sebiston july new
МУҲАББАТИ НОМАРД
6970

Санам дар оила фарзанди чорум аст. Ӯ ду акаву як апа ва як хоҳар дорад. Зиндагиашон осудҳолона буда, аз ҳисоби деҳқонӣ ва кор дар саҳро онро пеш мебаранд.

Ӯ баъди хатми мактаб ба кори колхоз рафт. Аз баҳри донишгоҳ ба хотири он гузашт, ки кор карда, ба падару модараш кӯмак намояд. Кораш хуб буд, то вақте ки ошиқ шуду дар печутоби зиндагӣ афтид.

”Як рӯз аз кор ба хона бармегаштам, - нақл кард Санам, - дар роҳ як мошин омаду дар пешам истод ва хоҳиш кард, ки шинам. Хост маро ба ҷойи лозима бурда расонад. Ҳарчанд дар аввал розӣ нашудам, вале ӯ бо суханони ширину зебои худ мафтуну маҷбурам кард, ки ба мошинаш шинам. Ҳангоми суҳбат фаҳмидам, ки ӯ аз деҳаи ҳамсоя аст. Номашро Мусъаб гуфт. Ҳамин тавр, ӯ маро то назди хонаамон овард. Дар аввалин дидору суҳбат ин ҷавон дили маро ба даст оварда тавонист. Минбаъд ҳар бегоҳ ман дар ҳамон ҷо Мусъабро интизор мешудам ва ӯ омада маро то нази хонаамон мебурд.
Аз байн чанд рӯз гузашт. Мусъаб дигар наомад. Яке аз ҳамкоронам аз деҳаи онҳо буд. Вақте аз ӯ аҳволи дӯстдоштаамро пурсидам, дар ҷавоб гуфт, ки Мусъаб ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар бемористони марказии шаҳр бистарӣ аст. Пагоҳаш ба аёдаш рафтам. Ҷароҳаташ вазнин буд. Ӯро дилбардорӣ кардаму “зиқ нашавад, саломататон хуб мешавад” гуфтам ва дигар тоқат накарда, бо оби чашм ба берун баромадам.
Баъди ду ҳафта Мусъабро аз бемористон ҷавоб доданд. Ӯ ба наздам омада, гуфт, ки барои таъмири мошини дигаре, ки дар садама аз дасти Мусъаб зарар дида буд, маблағ лозим асту пули худаш кофӣ нест. Ӯ хоҳиш кард, ки агар пул дошта бошам, ба ӯ диҳам ва қарзамро ҳатман бармегардонад. Аз ҳисоби маошҳоям пасандоз доштам. Қисме аз онро ба Мусъаб додам. Баъди ин минбаъд ӯ доим ба ҷойи корам меомад ва дар пахтачинӣ ба ман кӯмак мекард. Ҳатто ба хонаамон мерафт ва ба корҳои хона ёрӣ медод. Ҳамин тавр, мо бо якдигар унс гирифтем. Баъди садама ҳар рӯз вақте ман аз кор мебаромадам, ӯ меомад ва мо ҳамроҳ пиёда то хона мерафтем.
Аз байн чанд рӯз гузашт. Мусъабро нораҳат дидам. Пурсидам, ки чаро нороҳатӣ? Гуфт, ки модараш бемор аст ва маблағ лозим. Камтар пул доштам. Онҳоро ба ӯ додам. Ҳамин тавр, баъди се моҳ гуфт, ки ин дафъа хоҳараш бемор аст. Боз камтар пул додамаш. Ҳар боре, ки аз ман маблағ мепурсид, бе ягон дудилагӣ медодамаш, чунки ба ӯ сахт ошиқ шуда будам.
Як рӯз аз кор барвақт баромадам. Ногоҳ Мусъаб аз куҷое пайдо шуд ва хоҳиш намуд, ки асабаш вайрон асту бо ӯ сӯҳбат кунам, то дарди дилаш камтар шавад. Розӣ шудам. Ӯ хост дар пахтазор суҳбат кунем ва маро ба он ҷо бурд. Вақте расидем аллакай ҳамаи ҳамкоронам ба хонаҳояшон рафта буданд.
Ҳарду суҳбаткунон нишастем. Аз сабаби оне, ки сахт ташна монда будам, хостам рафта об нӯшам. Мусъаб дар дасташ зарфи об дошт. Онро ба ман дароз кард. Ман ҳам то сер шудан аз оби газдори ӯ нӯшидам. Баъди чанд лаҳза фаҳмидам, ки акнун хатои сахт карда будаам.
Мусъаб дар даруни об ким чи хел дору андохта будааст. Акнун дунё дар пеши назарам чарх мезад. Баъди ин аз ҳуш рафтам ва дигар чизеро дар ёд надорам. Вақте ба худ омадам, дар даруни пахтазор урён мехобидам. Ӯро ҳамроҳам надидам. Фаҳмидам, ки номард маро таҷовуз карда гурехтааст. Худ ба худ хеле гиристам (ашк гулӯгираш мекард). Аз ишқи сархӯрам сахт пушаймон шудам. Ба он рӯзе, ки бо ин ҳаром шинос шуда будам, лаънат мегуфтам. Намедонистам, ки акнун чи кор кунам. Дунё дар назарам шаби торик буд. Зиндагӣ дигар бароям берангу бемаънӣ менамуд, зеро обрӯи духтар номусаш аст ва ман акнун инро надоштам. Аз шавҳар кардан сахт метарсидам, чунки баъди тӯй нодухтар ва беномус будани ман маълум мешуду дар назди оила ва аҳли деҳа шарманда мешудам.
Бо ҳамин фикру хаёлҳои беохир либосҳоямро пӯшидаму аз ҷоям хеста, бо сад дарду алам ба хона омадам. Модарам чеҳраи ғамгинамро дида, “ба ту чӣ шуд? Чаро ранги рӯят парида аст? Ягон ҷоят дард мекунад?”, - гуфта, саволборон кард. Ба ӯ гуфтам, ки дар роҳ ба хона аз саге сахт тарсидам ва барои ҳамин сарам дард дорад. Аз гуфтани ҳақиқат шарм кардам. Модарам хост маро дуо хононанд.
Муллои деҳаро оварда, маро дуохонӣ намуданд. Даруни дилам ҳамеша сиёҳ буд. Аз ояндаам хавотир будам. Ба худам савол медодам, ки акнун оқ

Rustam Oila, [28.05.20 20:16]
ибати ман чӣ мешуда бошад? Дигар кӣ маро ба занӣ мегирад? Бо чунин саволҳои бешумор баъди як муддат боз ба кор баромадам. Ҳамкорону дугонаҳоям ҳолати ногуворамро дида, саломатиамро мепурсиданд. Чанд вақт пеш тарсиданамро баҳона карда, аз суҳбаташон мегурехтам.
Аз миён ду моҳ гузашт. Як бегоҳ чун ҳарвақта аз кор бармегаштам, ки дар роҳ аз пешам Мусъаб пайдо шуд. Бо ӯ ҷангро сар кардам. “Ин чӣ кори кардагиат буд, лаънатӣ? Чаро маро шарманда кардӣ? Аз ман чӣ мехостӣ?”, - гуфта мепурсидаму мегиристам. Мусъаб бошад бо табассум маро ба оғӯш гирифта, ором сохту баъд ба гап сар кард.
Давом дорад ...
P. S: Идомаи қиссаро пагоҳ соати 21:00 аз сомонаи мо мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД