Arzon march 2024
Найрангҳои марди занҷаллоб (қисми 4)
1909

 (Идомаи қисса)

Пас аз гирифтани тӯмор авзои Бибихол дигаргун гашта монд. Хотирпарешону дамдузд гашта буд ва қариб, ки бо касе аз аъзоёни хонадон гап намезад.

Мудом малулу ғамгин мегашт. Модараш сабаб пурсад, мегуфт, ки тамоми вуҷудаш месӯзад ва бегоҳирӯзиҳо худ аз худ чунон гарм мешавад, ки хаёл мекунад дар дарунаш гулхан афрӯхтаанд. Аҷибаш он буд, ки таб намекард. Касе сабаби оташ гирифтанашро намефаҳмид.

Дар ин миён модари Бибихол боз чанд бори дигар ба хонаи мулло Насрулло барои кушодани дари бахти духтараш рафта, тӯмору таштобҳои зӯр овард. Аҷибаш он буд, ки баъди бахтикушо кардан пою қадами ягон-ягон хостгорони бо нияти Бибихол ба даргоҳи падараш меомада низ аз ин хонадон канда шуд. Дигар касе намепурсид, ки дар ин хона ҷавонзани бе шавҳар ҳаст ё нест. Бибихол, ки пештар аҳён-аҳён ҳамроҳи модараш ба хонаи мулло Насрулло мерафт, рӯз то рӯз бе сабру қарор гашта бо ҳар баҳона тез-тез ба назди мулло мерафтагӣ шуда монд. Мулло аввалҳо танҳо бо тамошои ҳусну ҷамоли ҷавонзани бадбахт қаноат мекард, вале баъдан далертар шуда, гоҳо ба мӯю гоҳи дигар ба пешобағали бардамидаю зебояш даст мебурд. Бибихол дар қаъри дилаш ба ин мӯйсафеди занбоз нафрат дошт, дастони пурожанг, қомати ҳамида ва риши ғулии мулло Насрулло ғашашро меоварданд, вале аз чи бошад, ки ҳангоми сӯяш даст дароз кардани ин пири фартут дамаш дарун ғалтида, шалу гунг шуда мемонду муқобилият карда наметавонист. Ҷавонзани бечора он қадар сахт дар банди ҷоду печида буд, ки қудрати лому мим гуфтан надошт ва мулло бо ӯ ҳар чи мехост, мекард ва як рӯз қариб монда буд, ки номусашро доғдор созад.

 


Бибихол духтари сарвқаду камонабрӯи барф барин сап-сафед буд ва талабгорони зиёд дошт, аммо аз сари кибру ғурур ба тамоми ҷавононе, ки ба хонаашон хостгор мефиристоданд, дарҳол ягон айбу гуноҳ мемонд.

Wa98n4X3TxrZ1xj36VMJT6axmHrft5eF6HTdFwXP


 

Найранги муллои духтарбоз

Ҳамон рӯзи шум мулло Насрулло Бибихолро аз ҳама охир, баъди гусел намудани тамоми мизоҷонаш қабул карда, гуфт, ки барои пурра кушодани қулфи бахташ дар байни ду синааш сураҳоро навиштан лозим аст. Бибихол аввал розӣ нашуд, вале мулло пичир-пичиркунон зери лаб ким-чиҳо хонда ба бадани вай куфу суф карду сипас таъкид намуд, ки агар ин корро накунанд, як умр бе шавҳар мемонад. Ҷавонзани сиёҳбахт аз тарси умре дар хонадони падар монда, таънашунави янгаҳо гаштан ночор чашмонашро пӯшида домони куртаашро андаке бардошт. Мулло бо чашмони барқпош бадани пахта барин сап-сафеди Бибихоли ҷавону зеборо харидорона аз назар гузаронд ва пайкарашро ламс карда истода зери лаб пичиррос зад: “Хуш ба ҳоли марде, ки чунин боғи пур аз гулу ёсуману сумбул насибаш мешавад!” Бибихол қариб гирён шуда, зорӣ намуд, ки ӯро беш аз ин шарм надоронда, тезтар сураҳои заруриро нависад. Мулло лабханд зада гӯё кӯшиши навиштан кард, вале кораш барор нагирифт. “Навишта намешавад, куртаатро ҳам каш” гӯён, мулло Насрулло Бибихолро маҷбур кард, ки урён шавад. Вақти навиштани сураҳо ҳисси шаҳвонии мулло ба ҷӯш омада худро болои ҷавонзан афканд, вале Бибихол ӯро ба шаст тела зада аз худ дур намуду бо садои гиряолуд гуфт:

-Ақаллан аз худо шарм доред, домулло, охир шумо худатон ба дигарон панд медиҳед, ки зино бадтарин гуноҳ дар назди Парвардигори олам аст. Илтимос, ҳам ману ҳам худатонро ба азоби дӯзах гирифтор насозед!

Мулло Насрулло шарм дошт ё гуноҳи нобахшиданӣ будани зино пас аз шунидани ин суханони ҷавонзан ба ёдаш расид, ки пайкари гулранги Бибихолро раҳо карда, бахшиш пурсид ва пичиррос зад:

-Рост мегӯӣ, нозанин, ҳар корро бо ризоияти худованд кардан лозим аст. Чаро асалеро, ки бо роҳи ҳалол ба даст меояд, ҳаром карда хӯрем. Ин боғи биҳишт иншооллоҳ бо инояти Офаридгор насиби банда хоҳад гашт.  

Арӯси мӯйсафед

Як бегоҳирӯзӣ Бибихол ош пухт. Аҳли оила нав дар сари хон нишаста буданд, ки дар тақ-тақ шуд. Садриддин, бародари Бибихол дарвозаро кушода як гуруҳ меҳмонони нохондаро дид, ки дар байнашон мулло Насрулло ҳам буд. Аз ташрифи ногаҳонии мулло ва муридонаш ба ҳайрат афтода бошад ҳам, Садриддин сир бой надода меҳмонҳоро ба хона таклиф кард. Мулло Насрулло ва ҳамроҳонаш аз одамони обрӯманди деҳа ба шумор мерафтанд, аз ин хотир аҳли оила дарҳол ба пешвозашон бархоста меҳмонони олиқадрро ба меҳмонхона дароварданд ва дар наздашон дастурхони пур аз нозу неъмат густурданд. Пас аз он, ки ошро баҳ-баҳкунон хӯрданд, яке аз меҳмонон мақсади омаданашонро баён намуда, Бибихолро барои мулло Насрулло хостгорӣ кард. Ҳама аҳли оила хуб мефаҳмиданд, ки ин мӯйсафеди пояш ба лаби гӯр расида ба Бибихоли нозанин муносиб нест, вале ба даҳонашон гӯё қулф зада бошанд, чизе гуфта натавонистанд. Аҷибаш он буд, ки худи Бибихол низ ин хостгориро рад накард...

(Идомаашро пагоҳ, соати 21.00 интизор бошед!)

Гулнисои Ҳикматулло

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
... 2019-10-13, 22:03
Масхара дорен чи ду рузай повтор менависен...
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
... 2019-10-13, 22:03
Масхара дорен чи ду рузай повтор менависен...
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД