирифтор мешаванд. Табибон бар он назаранд, ки омили асосии ҳар гуна беморӣ набудани витамини кофӣ дар организми инсон мебошад.

Табиист, ки таркиби меваю сабзавоти тару тоза аз намудҳои гуногуни витаминҳо бой буда, барои саломатии инсон хеле муфиданд.

Оё шумо медонед, ки кадом меваҳо биниши чашмҳоро зиёд ва хирашавии чашмонро пешгирӣ менамоянд?
Ба ин савол табиби рус Валентина Меркулова ба сомонаи телевизиони "Мир 24" посух додааст.

Сабзавоту меваҳои гуногун ва дигар хӯрданиҳои лазиз дорои витаминҳо, каротиноидҳо, микроэлементҳо барои биниш хеле муфиданд.

"Инҳо барои чашм муфиданд: моҳӣ, гӯшт, тухм, чормағз, лӯбиёгӣ, меваҳои ситрусӣ, кабудӣ, сабзавот ва меваҳои гуногун, зайтун, равғани зайтун ва маҳсулоти ширӣ" гуфтааст Валентина Меркулова.

Муттахассис қайд кардааст, ки сабзавоту меваҳои гуногун манбаи каротиноидҳо, лютеин ва зеаксантин буда, аз ин моддаҳо махсусан нахуд, каду ва писта бой мебошанд. Моддаҳои мазкур дар зардии тухм низ мавҷуданд.

"Каротиноидҳо пардаи чашмро аз шуоъҳои ултрабунафш муҳофизат мекунанд", - мегӯяд духтур.
Меркулова таъкид кардааст, ки моҳии серравғани баҳрӣ, равғани моҳӣ, маҳсулоти баҳрӣ, зағир ва тухм, инчунин навъҳои гуногуни равғани растанӣ, спанак ва алафҳои баҳрӣ аз кислотаҳои равғании омега-3 бой мебошанд. Омега-3 ба микроциркуляцияи ретина таъсири судманд мерасонад ва ҳамчун ҷузъи сохтории мембранаҳои ҳуҷайраи он амал мекунад.
“Ҳамаи ин маҳсулот ба ғизои ҳаррӯзаи инсон арзиши ғизоӣ зам мекунанд ва барои безарар гардонидани камбуди ғизо кӯмак мерасонад, аммо бемориҳои мавҷудаи чашмро табобат карда наметавонанд, вале бо вуҷуди ин, аз парҳези мутавозин барои чашм манфиат гирифтан мумкин аст "-гуфтааст духтур. Беҳтарин ва муфидтарин чиз бюарои чашм ин ғизои дуруст ва машқҳои мунтазам хоҳад буд, хулоса кард коршинос.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД