arzon replenishment
НАРАКҲО АЗОБАМ МЕДИХАНД
1604


Ҳамеша дар рӯям наракҳои гулобӣ пайдо мешаванд. Чизе кӯмакам намекунад… Ҳар бори худро дар оина дидан асабам якбора аз дидани “дефект”-ҳои дар рӯямбуда вайрон мешавад. Сабабҳои пайдоиши наракҳо дар чист? Аз онҳо чӣ гуна халос шавам?
Мавлудаи Назир,
донишҷӯи 24 сола.

Маслиҳати «Мадади Сино»:
Наракҳои гулобӣ дар рӯйи занон бештар ҳангоми халалёбии ҳормонҳо ва бемориҳои кӯҳнашудаи ЖКТ падид меоянд. Бе табобати органҳои дарунӣ нест кардани наракҳо дар рӯй номумкин аст. Барои он ки бемориатон ба маънии томаш ба эритем мубаддал нагардад, аз маслиҳатҳои духтури таҷрибадор бархӯрдор гардед. Шумо ҳамчунин, метавонед аз якчанд мутахассис маслиҳатҳо пурсед. Агар сигоркаш бошед, онро партоед, машрубот нанӯшед, нӯшокиҳои гарм, хӯроки тунду шӯр нахӯред. Ҳамаи ин рафти беморӣ ва табобатро душвор мегардонад. Ба номгӯи хӯрокиатон бояд ҳатман маҳсулоти растанигӣ ва ширӣ дохил намоед. Барои диагнози дуруст гузошта, инфексияи стафилоккокро муайян кардан, дерматолог шуморо ба тадқиқоти бактериологӣ мефиристад. Баъдан, ЖКТ-ро санҷида ва дар ҳолати зарурӣ барои муайян кардани ҳормонҳо хуну пешобатонро аз муоина гузаронед. Танҳо дар асоси хулосаи муоина духтур барои шумо табобат муайян мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД