Arzon march 2024
Мусиқӣ дар табобати саратон ёрӣ мерасонад
14.05.2023
ОИЛА
507


Оҳангҳои орому дилнишин метавонад саратонро табобат кунад. Инро олимони Донишгоҳи Дрексел (Филаделфия, ИМА) муайян карданд.

Маълум шуд, ки гӯш кардани композитсияҳои мусиқӣ вазъи равонии беморро беҳтар сохта, раванди сиҳатшавӣ ва барқароршавиро метезонад. Дар тадқиқот тақрибан 3 ҳазор ихтиёрии гирифтори саратон ширкат варзид. Ҳангоми гӯш кардани мусиқии ором: классикӣ, ҷаз ва халқӣ фишори хуни беморон паст шуда, нафаскашӣ мӯътадил гардид ва ҳолаташон рӯ ба беҳбудӣ овард.

Муаллифи тадқиқот Ҷок Брэдт қайд кард, ки олимон таъсири мусиқиро дар беҳтар кардани вазъи беморон ҳанӯз исбот накардаанд, аммо аллакай воридсозии терапияи мусиқӣ дар табобати беморони саратон ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ тавсия дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД