Arzon march 2024
Намози қасрамро дар кадом хонаам хонам?
683

 

Оилаам дар хонаам, ки дар масофаи зиёда аз 100 км дуртар аз шаҳри Душанбе қарор дорад. Кору зиндагии ман бошад дар пойтахт буда, иҷоранишин мебошам. Реҷаи кории ман гуногун аст.

Гоҳе панҷ рўз дар шаҳр мемонам ва ҳафтае беруни шаҳр бо масъалаҳои корӣ банд мешавам. Гоҳе то ду ҳафта низ дар шаҳр мемонам. Мегуфтед, ки ман намози сафарамро дар куҷо гузорам?

Хуршед, хонандаи Оила ТҶ

Ба ин савол намояндаи Раёсати фатво чунин посух гуфт:

Бародари азиз, масофаи қаср 120 км муқаррар шудааст, аз ин рў, агар масофаи байни хонаи шумо то шаҳр аз ин миқдор кам бошад, шумо мусофир ҳисоб намешавед, дар аснои сафар дар роҳ ва ҳам дар шаҳр намозро пурра мегузоред.

Агар масофа 120 км ё зиёда аз он бошад, бояд намозро дар роҳ қаср хонед, аммо дар шаҳр намозро вақте қаср мехонед, ки нияти иқомати камтар аз ду ҳафтаро дошта бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД