formula
Мӯйсафеди соҳиби 40 ҳунар
721

Нуриддин Раҳмонови 90-соларо хурду калони Истаравшан мешиносанду эҳтиром мекунанд. Зеро ин марди ҳунар солҳо дар тӯю маъракаҳои мардум ош пухта, ба қавле дар хизмати халқ асту бо дуои халқ сарсабз гаштааст.

Ин рӯзҳо ҳарчанд қаҳрамони мо нафақахӯр аст, вале шогирдонаш, ки аз вай ошпазиро омӯхтаанд, дар рӯзҳои ид аёдаташ намуда, барои боз ҳам хушмазза шудани ош маслиҳату машварат ва як каф дуои ин пири корро мегиранд. Ин бор мо ба хонандагони сомонаи “Оила” зиндагии ҷолиби ин ошпази машҳури Истаравшанро қисса мекунем.

Дар замони Шӯравӣ аксарият дар колзозҳо кор мекарданд. Нуриддин Раҳмонов ҳам солҳо дар колхоз бригадиру табелчӣ шуда, фаъолият кардааст. Ӯ дар ин баробар, бо ҳунари ошпазӣ машғул буд. Дастони бомаззаи ӯ дар Истаравшан шуҳрати беандоза дорад. То имрӯз мардуми ин диёр аз дастони моҳири ӯ ёд мекунанд. Қаҳрамони мо дар бораи чӣ тавр ба ошпазӣ рӯй оварданаш чунин қисса кард:

Таърихӣ омӯхтани ҳунари ошпазиам хеле аҷиб аст. Мо пештар дар чойхона ҳамроҳи рафиқон ош мехӯрдем. Рӯзе нафаре, ки доимо бароямон ош мепухт, шикоят кард, ки вай фақат ош мепазаду аз ин кор хаста шудааст. Бинобар ин, ҳар рӯз ба наздаш барои ошхӯрӣ омада, пинҳонӣ сири ошпазиро омӯхтам. Аввалин оши пухтаам хеле болаззат баромад. Оҳиста -оҳиста ба тӯю маъракаҳо мардум маро даъват мекардагӣ шуданд. Дар баъзе маврид то 100-120 кг биринҷро ош мепухтам”, - изҳор дошт бобои Нуриддин.

Ҳамин тавр ошҳои пухтаи бобои Нуриддин миёни мардум шуҳрат пайдо кард. Аксарият мехостанд дар рӯзи хурсандӣ ва тӯю маъракаҳояшон бобои Нурридин ош пазад. Баъзеҳо ҳатто наздаш меомаданду сиру асрори оши болаззаташро мепурсиданд. Бархеи дигар фарзандонашонро оварда, наздаш ба шогирдӣ мегузоштанд, то ҳунари ошпазиро омӯзанд.

Ҷавонони зиёде дар наздам ба шогирдӣ истодаанд. Ман ба онҳо тарзи пӯхтани ошро меомӯзондам. Аз ошпаз чӣ мемонад? Номаш! Ҳамин номро шогирдон зинда медоранд” - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Воқеан, ин рӯзҳо шогирдони зиёдаш, ки миёни мардум ҳамчун ошпази моҳир ном баровардаанд, бо ифтихор мегӯянд, ки "мо шогирди бобои Нуриддинем”.

“Ба як мард чил ҳунар кам” гуфтагӣ барин, аз ҳар панҷаи бобои Нуриддин ҳунар мерезад. Ӯ табелчӣ, бригадир, қассоб, ошпаз ва маҳсидӯз шуда, фаъолият кардааст. Ҳамзамон, дар омода кардани тарҳи лоиҳаи нави бинои масҷиди таърихии деҳаи Сари Мазор саҳм гузоштааст. Ба қавле то андозае аз ҳунари лоиҳакашӣ низ огоҳӣ дорад.

Нуриддин Раҳмонов барои меҳнатҳои пурсамараш ҳанӯз дар замони Шӯравӣ бо ордену сипосномаҳои зиёд қадрдонӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД